Сайёҳони хориҷӣ барои тамошои табиати нотакрор ва ёдгориҳои беназир ба Тоҷикистон меоянд

( 0 Овоз )

Ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара рух дода, бар асари он чаҳор нафар сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Шветсария, Нидерландия ва Амрико ба ҳалокат расида, чанд тани дигар захм бардоштанд, тамоми сокинони кишварро андуҳгин намуд.

Аз ҷараёни бавуқуъ пайвастани ин амали разилона, ки аз ҷониби чанд тан аз хиёнатпешагон сурат гирифт, худ равшану маълум буд, ки он кори дасти душманони миллат ва бадхоҳони Тоҷикистони азизи мо мебошад, ки имрўзҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд номи давлатро тавассути амалҳои нанговари хеш сиёҳ намоянд. Аз аввалин фурсатҳои интишори ин хабари андўҳбор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ниҳодҳои мақомоти қудратии мамлакат дастур доданд, ки дар кутоҳтарин фурсат ҷинояткорон дастгир карда шуда, асрори ин амали хиёнаткорон кушода шавад. Ҷараёни тафтишот ҳам бевосита дар зери раҳнамоии худи Пешвои миллат қарор гирифт.

Дар баробари ин, Пешвои миллат ба сарони кишварҳое, ки шаҳрвандони онҳо қурбони ин фоҷиаи нангин шуданд, номаи тасаллият ирсол намуда, ба наздикону пайвандони онҳо ҳамдардии мардуми тоҷикро баён карданд. Ин тадбири инсонгароёнаи Пешвои миллат бори дигар ба мардуми олам нишон дод, ки ин Тоҷикистони азизи мо ҳамеша ташаббускори муқовимат бо ҳамагуна зуҳуроти террористиву экстремистӣ ҳаст ва ин гурўҳҳо нахуст душмани миллати хеш ҳастанд. Аз ин рў, тамоми мардуми шарафманди тоҷик амалҳои ин душманони миллатро инкор мекунанд ва дар ин рўзҳои дарднок ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шарики ғамҳои пайвандони ин қурбониёни фоҷиабор ҳастанд.

Дар муддати ду рўз ба мақомоти қудратии Тоҷикистон муяссар гардид, ки чанд тан аз ин ҷинояткоронро дастгир ва чанд нафари дигарро безарар гардонанд. Яке аз сарвару саркардагони ин гуруҳҳои ҷиноятпеша аллакай худ иқрор шудааст, ки дар анҷоми ин амали нангин ташкилоти экстремистӣ- террористии ҲНИ даст дорад.  Дар баробари ин, судури ин ҳодисаи нангинро ба дўши хеш гирифтани  ДОИШ низ ҳамоно дигарбора исботи равшани он аст, ки террорист ватану миллат надорад. Ба таъбири Пешвои миллат “доман паҳн намудани ҷуғрофиёи экстремизм ва терроризм”, инчунин зиёда аз сад давлати дунёро фаро гирифтани ин вабои аср ҳикоят аз он дорад, ки воқеан ҷомеаи ҷаҳонӣ имрўз аз паёмадҳои он дар ташвиш аст ва ҳамоно моро, яъне тамоми башариятро мебояд, ки аз рўи фармудаи Ҳакими доно Фирдавсии бузург амал намоем:

Ҷаҳонро набояд супурдан ба бад,

Ки бар бадкуниш бегумон бад расад.

Тааммул дар таҳқиқи моҳияти ин амали разилона худ ба таври возеҳ ошкор мекунад, ки  ҳадафи аслии ин душманони миллат танҳо бадном кардани кишвари азизи мо дар арсаи байналмиллӣ мебошад. Мантиқан суоле пеш меояд, ки чаро онҳо ин кирдори ғайриинсониро нисбати сайёҳони хориҷӣ раво диданд? Посухи ин суол барои ҳамагон равшан аст, зеро онон медонанд, ки имсол бо ибтикори Пешвои миллат дар кишвари мо “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Бо назардошти тадбирҳои шоёни сиёсӣ ва иқдомоти қобили таваҷҷуҳи Пешвои миллат дар амри рушди сайёҳӣ, додани имтиёзҳо ба ширкатҳои сайёҳӣ, муаррифии табиат ва ёдгориҳои беназири Тоҷикистон давоми бештар аз шаш моҳи сипаришуда шумораи саёҳони хориҷӣ ба маротиб афзуда, аз ин роҳ таваҷҷуҳи шаҳрвандони олам бештар гардид. Ин иқдом низ дар қатори дигар ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Сарвари давлат барои афзудани мақоми кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ нақши муассир гузошт. Тавассути расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори умум шаҳвандони мамлакатҳои мухталиф таассуроти ҷолиби хешро нисбати Тоҷикистон баён намуда, ҳатто онро яке аз мамлакатҳои пешқадам аз назари амниятӣ дар минтақа ва ҳатто ҷаҳон унвон карданд. Ин ҳама пешрафтҳои назаррас ва болоравии мақоми Тоҷикистонро душманони миллат дида натавониста, бо анҷоми ин амал нангин хостанд, ки кишвари моро ба ҷаҳониён чунин вонамуд созанд, ки гўё ин ҷо нисбат ба сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ чунин рафтор менамуда бошанд. Дар баробари ин, тавассути анҷоми чунин амалҳои ғайриинсонӣ душманони Тоҷикистон кўшиши бад намудани муносибатҳои сиёсии кишвари мо бо давлатҳои хориҷӣ ҳастанд. Аммо онҳо хато карданд ва тирашон хок хўрд. Гумон доштанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин амали нангинашон нисбат ба Тоҷикистон ва авзои он изҳори нигаронӣ намуда, намояндагони дипломатӣ ва роҳбарияти кишварҳои олам  монеи сафари сайёҳони хеш ба Тоҷикистон мегардад. Хушбахтона, дар навбати аввал худи сайёҳони хориҷие, ки имрўз дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ин ҳодисаи нангин вокуниш нишон дода, баръакс изҳор доштанд, ки ҳаргиз ин маънии онро надорад, ки дидгоҳ ва андешаҳои онон нисбат ба кишвари Тоҷикистон ва фарҳанги меҳмондории тоҷикон тағир ёбад. Аз ҷумла,сайёҳи ҳоландӣ Ёрди Этсорди баъд аз шунидани ин ҳодиса изҳор дошта, ки тасмим дорад Бадахшону Мурғобро бо дучарха сайр кунад ва баъдан ба Чин сафар намояд. Ў то кунун ҳеҷ эҳсоси хатар накардааст ва роҳи хешро дар Тоҷикистон идома хоҳад дод. Даниел Позняков, сайёҳи рус бошад, қайд намудааст, ки “чунин гушаҳои зебое, ки Тоҷикистон дорад, надидани онҳо гуноҳ аст. Натанҳо якбор, балки чандин маротиба рафта онҷоро бояд дид. Одамон ҳархел мешаванд, чунин ҳодисае, ки рух дод, хоси ин миллат нест. Одамон дар ин ҷо хеле хуб ҳастанд ва бо мо хеле ҳалим буданд, ба мо ҷои хобу хӯрок доданд, дар бораи Тоҷикистон қиссаҳои ҷолиб нақл карданд”. Ҳатто намояндагии расмии Амрико - Сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон, ки ду шаҳрванди он дар ин  ҳодисаҳо ба ҳалоқат расид, аз вокуниши саривақтии мақомоти Тоҷикистон инҳори миннатдорӣ намуда, ба фарҳанги олии меҳмондории тоҷикон арҷ ниҳода, таъкид бар он кардааст, ки “Сафорат ҳеҷ далеле надорад, ки ба сатҳи баланди таҳдид ба шаҳрвандони ИМА дар Тоҷикистон ишора намояд.”

Маҷмўи ин вокунишҳои саривақтии намояндагиҳои расмӣ, сайёҳони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандони мамлакат ва кишварҳои дигар худ баёнгари он аст, ки ҳаргиз ин рафтори разилонаи душманони миллат ифодагари чунин шеваи муносибат бо гардишгарону сайёҳон нест, балки ин амал кори дасти як гурўҳи муайяне буд, ки бо ин роҳ хостори бадном кардани кишвари мо дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” буд. Маҳкум гардидани ин рафтори разилона аз ҷониби намояндагиҳо ва шаҳвандони мамлакатҳои хориҷӣ ва баҳои баланди онҳо ба муносибати мардуми тоҷик, аз ҷумла аҳолии минтақаҳои мусоид барои сайёҳӣ худ гувоҳи он аст, ки душманони миллат ба мақсад худ нарасиданд ва ҳеҷ гоҳ нахоҳанд расид. Аллакай ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути иқдомоти инсонгароёнаи Пешвои миллат ва ташаббусҳои олии сатҳи ҷаҳонӣ мақом ва манзалати кишвари моро шинохтааст ва баробари ин муносибати олӣ ва фарҳанги баланди меҳмондории тоҷикон аз дергоҳи таърих мавриди таваҷҷўҳи оламиён қарор дорад. Аз ин рў, боварии комил дорем, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ин хоку об ва ин Ватан барояш муқаддас аст, мекўшад, ки бештару пештар дар муаррифии фарҳангии олии меҳмондорӣ, муносибати сатҳи баланд бо шаҳрвандони хориҷӣ дар ин соли муҳиму таърихӣ иқдом намояд, то ҷаҳониён ҳамеша мардуми моро чун тоҷикони меҳмондору меҳмоннавоз ва Тоҷикистонро сарзамини ваҳдатоин, саршори меҳру ихлос, диёри биҳиштосо ва табиати нотакрору қаламрави дорои мероси бузурги таърихӣ бишнохта, мукарарран ҷиҳати шинохт ва маърифати ҳар чӣ бештару пештар ба ин диёри бузургону фарзонагон, кишвари обҳои мусаффо ва қуҳҳои сарсабзу сарбаафлок дар сафар намоянд.

Нуралӣ Нурзод,
дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

ШУМО ДАР: АСОСӢ