Хабарҳо
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд - 22.08.2019 19:38
Оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» - 23.08.2019 09:02
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 09:17
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Файзбахш»-ро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд - 23.08.2019 09:20
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулл дар ноҳияи Ҷаббор Расулов туҳфаҳои идона тақдим намуданд - 23.08.2019 09:23
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулли вилояти Суғд тӯҳфаҳо тақдим намуданд - 23.08.2019 12:29
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди равғани растании ҶДММ «ЗирвЭко»-ро мавриди истифода қарор доданд - 23.08.2019 12:28
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд - 23.08.2019 12:26
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 12:25
Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - 23.08.2019 12:23

Бахши сохтмон

( 1 Овоз )

Мудир: Аминҷон Бобоҷонов

Иттилоот барои робита: 735700 Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев, 45/432.
Тел: (3422) 4-07-54

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Ваколатҳои шӯъбаи сохтмон:

- барои татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи сохтмон, ҳамоҳанг намудани фаъолияти тамоми хадамоту ташкилотҳои сохтмонӣ, инчунин барои ҳалли дигар масъалаҳои марбутаи сохтмонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ҷорӣ менамояд;

- фаъолияти худро тибқи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ», санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят, қарору фармоишҳои Раиси вилоят ба роҳ мемонад;

- фаъолияти худро мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дастгоҳи Раиси вилоят, идораҳо, Раёсатҳо ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят анҷом медиҳад;

– таҳияи стратегияи рушди комплекси сохтмон, татбиқи он дар доираи барнома, лоиҳа ва чорабиниҳои сохавӣ;

– ташкили таҳлили маҷмӯавии фаъолият дар соҳаи комплекси сохтмон, таҳияи дурнамои рушди соҳа, андешидани тадбирҳо доир ба фаъолияти устувор ва рушди соҳа;

– таҳия ва татбиқи Барномаҳои мақсадноки вилоятӣ ва раванди гузаронидани ислоҳот дар соҳаи сохтмон;

– ташкили назорати мунтазами риояи талаботҳои ҳатмии стандартҳои давлатии сохтмон, шартҳои техникӣ, меъёр ва Қоидаҳои сохтмон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳаи сохтмон;

– мутобиқгардонӣ ва назорат аз болои фаъолияти ташкилоту муассисаҳои таҳти назорат қарор дошта;

– ҳамкорӣ баҳри таъмин ва баланд бардоштани истифодаи маводҳо, заминаҳои меҳнативу молиявӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, тараққиёти муҳити иҷимои дар ташкилоту муассисаҳои дар таҳти назорат қарор гирифта;

– танзими давлатии раванди инвеститсионии соҳаи сохтмон, муҳайё сохтани шароити мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ;

– фаъолияти соҳибкории хурду миёнаро дар соҳаи сохтмон ва саноати сохтмонӣ дар вилоят дастгирӣ ва мусоидат менамояд;

– ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба таблиғи сиёсати ягонаи давлатии сохтмон;

– лоиҳаи қарор ва маводҳо ба иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи вилоят омода менамояд;

– якҷоя бо Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят доир ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ, ҳалли масъалаҳои марбут ба сохтмон ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомотҳои дахлдор тадбирҳо меандешад;

– назорати иҷроиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Раиси вилоят ва интизоми иҷроияро дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои сохтмонро ба роҳ мемонад;

– фаъолияти ташкилоту муассисаҳоро аз санҷиш гузаронад, барои иҷроиш ба онҳо нисбати камбудиҳои ҷойдошта супоришҳо диҳад;

– бо роҳбарон ва мутахассисони сохторҳои дастгоҳи Раиси вилоят, дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, инчунин роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо доир ба масъалаҳои тааллуқдошта машварату ҷаласаҳо гузаронад;

– дар ҷаласаю машваратҳо, конфронсҳо ва мизи мудаввар, ки бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил ва гузаронида мешаванд, иштирок менамояд;

– тибқи тартиби муқарраршуда аз хизматрасонии муассисаҳои матбуотӣ истифода намояд, инчунин барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз воситаҳои алоқа, таҷьизотҳои нусхабардорӣ, чопӣ ва дигар воситаҳои ташкилӣ (оргтехника) низ истифода намояд;

- ба фаъолияти хизматии кормандони шӯъба роҳбари намуда вазифаҳои онҳоро муайян мекунад;

- кори шӯъбаро оид ба санҷида баромадани арзу шикоят ва дархостҳои шаҳрвандон назорат мекунад;

- фаъолияти ҳамкории шӯъбаро бо мақомотҳои иҷроияи ҳокмияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо, идораҳову кумитаҳо ва шӯъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамоҳанг месозад;

- дар тайёр намудани лоиҳаи ҳуҷҷатҳои барои дида баромадан дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва Раиси вилоят оид ба масъалаҳои фаъолияти ташкилотҳои сохтмон ва хоҷагии манзилии рифоии вилоят иштирок менамояд;

- шӯъбаро дар ташкилотҳову муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ намояндагӣ мекунад;

- оиди сохтмони иншоотҳои нав, таъмиру тармим дар шаҳру ноҳияҳои вилоят назорат мебарад;

- омӯзиши вазъи корҳо барои беҳтар намудани фаъолияти ташкилоту корхонаҳои таҳти назорат буда;

- лоиҳаҳои қарор ва маводҳои ба иҷлосияи вилояти аз рӯи масоиле, ки ба ваколати шӯъба шомиланд омода менамояд;

- дар ситодҳои вилоятӣ оиди рафти корҳои сохмонию – васлгарӣ, ободонӣ дар иншоотҳои муҳим иштирок мекунад;

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Дастгоҳи Раиси вилоят Бахши сохтмон