Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд

( 0 Овоз )

Санаи 13-уми феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо раванди корҳои ободониву созандагӣ аз наздик шинос шуд.

Раиси вилояти зимни боздиди корӣ дар маркази вилоят изҳор дошт, ки бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ саҳни бинои театри мазҳака – мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ободонӣ фаро гирифта шуда, худи бинои театр низ таъмир карда мешавад.

Барои саривакт анҷом додани корҳо дар назди шахсони масъул вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Хотиррасон мешавем, ки мазҳака – мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ яке аз иншооти муҳими соҳаи фарҳангии вилояти Суғд ба шумор рафта, солҳои зиёд аст, ки фаъолият дорад. Раиси вилоят дар ҳузури кормандони соҳаи фарҳанг, мутахассисони меъмориву шаҳрсозӣ ва дигар шахсони масъул аз нақш ва ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёт ёдоварӣ намуд.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Созмони миллали Муттаҳид 700 -солагии Камоли Хуҷандӣ таҷлил мегардад. Барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин ҷашн масъулин вазифадор шуданд.

Дастур дода шуд, ки бинои театр таъмиру навсозӣ гардида, шароити зарурӣ муҳайё карда шавад. Дар долони театр лоиҳаи чанде аз иншооти бунёдшаванда дар шаҳри Хуҷанд муарриф карда шуд. Тибқи нақша дар ду соҳили дарёи Сир меҳмонхона, тарабхона ва осоишгоҳҳои бренди сохта мешавад.

Роҳбари вилоят зарур шуморид, ки дар ин самт фаъолити Шӯрои шаҳрсозӣ тақвият дода шуда, ду соҳили дарёи Сир ба тартиб дароварда шавад. Дар иншооти ҷашние, ки корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст, вусъат бахшида шуда, дар мӯҳлати пешбинишуда ба анҷом расад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо вазъи кунунии мазҳака – мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз наздик шинос гардида, ҷиҳати дар сатҳи баланд тамиру навсозӣ гардидани бинои театр бо назардошти нигоҳдории санъати меъморӣ супоришҳои мушаххас дод.

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ бо маром идома дорад. Бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд аз ҷумлаи онҳост ва имрӯз корҳои сохтмонӣ дар он бо маром идома дорад.

Зимни шиносӣ ба Раиси вилоят маълумот доданд, ки айни замон ба корҳои сохтмонӣ беш аз 50 нафар сотхмончиён ҷалб карда шудаанд. Қобили кайд аст, ки сохтмони бинои нави табобатӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2018 оғоз ёфта буд.

Мувофиқи лоиҳа бинои нави табобатӣ аз таҳхона ва чор ошёна иборат аст ва фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят мебошад. Тавре, ки ба назар расид, корҳои таҳту ҳамворкунии саҳни марказ бо ҷалби техника ва қувваҳои корӣ ҷараён дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сӯҳбат бо масъулин қайд намуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд дар оянда бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда мешавад. Зеро беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ барои баланд бардоштани солимии ҷомеа мусоидат мекунад.

Ду соҳили дарёи Сир бояд ҳамеша тозаву зебо нигоҳ дошта шавад. Вале мавҷудияти хавопаймо, ба истилоҳ самолёт дар соҳили дарё ҳусни шаҳрро боз ҳам коста намудааст. Бо зикри ин нукта Раиси вилоят илова намуд, ки давоми солҳои охир аз сабаби бемасъулиятии соҳибмулкон ин ҳавопаймо таъмир ва рангу бор карда нашудааст.

Ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони масъул дастур дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудаи ин мушкилот ва кушода будани ду соҳили дарёи Сир ҷиҳати сайру гашти сокинон чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳангоми омӯзиши ин мавзӯъ маълум гардид, ки ҳавопаймо аз назари соҳибмулкон дур монда, ба гӯшаи фаромӯши рафтааст. Дохили он, ки як замон ҳамчун тарабхона истифода мешуд. Имрӯз бошад тирезаҳои шикаста ва дохили самолёт пур аз партов ба назар мерасад. Дар воқеъ ин макон ба таваҷҷуҳ ва ободонӣ ниёз дорад ва дар акси ҳол вазъи он аз ин бадтар мешавад.

Масъулини сохторҳои марбутаро зарур аст, ки ҷиҳати тоза нигоҳ доштани соҳили дарёи Сир тадбирҳои муассир андешанд. Дар маҳалаи 18-уми шаҳри Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқомати шинос гардид.

Бино аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Маълумот дода шуд, ки иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои муҳоҷирони экологӣ сохта мешавад. Дар умум 72 манзили истиқомати иборат аз 1,2,3 хуҷрагӣ бунёд мегардад.

Тавре маълум гардид, феълан ҳудуди 60 нафар коргарон ба кор ҷалб гардида, музди маошашон 2 ҳазор сомонӣ мебошад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки то ҷашни Ваҳдати миллӣ иншоот пурра омода гардад. Маълум мешавад, ки бори аввал аст, ки аз ҷониби Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои муҳоҷирони экологӣ хона бунёд карда шуда, онҳо бо манзили зист таъмин мегарданд.

Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибҳкори маҳаллӣ бунёд шудааст, шинос гардид. Дар сурати пурра ба истифода додани ин иншоот 40 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Тибқи лоиҳа дар ошёнаи якум маркази хизматрасонӣ, ошёнаҳои минбаъда барои меҳмонхона ва тарабхона пешбинӣ гардидааст. Дар корҳои сохтмонӣ 30 нафар ҷалб гардидаанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода зимни шиносоӣ изҳор дошт, ки соҳибкорони ватандӯст дар обод гардидани диёри худ саҳми арзанда мегузоранд. Барои тезонидани корҳои сохтмонӣ масъулин вазифадор гардиданд.

Имсол ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Вобаста ба ин Раиси аз Варзишгоҳи ба номи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дидан намуда, ҷиҳати ободу сарзабз намудани он масъулинро муваззаф намуд.

Ҳамзамон ҷиҳати баргузории чорабиниҳои варзишӣ бояд дар ин варзишгоҳ шароити зарури муҳайё карда шавад. Варзишгоҳи мазкур аз ҷумлаи бузургтарин иншооти варзишии вилоят дониста шуда, он бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. Барои ободу зебо ва дар ҳолати хуби кори нигоҳ доштани ин варзишгоҳ Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тамоми тадбирҳо андешида истодааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share