З. Шарифова: Имсол 43 ҳазор нафар кам ба муҳоҷират рафтаанд

( 2 Овоз )
З. Шарифова: Имсол 43 ҳазор нафар кам ба муҳоҷират рафтаанд

Гуфтугӯ бо сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова

- Зайнура Шарофовна! Имрӯзҳо ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки шаҳрвандон пас аз харидани чипта огоҳ мешаванд, ки эшон аз кишвари мавриди назарашон ба мӯҳлатҳои гуногун хориҷ шудаанд. Оё барои огоҳ намудани онҳое, ки аз қаламрави кишвари дигар ихроҷ шудаанд, чи корҳое ба сомон расонида мешавад?

- Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ баъд аз таҷдиди сохторҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2013 ҳамчун як сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар вилоят ба фаъолият оғоз кард. Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд тибқи низомномаи бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, самтҳои фаъолияти худро муайян кард. Самтҳои асосии фаъолияти мо муташаккилона сафарбар кардани муҳоҷирон ба хориҷи кишвар, ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳудуди ҶТ, бо касбомӯзиву забономузӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ, кор бо ҳамватанони бурунмарзӣ ба ҳисоб меравад. Муаммои имрӯзаи муҳоҷирони меҳнатӣ манъи сафар ба Федератсияи Русия мебошад. Бо кӯшишҳои пайвастаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ махзани маълумоти ашхоси аз кишварҳои хориҷӣ (асосан Русия) ихроҷшуда ба Тоҷикистон ворид гардид. Чунин як махзан дар бинои Раёсати Хадамот низ вуҷуд дошта, шаҳрвандон аз он истифода мебаранд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд низ маркази хизматрасонии муҷаҳҳаз бо махзан таъсис дода шуд, ки аз он низ шаҳрвандон истифода мебаранд. Имрӯзҳо ҳамчунин дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят бахшҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират амал мекунанд, ки онҳо низ ба махзани маълумот дастрасӣ доранд ва сокинон дар маҳалли зисти худ низ тариқи махзан пеш аз сафар худро месанҷанд. Ин як кӯмак барои муҳоҷирон аст. Мо зимни баргузории силсиламулоқотҳо бо сокинон тавсия медиҳем, ки пеш аз сафар худро бисанҷанд. Истифода аз махзани маълумот имкон медиҳад, ки мо нафарони ихроҷщударо ба рӯйхат гирифта ба мақомотҳои маҳаллӣ ва корхонаҳои гуногун муроҷиат менамоем, то ин шаҳрвандон дар дохили кишвар бо ҷои кор таъмин шаванд. Мо ҳамчунин бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ дар вилоят ва Раёсати маорифи вилоят созишнома дорем. Ҳадафи ин созишнома ин аст, ки мо имрӯз муҳоҷири меҳнатии соҳибкасб ва забондонро ба кор сафарбар намоем то ӯ бо ҷои кори хуб таъмин шавад. Имрӯз хушбахтона Раёсати Хадамоти муҳоҷират фаъолияташро бо ҳамватанони бурунмарзӣ низ хуб ба роҳ мондааст. Зеро дар аксари вилоятҳои Федератсияи Русия намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ амал мекунанд. Шаҳрвандон дар ҳолатҳои зарурӣ ва пеш омадани мушкилот метавонанд ба намояндагиҳо муроҷиат намоянд.

- Барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии муҳоҷирон дар маҳалҳо чӣ корҳое ба анҷом расонида мешавад?

- Бевосита кормандони Раёсати Хадамот дар маҳалҳо рафта, бо сокинон доир ба масъалаҳои гуногуни муҳоҷират мулоқотҳо доир менамоянд. Ба ҷуз ин мо бо намояндагии Ташилоти байналмилалии муҳоҷират ҳамкории судманд оид ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дорем. Ҳоло бо лоиҳаҳои ин ташкилот дар се минтқаи вилоят марказҳои маслиҳатдиҳӣ фаъолият доранд. Ин марказҳо яке дар Хуҷанд, дигаре дар шаҳри Исфара ва сеюмӣ дар ноҳияи Айнӣ дар биноҳои бахшҳои Раёсати Хадамот ҷойгир буда, дар онҳо ба сокинон маслиҳатҳои муфид дода мешавад ва нисбати қонунгузориҳои Федератсияи Русия, ки аз моҳи январи соли 2015 пиёда мегардаду барои муҳоҷирони мо зарур аст, кӯмаки бевоситаи худро мерасонанд.

- Зимнан, чӣ тағироте дар қонунгузории Русия вобаста ба муҳоҷират сурат гирифтааст?

- Аз моҳи январи соли 2015 ба қонунгузории Федератсияи Русия тағиру иловаҳо ворид карда шуд. Ба хотири ин мо имрӯз чандин мулоқоту вохӯриҳоро бо сокинон дар шаҳру навоҳии вилоят доир намуда, оиди тағироти қонунгузорӣ дар Русия маълумот додем. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи тағиротҳо дар қонунгузории Русия сар аз соли 2015 муҳоҷирон тариқи тестӣ қабул карда шуда, забондонӣ ва муоширати онҳо, шаҳодатномаи касбӣ, таритиби ҳуҷҷатгузорӣ ва шиносномаи хориҷӣ санҷида мешавад.

- Дар ин замина барои забономӯзии муҳоҷирон бо сохторҳои марбута ҳамкорӣ доред?

-Дар самти забономӯзии муҳоҷирон дар ҷойҳо мо бо супориши роҳбарият бо омӯзишгоҳҳо ва литсейҳои касбӣ - техникӣ ва марказҳои таълимии калонсолон шартномаҳо дорем. Агар аз ҷониби омӯзишгоҳҳо забондониву соҳибкасбии муҳоҷирон таъмин шавад, мо бо воситаи субеъктҳои хоҷагидорие, ки тавассути литсензияи мо амал мекунанд, муҳоҷирони меҳнатиро ба кор дар хориҷа таъмин намуда метавонем. Тариқи субеъктҳое, ки муҳоҷиронро дар Русия бо кор таъмин мекунанд,  шаҳрвандони омода шуда аз рӯи талаботе, ки кордиҳанда дорад ба меҳнат фаро гирифта мешаванд. Ба назари мо дар бозори меҳнатӣ асосан мутахассиси соҳаи сохтмон даркор аст. Лекин ин категорияи одамон дар дохили кишвар низ заруранд. Зеро ҳамасола теъдоди зиёди иншоот бунёд мешаванд, ки барои бунёди ҳамаи онҳо сохтмончӣ лозим аст. Аз ин рӯ омӯзиши касбҳои дигар низ ба манфиати кор хоҳад буд.

- Соли ҷорӣ аз вилоят назар ба соли пешин 43 ҳазор нафар кам ба муҳоҷират рафтаанд. Сабабу омилҳои кам рафтан ба муҳоҷират муайян карда шудааст?

- Вақте ки Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ нисбати таҳлили вазъи муҳоҷират супориш доданд ва мо таҳлил намудем, имсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди муҳоҷирони ба муҳоҷират рафта 43 ҳазор нафар кам шудааст. Айни ҳол гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ба минтақаҳо сафарбар карда шудаанд, то сабабу омилҳои камшавии муҳоҷират омӯхта шавад. Тибқи маълумоти фаврии мо дар натиҷаи ислоҳоти кишоварзӣ як категорияи аҳолӣ соҳиби саҳми худ гардида, аз муҳоҷират даст кашиданд. Ҳоло аз соҳаҳои гуногун маълумот ҷамъоварӣ гардида истодааст ва сабабҳои аз муҳоҷират даст кашидани муҳоҷирон омӯхта мешавад. Муйян карда мешавад, ки чанд фоизи онҳо бо кор таъмин шуданд ва ё инки чанд фоиз аз  қаламрави Русия ихроҷ шудаанд.

- Соли ҷорӣ дар доираи амалиёти «Нелегал - 2014» чӣ қадар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ошкор карда шуданд?

Дар соли ҷорӣ дар ду марҳила амалиёти «Нелегал - 2014» гузаронида шуд. Дар марҳилаи аввал 59 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ ошкор карда шуд. Дар марҳилаи дуюм бошад 18 парванда ошкор шуда, нисбати шаҳрвандони хориҷӣ 26 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд. Шумораи умумии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 180 адад буда, 44 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин, Русия, Молдова, Украина, Корея, Покистон, Гурҷистон, Канада ва ғайра аз қаламрави кишвар хориҷ карда шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳоло дар вилоят алҳол наздик 2 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ кору фаъолият доранд.

Мусоҳиб,
Рустами Муҳаммад

ШУМО ДАР: АСОСӢ