2014 соли ҷустуҷӯ баҳри ободии диёр буд

( 5 Овоз )
2014 соли ҷустуҷӯ баҳри ободии диёр буд

Вилояти Суғд аз лиҳози имконоти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат мақоми хоса дошта, дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар саҳми арзанда мегузорад. Афзудани буҷети вилоят аз 140 миллиони соли 2006 то зиёда аз 1 миллиард сомонии соли равон худ тақвияти гуфтаҳои болост.

Соли 2014 ба охир мерасад ва он дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Суғд чӣ нақши муассире дошт? Ҷиҳати дарёфти посух ба ин ва дигар суолҳо хабарнигори «Ҷумҳурият» Ҷовиди Аштӣ бо Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ суҳбате дошт, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

- Соли 2014-ро, ки ба ҳукми таърих медарояд, метавон дар ҳаёти мардуми вилоят соли тараддудҳо, созандагиву бунёдкорӣ, соли ҷустуҷӯи роҳу усулҳои муосир ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва рӯзгори осоиштаи аҳолӣ арзёбӣ кард.

- Бале. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолияти худро баҳри амалӣ намудан ва татбиқи босифати Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2013 ва ҳангоми сафарҳои корӣ ба вилоят баён гашта, ҳуҷҷати «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015» ва дигар барномаҳои соҳавӣ равона намуд.

Ченаки болоравии рушди иқтисодӣ ва сатҳи зиндагии аҳолиро метавон аз иҷрои нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ ва ба буҷет ворид шудани 1 миллиарду 45,6 миллион сомонӣ, ки нисбат ба нақша 40,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад, мушоҳида кард.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят низ 103,9 фоиз таъмин гардид. Албатта, дар паси ин рақамҳо бунёди даҳҳо иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ истодаанд.

Вилояти Суғд чун минтақаи рушдёфтаи саноат эътироф шудааст, зеро дар ин ҷо наздик 600 корхонаҳои истеҳсолӣ бо шакли гуногуни моликият фаъолият дошта, дар рушди иқтисодиёт саҳми муассир мегузоранд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 3,4 миллиард сомонӣ баробар шуд. Рушди саноати вилоят дар 11 моҳ ба 130,2 фоиз расид. Шаҳру навоҳии Ашт, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Қайроққум, Шаҳристон ва Чкалов саҳми худро дар ташаккулёбии ҳаҷми маҳсулоти саноат афзоиш бахшиданд. Аз 555 корхонаҳои саноатӣ 388 корхона вусъати афзоишро нисбат ба соли 2013 таъмин карданд, ки ин раванд бебозгашт хоҳад буд.

Дар соли 2014 ба истифода додани 155 корхонаҳои нав бо 5003 ҷойҳои нави корӣ дар назар буд. Давоми 11 моҳ 164 корхонаҳои нави хурду миёна бо 3172 ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки асосан соҳаи саноати масолеҳи сохтмон, хӯрока, сабук, маъданҳои кӯҳӣ ва саноати сӯзишвориро дар бар мегиранд.

- Ислоҳоти пайгиронаро дар соҳаи кишоварзии вилоят дар кадом сатҳ арзёбӣ мекунед ва дар соли нахуст чӣ натиҷа бахшид?

– Нақши кишоварзон ҳамоно дар ташаккули маҷмӯи маҳсулот назаррас мебошад. Тибқи маълумоти омор ба ҳолати 1 декабри соли 2014 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 5 миллиарду 5,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар майдони 3063 гектар боғу токзорҳои нав бунёд гардиданд.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2022 тонна гӯшт, 6265 тонна шир ва 5294 ҳазор дона тухм зиёд истеҳсол ва саршумори чорвои калон 11119 сар, гӯсфанду буз 19572 сар ва паранда 119085 сар зиёд шуданд.

Дар самти татбиқи қарор «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд» аз 2932 хоҷагиҳои калонҳаҷм 35 ҳазору 859 хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ ва инфиродӣ таъсис дода шуданд.

28056 хоҷагӣ бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардид, шумораи саҳмдорон 148630 нафар ва шумораи саҳмдорони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта 3660 нафарро ташкил мекунад.

- Роҳҳои мошингард дар ҳаёти иқтисодии кишвар нақши чашмрас доранд, барномаи вилоятии “Соли 2014 - соли роҳҳои обод” то чӣ андоза татбиқи худро ёфт?

- Роҳҳои ҳамвор, мумфарш ва таъмиргашта аз ҷумлаи ченакҳои пешрафти иқтисодии ҳар мамлакат мебошанд. Аз ин рӯ, дар соли 2014 ба ин масъала таваҷҷуҳ бештар гашт. Дар доираи иҷрои барномаи вилоятии «Соли 2014-соли роҳҳои обод» 2826,4 км роҳҳои автомобилгард таъмиру тармим шуданд.

Бояд гуфт, ки дарозии роҳҳои мумфаршшуда нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 2,8 маротиба зиёд аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳар бори сафар ба манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ аз масъулон даъват ба амал меоваранд, ки роҳҳои маҳаллӣ низ таъмир гарданд ва ба ин самт соҳибкорон низ ҷалб шаванд. Дар сурати идома ёфтани чунин иқдом солҳои наздик аҳолии вилоят соҳиби роҳҳои хуб хоҳад шуд.

- Ташаббуси эҳёи ҳунарҳои мардумӣ: қолинбофии дастӣ, адрасбофӣ дар тамоми кишвар дастгирӣ ёфт ва дурнамои он то куҷо мусаффост?

- Рӯ овардан ба ин масъала бесабаб нест, зеро дар кишвар теъдоди зиёди бонувон соҳиби шуғле нестанд, ин дар ҳолест, ки миллати тоҷик дар дунё чун ҳунармандони асил маълуму машҳур аст. Аз ҷониби дигар, ҳалли масъалаи мазкур аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ дорад. Бо ин васила садҳо бонувон соҳиби ҳунар гашта, баҳри пешрафти рӯзгори оилавӣ саҳми муносиб мегузоранд. Ин ташаббус аз ҷониби Сарвари давлат ҷонибдории қатъӣ ёфт ва ҳоло дар тамоми Тоҷикистони азиз ҳунарҳои қадимии ниёгон марҳила ба марҳила эҳё мешаванд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ оид ба омӯзиши ҳунари қолинбофии дастӣ таъсис дода шуданд, 703 нафар ба ин ҳунар ҷалб ва 150 нафар соҳиби шаҳодатномаи Маркази таълимии истеҳсолии «Шероз» гардиданд. Дарвоқеъ, соли равон, дар ҷараёни сафари кории худ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ин марказ дидан карда, ба фаъолияти он баҳои баланд доданд ва пешниҳод гашт, ки ҷиҳати ҷалби бонувони дигар манотиқи кишвар ба ин марказ тадбирҳо рӯйи кор оранд.

Дар ин давра 3742 нафар занону духтарон ҳунари қолинбофии дастиро омӯхтанд.

Ба эҳё ва рушди сӯзанидӯзӣ низ таваҷҷуҳ бештар аст, ҳоло 3420 нафар духтарон ҳунари сӯзанидӯзӣ меомӯзанд.

- Афзоиши содироти маҳсулот дар кадом сатҳ қарор дорад ва ҷиҳати рушди он кадом омилҳоро бештар истифода бояд бурд?

- Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят бо кишварҳои дуру наздик 2223,3 миллион доллари ИМА - ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 20,9 фоиз зиёд мебошад. Ҳиссаи воридот зиёд аст. Содироти маҳсулот 395 миллион доллари ИМА – ро ташкил намуд.

Бо мақсади рушди савдои дохилию хориҷӣ дар асоси қарордод бо ширкати «Суруши байналмилал»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон 11-17 июни соли ҷорӣ бо иштироки ширкатҳои эронӣ дар «Қасри варзиш» - и шаҳри Хуҷанд намоишгоҳ - ярмаркаи «Тоҷикистон - 2014» ташкил шуд.

Инчунин 25 - 26 июн Ярмаркаи минтақавии савдо - «Суғд - 2014» сурат гирифт, ки дар он зиёда аз 100 корхонаву ширкатҳои вилоят маҳсулоташонро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Ширкатҳои хориҷӣ низ ҳузур дошта, оид ба ҳамкории дуҷонибаи судманд мароқ зоҳир карданд ва чандин шартномаҳои ҳамкорӣ ва тафоҳумномаҳо ба имзо расиданд, ки аз ҷумлаи омилҳои муҳим ҷиҳати афзоиш бахшидан ба содироти моли кишвар аст.

- Таъмини аҳолӣ бо қитъаҳои замин аз ҷумлаи мубрамтарин масъалаи рӯз маҳсуб меёбад ва ҷиҳати ҳалли он чӣ андешаҳо доред?

- Воқеан ҳам масъалаи мазкур дар ҳама давру замон аз мавзӯъҳои рӯз буда, баррасӣ ва ҳаллу фасли он таваҷҷуҳ мехоҳад. Хушбахтона, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва иқдому ғамхории бевоситаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала низ давра ба давра ҳалли худро ёфта, сокинони ниёзманди шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ барои бунёди манзил соҳиби қитъаи замин мешаванд. Барои дастрас кардани қитъаи замин аз номи 140 ҳазору 797 нафар сокинон ариза ворид гашта, баъди аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор доштан 104 ҳазору 615 нафар чун ниёзманд эътироф шуданд. То ин дам ба ниёзмандон дар майдони 7 ҳазору 961, 4 гектар замин ҷудо шуда, аз ин 7 ҳазору 549,9 гектар соҳибони худро пайдо кардаанд ва ин раванд ҳоло идома дорад.

Барои ҳалли ин масъала аз худ кардани зиёда аз 10 ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаи мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар назар аст. Ҳоло бунёди пойгоҳҳои обкашӣ идома дорад ва аз оғози соли нав тақсими замин ба он нафароне, ки ҷиддан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданианд, шурӯъ мешавад. Дар ин мавзеъ бунёди боғу токзорҳо бо истифодаи технологияи обёрӣ бо усули қатравӣ ҷараён мегирад.

- Наврӯзи байналмилалӣ дар соли 2015 дар қаламрави вилояти Суғд доир мешавад, омодагӣ оё дар сатҳи зарурист?

- Албатта, баргузории Наврӯзи оламафрӯз дар Суғди куҳанбунёд боиси ифтихору шодмонист ва ҳамзамон масъулияти басо ҷиддиро тақозо дорад. Дар ин самт омодагиҳо кайҳо оғоз ёфтаанд. Таҷдиди боғи фарҳангии ба номи Хоҷа Камол бо суръат пеш меравад. Наврӯзи 2015 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки тоҷикону ӯзбекон ва қирғизҳо оғоз меёбад. Дар он фолклори халқӣ, бадеҳахониҳо, умуман этнография бартарӣ хоҳад дошт. Сипас дар боғи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки адибону санъатварон идома меёбад. Оҳангҳои классикӣ бар ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ пешкаш мешаванд. Дар Қасри Арбоб наврӯзи кӯдакон, наврасон, ҷавонон таҷлил мегардад, дар он истеъдодҳои нав ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар Амфитеатр бозиҳои миллии тоҷикон, чавгонбозӣ ва гӯштӣ барпо мешаванд. Наврӯзи оммавӣ дар варзишгоҳ баргузор мегардад.

- Дар Соли нав ҳалли кадом масъала бештар таваҷҷуҳ мехоҳад?

- Дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Тадриҷан беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардум ва дар ин давра то 20 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон мебошад”. Фаъолияти сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ ба татбиқи ана ҳамин ҳадаф равона хоҳад шуд.

Бознашр аз сомонаи www.jumhuriyat.tj

ШУМО ДАР: АСОСӢ