Ҳашарҳои дастҷамъона баҳри баланд бардоштани маърифати экологӣ

( 0 Овоз )

Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо ҷалби донишҷӯёну устодони муассисаҳои олӣ, миёнаи махсус ва умумии шаҳри Хуҷанд ҳашари тозагии миҳити зист гузаронида шуд.

Ҳашарчиён асосан дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд иштироки фаъолона намуда, ин шоҳроҳи аҳамияти стратегидоштаро аз ҳамагуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо тоза намуданд. Дар ин ҳашари дастҷамъона беш аз 1000 нафар иштирок намуда, корхонаву ташкилотҳои қадди ин шоҳроҳ низ ба он саҳмгузорӣ карданд.

Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардида, дар баробари ин дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал ва иштирокчиёни шанбегӣ тозаю тамиз гардонида шуда, бехи ниҳолҳои сояафкан нарм карда шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин иқдоми мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар самти омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Наврӯзи байналмилал ва нақша-чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ амалӣ гардида, дар оянда низ силсилаи чунин маъракаҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

ШУМО ДАР: АСОСӢ