Рустам Каримзода

( 28 Овоз )

Муовини Раиси вилоят

Рустам Каримзода 4 марти соли 1972 дар шаҳри Бӯстон (Чкаловск) таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Донишгоҳи аграрии давлатии Молдавияро бо ихтисоси агроном-олим хатм кардааст.

Рустам Каримзода фаъолияти меҳнатиашро соли 1994 дар филиали Институти боғдорию сабзавоткорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшидааст. Мавсуф дар солҳои гуногун ба сифати ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири шуъбаи институти мазкур, муовини авали сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят, директори Муассисаи давлатии Маркази илми кишоварзӣ дар вилояти Суғд кор кардааст. Номзади илмҳои кишоварзӣ мебошад.

Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 феврали соли 2019 муовини Раиси вилоят таъин гардид.

ШУМО ДАР: АСОСӢ