Хабарҳо
Паёми телевизионии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи ҷавонон - 23.05.2017 10:04
Суғд: Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 23.05.2017 09:56
Дар ноҳияи Мастчоҳ 38 ҳазор ҷавонон кору зиндагӣ доранд - 22.05.2017 10:38
“Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон” – таҳти чунин унвон дар Ашт марафони велосипедронӣ доир шуд - 22.05.2017 10:35
Хуҷанд: Иштироки беш аз 500 нафар сокинон дар веломарафон - 22.05.2017 10:32
Баргузории чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” - 22.05.2017 10:28
Баргузории Фестивал-озмуни "Гулдухтарони суғдӣ"/АКСҲО/ - 22.05.2017 08:52
Иштироки беш аз 84 000 нафар сокинони вилояти Суғд дар чорабинии варзишии Рӯзи Дави миллӣ - 22.05.2017 08:32
Баргузории Рӯзи Дави миллӣ дар Суғд/АКСҲО/ - 21.05.2017 13:44
Ба диққати шаҳрвандон ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳо! - 19.05.2017 14:55

Шӯъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон

( 14 Овоз )

Мудир: Шарифзода Абдуҳафиз

Иттилоот барои робита: 735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, хиёбони Р. Набиев 45, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ошёнаи 1, утоқи 110.

Тел: (+99283422) 4-65-24

Вазифаҳои асосии шӯъба чунинанд:

— ба вазифаҳои  шӯъба таъмини хуқуқии фаъолияти дастгоҳи  Раиси вилоят, низоми ягона, такмил додани шакл ва услубҳои кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи низомномаи мазкур маҳсубанд;

— барои татбиқи фаъолияти худ Шӯъба  тадбирҳои зеринро анҷом медиҳад;

— дар самти таъмини ҳуқуқи фаъолияти Раиси вилоят ва дастгоҳи Раиси вилоят;

— санҷиш ва таҳлили қарору фармоиш ва дигар санад ҳуқуқие, ки барои баррасӣ ба Раиси вилоят пешниҳод мешаванд, инчунин лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоятро дар хусуси мувофиқати онҳо ба қонгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад;

— бо супориши Раиси вилоят маводҳои таҳлилиро доир ба масъалаҳои амалияи ҳуқуқӣ, вазъи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба онҳо омода ва пешкаш менамояд;

— бо мақомоти марказии иҷроия ва дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ дар омода намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба манфиатҳои маҳаллӣ алоқаманд, ҳамкорӣ менамоянд;

— бо супориши Раиси вилоят ба ҳуҷҷатҳо, муроҷиатҳои  шаҳрвандон ва шахсони ҳукукӣ, ки ба унвони шӯъба ворид мешаванд, хулоса ва ҷавобҳои дахлдор пешниҳод менамояд;

— тибқи тартиби муқаррарнамуда дар омода намудани хулосаҳои ҳуқуқӣ ва пешниҳодот ва лоиҳаҳои қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикситон ба унвони Раиси вилоят ирсол кардаанд, ширкат меварзад;

— бо супориши Раиси вилоят барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои дастгоҳи Раиси вилоят дар мақомотҳои судӣ ва дигар мақомотҳои дахлдори ҳокимияти давлатӣ тибқи ваколатнома намояндагӣ мекунад;

— ба сохторҳоии ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят доир ба масъалаҳои фаъолияти ҳуқуқӣ кӯмак мерасонад;

— таҷрибаомӯзии мутахассисони ҷавон ва донишҷӯёни мактабҳои олии вилоятро аз рӯи тахассусӣ ҳуқуқӣ, ки ба дастгоҳи Раиси вилоят роҳхат гирифтаанд, мегузаронад;

— якҷоя бо муассисаҳои илмӣ ва махсусгардонидашуда дар таъсис додани шабакаи иттилоотии ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ хизматчиёни давлатӣ иштирок менамояд;

— таъминоти иттилоотиву маълумотдиҳии дастгоҳи Раиси вилоятро доир ба масъалаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ба роҳ мемонад;

— дар кори комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ доир ба масъалаҳои омода намудани пешниҳодот, ҷиҳати такмили конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон низоми ҳокимияти  ва сохтори маҳалли ҳокимияти давлати вилоят ширкат меварзад;

— санҷиши фаъолияти  сохтории дастгоҳи Раиси вилоят ва мақомоти ҳокимияти давлатии вилоятро аз рӯи масъала ба салоҳияти шӯъба мансубдошта, ташкил ва мегузаронад;

— дар самти таъмини баррасии муроҷиатҳои  шаҳрвандон тибки тартиби мукарраргардида бо низоми муттамарказонидашуда қабул қайд барои иҷроиш супоридан ва тибқи  супоришот оид ба баррасӣ ба шахсони мансабдори дахлдор фиристонидани муроҷиатҳоро таъмин менамояд;

— назорати иҷроиши саривақтӣ ва дурусти супоришҳои  Раиси вилоятро доир ба баррасии муротҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони  сохторҳои дастгоҳи Раиси вилоят мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, инчунин дигар шахсони мансабдори давлатӣ ба амал мебарорад;

— рӯзҳои кабули шаҳрвандонро аз ҷониби Раиси вилоят ташкил ва мегузоранд, инчунин назоратро аз қабули шаҳрвандон аз ҷониби дигар шахсони масъули дастгоҳи Раиси вилоят ба роҳ мемонад;

— таҳлили муроҷиатҳои  шаҳрвандонро ки ба унвони Раиси вилоят ирсол шудаанд ба роҳ монда, гузоришҳои дахлдорро ба Раиси вилоят пешниҳод менамояд;

— корҳои  иттилоотию маълумотдиҳиро вобаста ба муроҷиатҳои  шаҳрвандон тибқи тартиби муқарраргардида иҷро менамояд;

— тибқи қонунгузории маълумотдиҳии фаврӣ ва даврагиро ба Раиси вилоят оид ба теъдод ва хусусиятҳои муроҷиатҳои шаҳрвандонро ба амал мебарорад;

— дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохтории дахлдори дастгоҳи Раиси вилоят бо мақсади равшан намудани натиҷаи  баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон тавассути воситаҳои  ахбори умум маводҳои  дахлдорро омода месозад;

— аз рӯи маводҳое, ки дар натиҷаи назорати иҷроиши супоришҳои Раиси вилоят ба даст оварда мешаванд ва бо ҳолати интизомӣ, иҷроия дар воҳидҳои сохтории дастгоҳ Раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят алоқаманд гузориш дахлдорро ба унвони Раиси вилоят пешниҳод менамояд;

— ҳифз, мукаммалгардонӣ ва муаӣян намудани арзиши ҳуҷҷатҳои вобаста ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандонро барои ташкили нигоҳдории ва истифодаи минбаъдаи онҳо таъмин месозад;

— парвандаи муроҷиатҳои шаҳрвандонро ташкил менамояд ва он дар давоми мӯҳлати  муқарраргардида нигоҳ медорад;

— тибқи тартиби муқарраргардида ба нигоҳдории бойгонии давлатӣ супоридани ҳуҷҷатҳои дахлдорро анҷом медиҳад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Дастгоҳи Раиси вилоят Шӯъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон