Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

( 0 Овоз )

Дар идомаи боздид аз шаҳри Хуҷанд Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода як қатор собиқадорони меҳнат, шахсони барӯмандро аёдат намуд. Санавбар Ҳомидоваи 81-сола солҳои тӯлонӣ дар соҳаи маориф ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шуда, имрӯз даврони пирӣ меронад.

Раиси вилоят ҳини шиносоӣ бо Санавбар Ҳомидова ва фаъолияти пурмашаққати ӯ дар соҳаи таълиму тарбия таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин шахсони фидоӣ ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумат қарор доранд. Санавбар Ҳомидова ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ сипос гуфта,  масъулонро бовар кунонд, ки ҳарчанд дар нафаа аст, дар оянда низ барои тарбияи насли навин ҳиссагузор хоҳад шуд.

Ҳамчунин худи ҳамон рӯз Раиси вилоят ба манзили зисти ходими ҷамъиятиву сиёсӣ, зани ҳалиму порсо, ташкилотчии моҳир ва инсони чашмикордон Биҳоҷал Раҳимова ташриф оварда, аҳволпурсӣ намуд. Аз суҳбат маълум гардид, ки нақши занон дар татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат, таълиму тарбияи насли наврас ва саҳми бештари онҳо дар корҳои ободониву созандагии мамлакат назаррас буда, пешрафту шукуфоии кишвар маҳз аз дастони муъҷизаофари занону бонувон сарчашма мегирад.

Қайд карда шуд, ки Биҳоҷал Раҳимова яке аз занҳои фаъоли мамлакат шинохта шуда, солҳои дароз дар мақоми роҳбарикунанда ифои вазифа намудааст. Боиси хурсандию сарфарозист, ки то ҳанӯз ҷавонони кишвар ӯро барои худ намунаи олии ибратпазирӣ дониста, пеш рафтани тамоми соҳаҳои ҳаётро марбут ба чунин нафарон медонанд.

Ҳамин тавр собиқадорону занони барӯманди шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, хоса Раиси он Раҷаббой Аҳмадзода мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ қарор гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Share