Б. Юлдошев: Талафот ба маблағи 2 миллион сомонӣ ҳақгузорӣ шуд

( 0 Овоз )
Б. Юлдошев: Талафот ба маблағи 2 миллион сомонӣ ҳақгузорӣ шуд

Зимни мулоқоти Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо соҳибкорони аз сӯхтор зарардида ба масъулини филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дастур дода шуда буд, ки барои суғуртанамоии амволи шаҳрвандон эътибори ҷиддӣ дода шавад. Дар робита бо ин мо бо чанд суол ба директори филилали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар вилояти Суғд Болтубой Юлдошев муроҷиат намудем..

- Соли ҷорӣ бо мизоҷон чӣ қадар шартнома баста шуд?

- Филилали корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо филилалҳои шаҳру навоҳии вилоят баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси вилоят пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад. Мо аз дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсан Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ изҳори сипос менамоем. Имрӯзҳо зиёда аз 26 намуди суғуртаи ихтиёрӣ вуҷуд дорад. Аз он ҷумла суғуратаи ҳодисаҳои нохуш, суғуртаи сӯхтор, суғуртаи тиббӣ, суғуртаи хизматчиёни давлатӣ ва ғайра. Бояд қайд кард, ки имсол нақшаи солонаи суғуртанамоӣ 110 фоиз иҷро шуд.

Имсол мо бо шаҳрвандон, ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва мизоҷон 353 642  адад шартномаи суғуртавӣ бастем, ки ин нисбати соли гузашта 9000 зиёд аст. Инчунин дар ин сол барои талафоти гуногун бо муроҷиати 2808 нафар мизоҷон наздик 2 миллион сомонӣ ҳақгузорӣ карда шуд.

-  Барои бештар суғуртанамоӣ чӣ корҳое ба анҷом расонида мешавад?

- Мо бо филиалҳои шаҳру навоҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо ҳамкориҳои хуб дорем. То имрӯз дар КВД «Тоҷиксуғурта» 3 маротиба бо иштироки масъулин ситоди корӣ доир гардид. Дар ситоде, ки санаи 11 декабр бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма гузаронида шуд, роҳбарияти филиалҳои шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки ба роҳбарияти бозорҳо ҳамкории зичро ба роҳ монанд. Зеро имруз дар вилоят 131 адад бозорҳо вуҷуд доранд ва аз он 55 ададаш бозорҳои калон ҳастанд. Ҳамчунин ба ташкилоту идораҳои гуногун ба таври ҳамешагӣ барои суғуртанамоӣ мактубҳо ирсол менамоем, то барои суғуртанамоӣ ҳаракат намоянд. Суғуртанамоӣ барои ҳақгузории талафот амри зарурӣ аст ва агар шаҳрвандон ба ин аҳмият диҳанд, мо дар вақтҳои зарурӣ ба онҳо дасти кӯмак дароз менамоем. Имрӯзҳо мо бо шаҳру навоҳии вилоят, ки бозорҳои калон доранд, ҳамкориро ба роҳ монда, барои суғуртанмоии онҳо кӯшиш менамоем. Ба роҳбарияти бозорҳо мактубҳо фиристода мешавад то барои суғуртанмоӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

- Дар мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони аз сӯхтор зарар дида махсусан таъкид шуд, ки кор дар самти суғуртанамоӣ ҷоннок карда шавад. Баҳри иҷрои ин дастур чӣ корҳое ба сомон расонида мешавад?

- Дар мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони аз сӯхтор зарардида воқеан зикр шуд, ки барои суғуртанамоӣ бояд корҳои зиёдро ба сомон расонид. Дар ин мулоқот Раиси вилоят бо изҳори таасуф зикр карданд, ки агар масъулон дар вақташ барои суғуртанамоӣ андеша менамуданд, ҳоло имкони ҳақгузории он вуҷуд медошт. Бояд шаҳрвандон дар хотир дошта бошанд, ки вақте суғурта менамоянд, талафоташон ҳақгузорӣ мешавад. Ҳар як нафар бояд эътибор диҳад ки молу амволро суғурта намоянд. Имрӯз соҳибкорон дарк карданд, ки суғурта ҳаст. Масалан пас аз сӯхтор дар шаҳри Хуҷанд ҷамъияти саҳҳомии «Гулистон» амволи худро суғурта намудааст. Ин кафолати он аст, ки пас аз сар задани ҳодисаи нохуш қисман бошад ҳам талафот ҳақгузорӣ мешавад. Ҷоизи зикр аст, ки агар ҳаққи суғуртавии шартномавӣ аз 50 то 100 сомонӣ ва аз 200 то 500 сомониро дар бар гирад, мутаносибан масъулияти соҳаи суғурта аз 2000 то 5000 ва аз 10000 то 20000 сомониро ташкил медиҳад, ки ҳангоми рух додани ҳодисаи нохуш товони зарар ҳақгузорӣ карда мешавад.

- Сокинони кадом шаҳру навоҳӣ бештар амволи худро суғурта менамоянд?

Мо бо васоити ахбори омма ҳамкорӣ дорем ва ҳамеша таблиғ менамоем, ки шаҳрвандон сари ин масъала андеша кунанд. Барои ҷалби сокинон ба суғуртанамоӣ тариқи телевизиони вилояти Суғд, Азия, СМ-1, радиои Тироз барномаву роликҳои таблиғотӣ омода ва пахш мешаванд. Натиҷаи ҳамин корҳо аст, ки имрӯзҳо шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом дар самти суғуртанамоӣ фаъол ҳастанд. Ҳамчунин ба роҳбарияти филиалҳо супориш дода шудааст, ки барои суғуртанамоӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар маҳалҳо ҷоннок намоянд.

Мусоҳиб,
Р. Муҳаммад

ШУМО ДАР: АСОСӢ