Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон

( 0 Овоз )

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Конибодом мулоқоти номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Ғафурҷон Ортиқов 20» Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагони ҳавза баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки санаи 1 - уми марти соли равон яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон баргузор мегардад. Номзадии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчун аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд якдилона пешбарӣ кард шудааст.

Вобаста ба шарҳи ҳол, фаъолияти меҳнатӣ ва барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакил, шахси боэътимоди номзад Бурҳониддин Ҷабборӣ баромад намуд. Маълумот дода шуд, ки Раҷаббой Аҳмадзода 16 - уми сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми Интститути химия - технологияи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россия фаъолияти кориашро соли 1993 оғоз намудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз соли 1994 то 2016 дар вазифаҳои масъулиятноки роҳбарикунанда, аз ҷумла раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, раиси шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ва раиси шаҳри Хуҷанд кору фаъолият доштааст. Аз моҳи марти соли 2016 то 2018 раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 13 - уми январи соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд ва аз санаи 8 - уми марти соли 2018 Раиси вилояти Суғд таъин гардид. Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад. Гуфта шуд, ки Раҷаббой Аҳмадзода бо медали ҷашнии 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ордени «Шараф» дараҷаи 1 мукофотонида шудааст. Дар идомаи суханронӣ аз барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Ғафурҷон Ортиқов 20» Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маълумоти муфассал дода шуд.

Гуфта шуд, ки нуктаҳои муҳими барномаи пешазинтихоботии вакил, пеш аз ҳама, аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаи интихоботии ҲХДТ сарчашма мегирад ва мақсад фарроҳам овардани зиндагии арзанда ба мардум аст. Изҳори боварӣ гардид, ки интихобкунандагон ҷонибдори номзади арзанда овоз медиханд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ки номзадиаш ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Ғафурҷон Ортиқов» пешбарӣ шудааст, барои эътимоду боварӣ изҳори сипос намуд.

Роҳбари вилоят аз нуктаҳо ва нишондодҳои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд кард, ки то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Конибодом иншооти зиёд, аз қабили корхонаҳои саноатӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, беморхона, мактаб, Боғи фарҳангиву фароғатӣ, сартарошхонаву ҳаммом ва монанди ин садҳо иншоот сохата мешавад.

Ҳамзамон, ба масъалаи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав таваҷҷуҳ равона мегардад. Ҳамаи кӯшиш ба он равона мешавад, то мушкилоту муаммоҳои мавҷуда саривақт бартараф шавад. Инчунин, таъмири роҳҳои мошингард низ дар нақша дошта шуда, рӯзҳои наздик роҳи асоии Ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов мумфарш хоҳад шуд.

Раиси вилоят илова намуд, ки дар баробари бартараф намудани муассисаҳои садамавӣ дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «20 - солаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва илмҳои дақиқ» тадбирҳои судманд амалӣ мегардад. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз барномаҳо ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ хотиррасон шуда гуфт, ки мақсади ин ҳизб хизмат намудан ба халқ аст. Ин аст, ки сафи аъзои ин ҳизби созандаву бунёдкор рӯз аз рӯз бештар гардида, фаъолони он дар амалӣ намудани ҳадафҳои олии давлату Ҳукумат саҳми арзанда мегузоранд.

Дар идомаи мулоқот интихобкунандагон ба номзад ба вакилии Маҷлиси вакилонии халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Ғафурҷон Ортиқов 20» Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба масъалаҳои мухталиф муроҷиат намуда, таклифу пешниҳоди худро ба миён гузоштанд.

Ҳар як таклифу пешниҳоди интихобкунандагон аз ҷониби номзад ба вакилӣ хуш пазируфта ва изҳори боварӣ шуд, ки дархости онҳо ҳалу фасл мешавад.


ШУМО ДАР: АСОСӢ