Хабарҳо
Аз иҷроиши Барномаи вилоятии “Соли 2016 – Соли фарди солим” изҳори қаноатмандӣ карда шуд - 20.01.2017 16:27
Семинари омӯзишӣ барои роҳбарони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби шаҳру ноҳияҳо - 20.01.2017 12:16
Ҳамоиши ҷавонони фаъол дар ноҳияи Деваштич - 20.01.2017 10:50
Зариф Мирдадо: Варзишгарони ноҳияи Ашт соли гузашта 412 медал ба даст оварданд - 20.01.2017 10:14
Рӯзи ягонаи ахбор: “Паёми Пешвои миллат – раҳнамои ҷомеа ба ояндаи дурахшон” - 20.01.2017 09:01
Баргузории семинари бозомӯзӣ барои кишоварзон дар ноҳияи Спитамен - 20.01.2017 08:41
Идомаи мулоқотҳо ҷиҳати тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар Конибодом - 20.01.2017 08:38
Таъсиси 26 нуқтаи хизматрасонии техникӣ барои кишоварзон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 20.01.2017 08:34
Мулоқот дар қисми ҳарбии 051056 ҷиҳати тавзеҳи Паёми Пешвои миллат - 19.01.2017 14:11
"Баланд бардоштани самараи иқтисодии соҳаи кишоварзӣ ва афзун намудани боздеҳи замин” – семинар барои кишоварзон - 19.01.2017 13:50

Муовини аввали Раиси вилоят

( 19 Овоз )
Раҳматзода Рустам Мирзо

Раҳматзода Рустам Мирзо

Муовини аввали Раиси вилояти Суғд

Иттилоот барои робита:

735700 Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев, 45.

Тел: (3422) 4-66-22

Раҳматзода Рустам Мирзо 7 майи соли 1963 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1985 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва 1994 донишгоҳи мазкурро бо ихтисосҳои муаллими фанни риёзӣ ва иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ба сифати муҳандис-барномасози маркази ҳисоббарории ҷумҳуриявии Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба таъминоти моддӣ ва техникии шаҳри Душанбе оғоз кардааст.

Солҳои 1988-1990 молшиноси калони муассиса доир ба таъминоти ангишти Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти моддӣ-техникӣ, солҳои 1990-1991 ин муассиса, солҳои 1991-1993 сармутахассиси шӯъбаи иқтисод ва молияи мудирияти корҳои кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1993-1995 сармутахассиси шӯъбаи иқтисод ва молияи мудирияти Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, cолҳои 1995-1996 cармутахассиси шӯъбаи иқтисодии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1996-2002 муовини сардори шӯъбаи молиёт, буҷа, назорати арзии Раёсати иқтисодиёти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2002-2006 муовини вазир – сардори Департаменти сиёсати саноати Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва cолҳои 2006-2009 муовини раиси шаҳри Душанбе буд.

Мавсуф ҳамчунин дар вазифаҳои раиси ноҳияи Айнӣ ва ноҳияи Зафаробод фаъолият бурда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 июли соли 2014 то 26 августи соли 2015 дар вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» кор кардааст.

Мавсуф аз августи соли 2015 дар мувофиқа бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Раиси вилоят таъин шудааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: ИДОРАИ ДАВЛАТӢ Муовинони Раиси вилоят Муовини аввали Раиси вилоят