Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паём дар Конибодом

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Конибодом дар асоси нақшаи шӯрои вилоятӣ ва шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти ба номи Лоҳутӣ ва Эргаш Шарифов доир ба ташвиқу тарғиб ва расонидани нуктаҳои асосии Паëми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мулоқот баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъулини шӯрои вилоятӣ ва шаҳрии ҳаракати ҷамъиятӣ нуктаҳои муҳимтарини Сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ  доданд ва аз ҳозирин даъват карданд, ки Паёми Президенти мамлакатро дастури амал қарор дода, баҳри татбиқ намудани нишондодҳои он ҳиссагузорӣ кунанд.

Инчунин, дар пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили экстремизму терроризм муборизаи беамон баранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: АСОСӢ