Шиносии Раиси вилоят аз фаъолияти корхонаи «Садаф»

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади огоҳӣ аз фаъолияти КВД «Садаф» ба минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз ин корхонаи дар гузашта номдор ошноӣ пайдо намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи воҳиди давлатии «Садаф» ҳанӯз соли 1979 дар асоси корхонаи «Радиосвяз»-и шаҳри Ростови Федератсияи Россия таъсис ёфтааст.

КВД «Садаф» дар оғоз аз сехҳои металлгудозӣ, механикӣ, инструменталӣ, механикӣ-электронӣ, васлкунӣ ва амсоли он иборат буд. Ҳоло дар ҳудуди ин корхона 11 адад корхонаҳои хурду бузург созмон ёфта, фаъолият мебаранд. Дар худи коргоҳи «Садаф» зиёда аз 60 намуди молу маҳсулоти соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва дигар соҳоти хоҷагии халқ истеҳсол шуда, шумораи кормандон беш аз 60 нафарро ташкил медиҳанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва корхонаи мазкур ҷиҳати эҳёи шӯҳрати қаблии коргоҳ, ворид намудани технологияи нав, роҳандозии сехҳои нави молҳои мавриди ниёзи мардум, омӯзиши талаботи бозор, самаранок истифода намудани майдони истеҳсолии коргоҳ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо корхонаҳои ҳамтои ватанию хориҷӣ маслиҳатҳо дода шуд, зеро дар ин самт замина вуҷуд дорад.

Дар ин рӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди КВД «Садаф» ниҳолҳои гуногуни ороишӣ шинонида, ба роҳбарияти корхона дастур дод то ба масъалаи тозагиву ободонӣ ва бунёди боғҳои мевадиҳанда дар ҳудуди замини корхона тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳа дастур дода шуд, ки ҷиҳати мумфарш намудани роҳҳои асосии минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хучанд бо ҷалби рохбарони корхонаҳои дар ин мавзеъ ҷойгирбуда тадбирҳо андешида шавад.

Инчунин Раиси вилоят аз ҳолати бади санитарии кӯчаву маҳаллаҳо ва берун аз таваҷҷӯҳ мондани масъалаи ободонӣ, ки ба истиқболи 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300-рӯзи меҳнати зарбдор дар вилояти Суғд  эълон шудааст, ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо супоришҳои қатъи дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: АСОСӢ