Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом

( 1 Овоз )

Дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Шӯҳрат Набиев дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38 бинои иловагӣ барои 264 нафар хонанда сохта мешавад.

Дар маросими гузоштани санги асос Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, зимни суханронӣ изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳ намуда, бунёди муассисаҳои навро амри зарурӣ донистанд.

Гуфта шуд, ки бунёди мактаби нав аз ҷониби соҳибкор иқдоми шоиста ва наҷиб мебошад. Зеро биноҳои МТМУ №38 солҳои зиёд аст, ки ба таъмир ниёз дошт. Маълумот дода шуд, ки дар вилояти Суғд бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёди беш аз 40 муассисаи таълимӣ идома дорад.

Зикр гардид, ки барои бунёди бинои иловагии мактаб ҳудуди ду милион сомонӣ маблағ равона шудааст. Раиси вилоят баён дошт, ки мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурии таълимӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастрас мешавад. Дар назар аст, ки варзишгоҳ, китобхона ва ошхона низ сохта мешавад. Соҳибкори ватандӯст Шӯхрат Набиев қайд намуд, ки супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кору фаъолият намуда, дар асоси ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат тасмим гирифтааст, бинои иловагии муассисаи таълимиро бунёд намояд. Ба назари ин соҳибкор ҳар нафари ватандӯст бояд дар бунёди чунин иншоот ва ободии ватани худ саҳмгузор бошад.

Сокинони Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ аз номи хонандагону омӯзгорони муассиса ба Пешвои миллат миннатдорӣ баён намуданд. Бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва пирони рӯзгордида ба бунёди бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38 санги асос гузошта шуд. Акнун бо бунёди бинои иловагӣ шароити таълиму тарбия беҳтар гардида, хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия хоҳад ёфт.

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилоят бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 - уми ба номи Бурҳон Фаррух шинос гардид, Тавре маълумот дода шуд, бинобар таъмирталаб будани бинои муассисаи мазкур, хонандагон айни замон дар бинои собиқ колхози Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди Энаҷон Бойматова ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бояд гуфт, ки аз сабаби муфлис гардидани колхози мазкур он ба фурӯш гузошта, ба мувозинаи шуъбаи маорифи шаҳр гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки ин бино пурра аз ҷониби мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом таъмир мешавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки корҳои таъмирӣ ҳарчи зуддат оғоз гардад ва дар доираи он ошхонаи замонавӣ ва дигар иншооти ёрирасон низ сохта шавад.

Дар шаҳри Конибодом корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё» ба фаъолият оғоз намуд. Зимни боздид аз ин корхона ба Раиси вилоят маълумот доданд, ки корхона муштарак буда, бо саҳми соҳибкори чинӣ ва соҳибкорони тоҷик ба кор андохта шудааст.

Айни замон дар корхона 70 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд, ки 90 дарсади онҳоро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Тавре маълум гардид, дар навбати аввал иқтидори истеҳсоли семент дар як шабонарӯз 300 тоннаро дар бар мегирад. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки дар доираи эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар бунёду бакорандозии чунин корхонаҳои саноатӣ хеле муҳим мебошад. Зеро дар баробари таъмини мардум бо ҷойи кор ҳаҷми истеҳсолот низ афзун мегардад.

Муассисони корхонаи сементбарорӣ барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба рушди соҳибкорӣ изҳори сипос намуда, аз нақшаву барномаҳои худ ҷиҳати бештар намудани ҳаҷми имтеҳслот, ворид намудани хатти нави истеҳсолӣ маълумот доданд.

Маълумот дода шуд, ки айни замон сементи корхонаи «Ориё» ба бозорҳои дохил ба фурӯш ва дар корхона барои истеҳсоли семент ашёи хом захира шудааст. Раиси вилоят таваҷҷуҳи масъулинро ба обод намудани атрофи корхона ва назаррас намудани нишондиҳандаҳо равона намуд.

Дар шаҳри Конибодом ба масъалаи бунёди боғҳои нав ва барқароркунии шуҳрати пешинаи боғдорӣ аҳамияти хоса дода мешавад. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар боғи навбунёд иштирок намуд. Дар заминҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Деҳаи обод» дар майдони ду гектар ниҳоли бодом шинонида шуд. Хоҷагидорон бо мақсади самаранок истифода намудани замин дар қатори ниҳолҳо картошка кишт намуданд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорон суҳбати самимӣ намуда, аз рушди боғу токпарварӣ ёдовар шуд. Маълумот дода шуд, ки танҳо соли гузашта дар вилоят ҳудуди 900 гектар боғу токзори нав бунёд шудааст.

Деҳқонону кишварзони шаҳр тасмим гирифтаанд, ки соли равон дар майдони даҳҳо гектар боғи нав, аз ҷумла 30 гектар боғи бодом бунёд намоянд. Ҳамчунин, аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ 200 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид мешавад. Баъди шинонидани ниҳолҳо мутахассисони соҳа тарзи дурусти буриши дарахтони шинонидашударо нишон доданд. Риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифодаи маслиҳати мутахассисони соҳа амри зарурӣ буда дар ин сурат сабзиши дарахтон таъмин мегардад. Дар дигар Ҷамоату деҳоти шаҳри Конибодом низ ба корҳои боғдорӣ ва бунёди боғоти нав таваҷҷуҳ равона мегардад.

Дар доираи эълон гардидани солхои 2019 - 2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷамоату деҳот боз ҳам ободу зебо хоҳад гашт. Бунёди иншооти гуногун бо мақсади таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум тибқи супоришҳои Пешвои миллат амалӣ мегардад. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом аз тарафи соҳибкори ватандӯст Зариф Тӯхтаев ду майдончаи варзишии футбол сохат шудааст. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо буридани лентаи рамзӣ ин майдончаҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре маълумот доданд барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ду иншооти варзишӣ бештар аз 400 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Раиси вилоят иқдоми соҳибкорро накӯтарин ва яке аз нишонаи ватандӯстӣ унвон намуд. Ин майдончаҳои варзишӣ  дар шафати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 сохта шуда, ба манфиати умум хоҳад буд.

Ҷавонони ҷамоати деҳот аз ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки минбаъд вақтҳои холигии худро бо машғул шудан ба варзиш мегузаронад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба наврасону ҷавонони варзишдӯст тӯб ва дигар лавозимоти варзишӣ ҳадя намуд.

Дар деҳаи Диловарони Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зани ҳунарманд, собиқадори меҳнат Дилбар Раҳматоваи 84 - соларо аёдат намуд. Номбурда беш аз 40 сол дар соҳаи саноати сабук фаъолият доштааст. Фарзанди ин модар дар солҳои барқароркунии сохти конститутсионӣ ҷони худро нисор намудааст. Роҳбари вилоят изҳор дошт, ки бо супориши Пешвои муаззами миллат чунин собиқадорони меҳнат мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ қарор мегиранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии чунин оилаҳо пайваста кӯмак мерасонад. Ба оилаи Дилбар Раҳматова низ кӯмаки моддӣ дасрас шуд.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят аз аҳволи собиқадори соҳаи маориф Маҳмудҷон Ғафуров низ бохабар гардид. Маҳмудҷон Ғафуров тӯли беш аз 20 сол ҳамчун директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38 фаъолият намуда, шогирдони зиёдро таълиму тарбия додааст. Раиси вилоят аз хизматҳои шоёни собиқадорон ёдоварӣ намуда, онҳоро намунаи олии ибрати дигарон донист. Маҳмудҷон Ғафуров барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуд. Ба оилаи аёдатшудагон кумакҳои моддӣ расонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Share