Эҳёгари ҷонҳо

( 1 Овоз )

Рӯзҳои 2-3 августи соли 2018 ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар доштем. Мулоқоту вохӯриҳои бисёре бо мардуми сарбаланди деҳоти кӯҳистон баргузор шуданд, ки аз ин ҷо бо таассуроти бою рангин баргаштем. Нияти навишти таассуроти сафар баъди бозгашт пайдо шуд, зеро рӯҳияи мардум водорам намуд, ки қалам ба даст бигирам, то аз хизматҳои бузург ва эҳёгари ҷонҳо будани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, сипосномаи аҳли заҳмати натанҳо Мастчоҳи бостонӣ, балки навоҳии Айнию Шаҳристон ва Истаравшану Деваштичро рӯи коғаз оварам.

Дар сояи виқори Кӯҳистон

Тирамоҳи заррин буд ва боғоти пурмева ба баргистони зарварақ табдил ёфта, мардум бо ҷаҳду ҷадал ва умеди номуайяну хавотирӣ аз зимистони дарпешистода ҳосили заминҳоро меғундоштанд.

Устоди бузурги шеъри ҷаҳонгири тоҷик Лоиқ Шералӣ ба Хуҷанд омаданд ва гуфтанд, ки дар чунин айём соҳиби набера шудаанд ва азми хабаргирии бобо моро ҳамсафари эшон гардонид. Барои писари Диловар – набераи аввалину дилбанди устод туҳфаҳо ва дучархаи бачагонае харида, омодагӣ дидем ва субҳи яке аз рӯзҳои охири моҳи октябр бо мошини таърифии даврони шӯравӣ - «Волга ГАЗ-24» сӯи Панҷекати бостонӣ роҳ пеш гирифтем.

Мақсад он сафари бароям таърихию хотирмонро рӯи коғаз овардан нест, гоҳи дигар муфассал менависем. Ҳадаф аз ёд кардани он нишон додани вазъияти равонӣ, иқтисодию иҷтимоии солҳои навадуми асри гузашта ва муқоиса намудан бо имрӯзи ободу серию пурӣ ва хотирҷамъӣ аст…

Вазъи роҳҳои байнишаҳрию байниноҳиявии ҳамонвақта чӣ гуна буд, ҳамсолони мо медонанд ва бо азобе қариби нисфирӯз ба домани арчазорони Шаҳристон расидем. Азбаски дар пеш убур кардани ағба буд, бо таклифи ронанда дар себзори канори роҳ, дар ҷои мувофиқе барои дам додани мошину кӯфти роҳро андаке баровардан нишеман гирифтем. Соҳиби боғ амаки Абдукарим дар як табақи калони тунукагин себҳои сурху зард бо ду нони аз орди омехтаи гандуму ҷав пухтаро рӯи дастархон гузошта, ба чеҳраҳои мо зеҳн монд. Ба назари ман чунин намуд, ки симои «меҳмонони нохондааш»-ро ба ёд гирифтанӣ ва ё шинохтанӣ буд. Филфавр устод Лоиқро муаррифӣ карданӣ шудам:

– Шоири халқии Тоҷикистон, лауреати Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ…

Устод Лоиқ маро боздоштанд.

– Мон ҳамин унвону мукофотҳоя…, –Устод ба амаки Абдукарим рӯ оварданд. – Ман як нафар шеърхону шеърнавис, амак! Ба таърифу тавсифи инҳо бовар накунед… Номам Лоиқ…

– Эҳ, тасаддуқ шавам, Лоиқҷон! Шумо ҳамун шоири номдорамо не-мӣ? – амаки Абдукарим аз ҷой хеста, нимтаъзим карду чашмонашро тангтар намуда, боз бештар ба чеҳраи устод зеҳн монд. –Худо Шуморо ин ҷо овард, гӯсфанд куштанам даркор…

Мӯйсафед аз хурсандӣ ҷои нишаст намеёфт ва писарону келинҳо, набераю абераҳояшро, ки дар боғи панҷгектара себчинӣ мекарданд, фарёд кард, то ҳама пешаш оянд. Вай баъди он, ки шоири дӯстдоштаро ба аҳли байташ шинос кард, аз чалаку домани ҳар яке дудонагӣ себҳои гуногунрангу гуногуннавъро гирифта, пеши мо гузошт.

– Ҳамин боға давлати Эмомалӣ Раҳмон ба ман ҳадя кард, писарам,–гуфт бо фахр амаки Абдукарим. –Ҳарчанд ин себзора бо дастони худам ташкил кардаю ба чунин макони пурмева табдил додаам, боз дар пеши одамон дилам хиҷил аст. Чунки дар байни мардум аҳволаш тангҳо лак-лак…

Нони ҷавинро бо себ мехӯрдему гоҳ-гоҳ ба чеҳраи устоду амаки Абдукарим менигаристам, зеро баробари шӯхиҳои ба худаш хосу хандаҳои марғуладораш якбора хомӯш мондану даме сукут варзидани шоири бузурги давр маро ба андеша водор мекарданд. Дар фурсати начандон зиёде, ки меҳмони амаки боғпарвар будем, дар роҳ якбора «маслиҳат кардагӣ барин» се мошини боркаш паиҳам истоданду ронандаи яке копоти мошинашро бардошта, байни буғи аз мотор хеста «гум шуд»-у ронандаи дигаре сари балони кафида сарашро мехорид ва сеюмӣ ким-киро ҳақораткунон атрофи мошинаш давр мезад.

– Азоби ҳамин ронандаҳоя мебинаму «боғбонӣ–роҳати ҷон» мегӯям ба фарзандонам,–амаки Абдукарим ба абрӯвони чиншудаи устод Лоиқ нигарист.

Ҳамин вақт ду-се нафар бачагони пойлуч халтаҳои пур аз қурутро пеши ронандаҳо бурданд, ки даҳ донааш яксӯмӣ бихаранд. Аммо ронандаҳои дилашон бухскарда ба бачаҳо нимнигоҳ ҳам накарданд…

Баъди як лаҳзаи дигар дар мошини боркаше аз ҷониби ағба ду нафар мусофири ба садама афтодаро рӯи шоху барги буттаҳо хобонида, ба беморхонаи маркази ноҳия бурданду хабар омад, ки дар долони бемористон ҳарду фавтидаанд…

…Аз ағбаи Шаҳристон бо азобе гузашта, роҳҳои вайрону морпечи байни Айнию Панҷакатро сипарда, баъди 16 соат қариби саҳар ба ҳавлии меросии Диловар расидем…

* * *

Ҳамин лавҳа вазъи зиндагӣ, роҳ, ҳолати рӯҳонию равонии одамони касбу кори гуногунро равшан нишон медиҳад, ки солҳои навадум чӣ аҳвол доштанд.

Акнун мо бо раиси Шӯрои уламои дини вилоят, номзади илми суханшиносӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мошини тамғаи хориҷӣ бо шоҳроҳи чун шиша тахту ҳамвор ба сӯи ноҳияи Айнӣ сафар мекардем. Дар маркази ноҳияи Шаҳристон, ки пештар деҳаяки ноободи хурде буду ҳоло ба шаҳраки зебои афсонавӣ табдил ёфтааст, каме таваққуф кардем. Хабар расид, ки дар шоҳроҳ садамаи мудҳише шудаасту ду мошин ба ҳам бархӯрдаанд ва шаш-ҳафт нафар маҷруҳу захмӣ. Мошинҳои нави ёрии таъҷилӣ паиҳам ба сӯи ҳодиса шитофтанд ва лаҳзае нагузашта, боз садокунон баргаштанд.

Ин навбат хабар омад, ки ба шарофати беморхонаи нав таҷҳизонидаю бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба истифода дода ҳама дар офиятанд.

– Шукри Худо, акнун ҷони маҷруҳонро аз қабзаи марг мерабоянд табибон, – гуфтанд мӯйсафедони дар чойхонаи маркази ноҳия нишаста даст ба рӯ кашидаю Сарвари давлатро дуо карда.

– Ба сари ин садамаи мудҳиш Раиси вилоят ҳам расида омада, мусофиронро сафарбар кардаанд,–хабар дод сардухтури ноҳия ба ду мошини пачақу корношоями канори роҳ ишора карда.

Вақте сабукрави олмонии мо аз туннели Шаҳристон гузашта, аз роҳи пуртоби ағба поён мефуромад, офтоби дурахшони тобистонро қуллаҳои баланди кӯҳҳои Зарафшон пушти сари худ гирифта, ба мо соя меафканданд. Ин қуллаҳои осмонбӯс виқори кӯҳистон – рамзи шаҳомат ва шавкати давлатдории эҳёгари ҷонҳо – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки алҳол зери боли шоҳини виқори шоҳаншоҳӣ мардуми орзупарвар зиндагии хуррам доранд.

Агар дирӯз аз роҳҳои чун пушти уштур шебу фароз ва пурчангу лойи касногузар ягон-ягон мошинҳои кӯҳнаю шалақ бо ронандагони хастаю дилгир равуо мекарданду мусофирони мондашудаи дилгазон ба умед ба ҳар воситаи нақлиёт менигаристанд, имрӯз сафи мошинҳои хориҷии ялаққосӣ, мусофирони хушлибоси хушвақту хандон, нишемангоҳҳои ободу тарабхонаю чойхонаҳои пуранвои сари роҳ касро ба сафар, ба истироҳату осоиш, дамгирию шиносоӣ бо мардуми кӯҳистон илқо мекунанд. Ин аст расидан ба сояи шукӯҳи давлатдории навин ва пойгоҳи Истиқлол!

Султони маърифат яке…

Чун ба маркази ноҳияи Айнӣ расидем, раис Неъматулло Раҳматуллозода муҷда расонид:

– Дар гулбоғи шоири шаҳир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ каме истироҳат мекунед. Раиси вилоят, ки омаданд, сӯи Кӯҳистони Мастчоҳ раҳсипор мешавем…

Деҳаи Зоосунро имрӯз метавон бо гулгашти зебои шаҳри Душанбе қиёс кард. Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то тирамоҳи соли 2015 мақбараи «султони авранги сухан» аз нав бунёд карда шуду ҳам осорхонааш таъмиру тармим гардид, пайкараи зебояш қад афрохту ҳам «Девон»-и шоир мукаммал ва армуғонӣ интишор ёфт. Роҳи калони ба маркази ноҳия пайвасту сӯи Мастчоҳи домани гардун баранда пурра мумфарш гардид.

Бояд зикр кард, ки волотарин иқдоми Пешвои муаззами мо ин қадр кардани бузургони миллат буда, дар ин самт бо раҳнамоии ин зубдаи даврон номи даҳҳо нафар алломагон вирди забонҳо шуда, корҳои бузурге анҷом ёфтанд ва идома доранд. Дар як соати дар гулбоғи меросии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ будану бо наберагон ва аҳли деҳ суҳбат кардан мушоҳида кардем, ки гуруҳ-гуруҳ сайёҳон ба ин мавзеи зебо ва қадамгоҳи азизони замон омада, мафтун мешуданд, ки дар як гӯшаи кӯҳистон чунин зиёратгоҳ ва гулгашту истироҳатгоҳи назаррабою дилкушое мавҷуд будааст.

– Сафари кории мо ба Кӯҳистони Мастчоҳ аз зиёрати мақбараи шоири дӯстдоштаи халқ оғоз пазируфт,–гуфтанд Раҷаббой Аҳмадзода паёму дуруди Пешвои миллатро гоҳи суҳбат бо пирони маҳал ва наберагону пайвандони суханвари беҳамто ба ҳамагон расонида.

– Пешвои миллат ҳар ваҷаб хоки диёр, ҳар деҳаи хурду калонро эъзоз мекунанду дӯст медоранд. Шумо аз мадди назари Сарвари давлат дур нестед…

Дар вурудгоҳи деҳаи Вешаб, ки мазори Шамсиддин Муҳаммад ибни Маликдоди Табрезӣ он ҷост, мардуми зиёде ҷамъ омада буданд ва суҳбати онон бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бисёр самимӣ сурат гирифт. Ин деҳаи сарсабзу хуррам зодгоҳи бузургони илму маърифат аст. Намунаи беҳтаринаш хонадони Нуровҳо мебошад. Агар шоир ва олими тавоно, дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ Нуралӣ Нурзод бо таҳияю тадвини «Девон» ва китобе мустанад оид ба Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, ҳамчунин даҳҳо рисолаю китобҳояш ном бароварда бошад, бародаронаш низ байни аҳли диёр соҳиби мақоми махсус ҳастанд. Аз ҷумла, Фахриддин (Мэлс) Нурзод аз номи сокинони Ҷамоати деҳоти Шамтуч сухан гуфта, бо эътимоди қавӣ таъкид намуд:

– Дар ҷумҳурии мо Султони маърифат ягона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Чун қадамашон расид, дар ноҳияи мо зеристгоҳи барқии 110 - киловатта сохта шуд, мақбараҳои азизони халқ ва бузургони миллат бунёд ва таъмиру тармим гаштанд, шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент навсозӣ гардид, хуллас натанҳо деҳоти мо обод мешавад, балки афкору андешаи миллӣ дар ҳастии маънавиёти халқ ташаккул меёбад…

Оре, вақте ки Раиси вилоят дар китоби зиёратгарони умда соядаст навишта, имзо гузоштанд, чунин суханҳои илҳомбахши Пешвои миллат дар фазо гӯё танинандоз гардиданд: «Халқи маърифатпарвари тоҷик дар гӯшаҳои дурдасти кӯҳистон ҳам бузургонашро азиз медорад…».

Рӯҳияи баланду табъи хуши мардум ба кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳияҳо, ки дар амалӣ гардонидани афкору андеша ва нақшаҳои эҳёгаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм доранд, болу пар бахшид. Наворбардорони телевизиони вилояти Суғд бо сарварии Мунира Раҳимзода, суратгирону мухбирон хонаҳо ва манзилҳои зина-зина дар «девори кӯҳу шахҳо муҷассами Вешаб»-ро акс мегирифтанду меандешидам, ки эъҷози афкори моро дар ҳақиқат яке метавонад, ҷовидона таҷассум гардонад: Султони маърифати миллат–Эмомалӣ Раҳмон!

Ба Пешвои миллат аз мо салому эҳтиром

Субҳи рӯзи дигар дар гулбоғи атрофи мақбараи шоири халқ Юсуф Вафо дар деҳаи Пастиғав намоиши ҳунари мардуми деҳоти Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор гардид, гӯё ҳар рустои чун дастагуле дар домани теппаҳо шукуфон дар намуди нону кулча, лочураю фатир, анвои гуногуни таому шириниҳо, адрасу чамангул, қуроқу захмисуман, гилемчаю риштабоф намунаи даҳҳо ҳунари худро ба маърази тамошо гузошта буд. Баъди суҳбат бо пирону омӯзгорон, аҳли ҳунару кишоварзон табъи Раиси вилоят болида гардид, зеро касе шикоят намекард, танҳо чанде дархост намуданд, ки дар маркази ноҳия осорхона бунёд гардад. Инро Раиси вилоят хуш пазируфтанд, зеро дар чунин ноҳияи хушманзару нодир ва рустояш нотакрор ҳунари чандҳазорсолаи мардумро хифз кардан барои фардоиён ҳам қарзу ҳам фарз аст.

Вазъи мактаби деҳаи Пастиғавро баъди ним соати дабистонро дидан Раҷаббой Аҳмадзода ба Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ фаҳмониданд ва ба омӯзгорону волидайни хонандагон муҷда расониданд, ки бо дастгирии вазорат мактаб пурра азнавсозӣ мешаваду толори варзишии он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мегардад.

Дар шаҳраки Меҳрон–маркази ноҳия намояндагони тамоми соҳаҳо ва деҳаҳо ҷамъ омада буданд. Садҳо нафар собиқадорон, пешқадамони истеҳсолот, кишоварзони номдор ва ҷавонон саф кашида, маросими санги асосгузорӣ ба иншооти бисёрро ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интизорӣ мекашиданд. Ҳамроҳи Раиси вилоят намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, сардори Агентии хоҷагии ҷангал ва шикори мамлакат Исматзода Азизулло баробари зикр намудани вазъияти хуби маънавии рӯзгори мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ таъкид карданд, ки техникаю технологияи иттилоотии замони муосир дурдасттарин гӯшаҳоро низ фаро гирифта метавонад ва бояд суханҳои пурҳикмати Пешвои миллат оид ба ҳушёрии сиёсии насли ҷавон ҳамеша мадди назари ҳамагон бошанд.

Бо иштироки собиқадорон ба биноҳои Беморхонаи марказии ноҳия барои 40 кат, варзишгоҳ барои 3000 ҷои нишаст, биноҳои маъмурии шуъбаи амнияти давлатӣ, комиҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, идора ва муассисаҳои гуногуни фарҳангию маъмурӣ санги асос гузошта, ба бунёди онҳо оғоз бахшида шуданд.

– Ман як сухан гӯям, раис!–муроҷиат кард пирамарди хушлибоси кушодачеҳра, ки аз симояш одами хушчақчақ буданаш маълум буд.–Панҷоҳ сол даҳмарда будам, раис, лекин ягон бор роҳбарони давлату вилоят он тараф истанд, калони ноҳияро рӯ ба рӯ надида будем. Ду сол пеш Пешвои миллат, Президентамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданду чунон мо - мастчоҳиёнро ситоиш карданд, ки мани мӯйсафед гӯё аз нав ҷавон шудам. Мо - пирони кӯҳистон, хушбахтем, ки чунин замони ободию озодию хуррамиро фарзандону наберагонамон дида истодаанд. Оянда ин гӯшаи кӯҳсор шаҳри замонавӣ мешавад. Аз мо ба Пешвои миллат салому эҳтиром расонед!

Чорводори шоистаи ҷумҳурӣ Нормаҳмад Шоеви ҳаштодсола, ки ҳоло ҳам чун даҳмардаи ҷавондил шуҳрат дорад, саодатмандона табассум мекунад ва дасти Раиси вилояту намояндаи Ҳукумати ҷумҳуриро сахт мефишорад. Раиси ноҳия Маҳмадҷобир Раҷабзода бо қаноатмандӣ ба китфи мӯйсафед тап-тап мезанаду аҳсан мегӯяд.

– Ба ҳаштоду шаш даромадам, раис,–вақти ба бинои беморхона санги асос гузоштан гуфт духтури собиқадор Сафар Саидов. –Зиёда аз шаст сол агар кор карда бошам, ҳамин қадар дар орзуи чунин беморхона будем, ки бо дастури Пешвои миллат Шумо омадеду корҳо сар шуданд. Илоҳо Сарвари давлатамон барака ёбанд. Мо дуогӯяшон…

Ин марди хилъати сафедпӯш ба назар тахмин шаст-шаступанҷсола метофту чаққон қадам мегузошт ва аз солорию сустии ҳаштодушашсолагӣ дар ӯ асаре набуд. Аз ин рӯ ба собиқ раиси ноҳия, алҳол вакили халқ дар Маҷлиси намояндагон Нурулло Оқилов, ки марди баобрӯю хирадманд аст, нигаристам, ки оё дар ҳақиқат ҳам ин духтуру омӯзгор ба чунин синни муборак расидааст.

– Даҳ-понздаҳ сол инҷониб мушоҳида мекунам, ки мардону занони кишвари мо торафт ҷавон метобанд, – бо андешаи чуқур ибрози ақида кард Нурулло Иноятович. – Бовар кунед, ободии рӯзгор, хотирҷамъию фаровонӣ ба рӯҳияи мардум таъсири амиқ мебахшанд. Баробари ин розию ризо будан аз Сарвари худ, ҳис кардани меҳрубонию ғамхории ҳамарӯзаи Пешвои миллат мардумро умри бардавом эҳдо мекунанд. Мо кӣ ҳастем?! Як нафар вакили халқ дар парлумон! Ҳар гоҳ, ки ба деҳа омадам, одамони касбу кори гуногун ба ман ҳам мегӯянд, ки салому эҳтиромашонро ба Пешвои миллат бирасонем. Ин изҳори муҳаббати беқиёс аст…

Оре, мо ҳам бо баҳонаи сафари Раҷаббой Аҳмадзода, ки дар моҳи шашуми фаъолияти худ чун Раиси вилоят ба дурдасттарин ва душвортарин макон барои мулоқоту вохӯрӣ бо мардум тамоми масъулин ва мутасаддиёни соҳаро сафарбар карда, масъалаю муаммои деҳот ва наздик бист нафар шаҳрвандро ҳал намуданд, меҳмони бошандагони собиқ Қалъаи мири Оббурдон шудем ва бо чашмони худ дидем, ки инсонҳои баорият ва сарбаланд дили шахро нарм мекунанд, сангро аз синаи теппаҳо мекананд, доман-доман резасанг мечинанду регу хокро бехта, замин мекушоянд ва манзилу зиндагии обод доранд.

– Он рӯз дур нест, ки садҳо нафар ҷавонони алҳол бекор бо ташкили корхонаи заршӯӣ ва таъсиси коргоҳҳои банду басти меваю коркард соҳиби касбу кор мешаванд, – таъкид намуданд Раиси вилоят дар маҷлиси ҷамъбастӣ. –Табъи хуши мардум, рӯҳияи баланди ҷавонон, муҷдаи ҳосили фаровони кишоварзон ва нидои хурсандонаи мактаббачагон –ин ҳама салому эҳтиром ба Пешвои миллат аст…

…Ҳангоми бозгашт дар тани баландтарин қуллаи кӯҳистон, ки дарёи Зарафшон домани онро шуста мерафт, чунин суханҳоро хонда, болида гардидам ва ба навиштани манзумае оғоз бахшидам: «Салом, эй беҳтарин Инсони дунё!».

Аҳмадҷони Раҳматзод,
Шоири халқии Тоҷикистон

ШУМО ДАР: АСОСӢ