Муроҷиатномаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба мардуми шарифи вилоят

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Дар марҳилаи навини таърихи давлатдории тоҷикон таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикстон”  ба баргузории тӯю маросимҳои серхароҷоту нолозима хотима бахшида, ба рушди иқтисодии ҳар як хонадони тоҷикистонӣ мусоидат намуд. Қонуни мазкур ҳамчун иқдоми нодири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду такмили ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқӣ саҳми назаррас гузошт.

Ба қабули қонун 10 – сол сипарӣ гардида, дар ин марҳилаи начандон тӯлонӣ он натиҷаҳои хеле назаррас ба бор овард. Ин амали нек аз ҷониби кулли шаҳрвандони Тоҷикистон хуб пазируфта шуд ва мо шоҳиди онем, ки вай ба дараҷае ба дарди мардум шифо бахшид. Қонун анънаҳои миллиро аз олудагию хурофот тоза намуд, ба таҷлили идҳои аҷдодии Сада, Меҳргон, Наврӯз ва Рамазону Қурбон  мазмун ва мундариҷаи нав бахшид, расму оинҳои миллиамон шукӯҳу шаҳомоти дучанд пайдо карданд.

Қабули қонун ба вазъи молиявии соҳибмаъракаҳо таъсири мусбӣ расонида, ба афзудани амонатгузории аҳолӣ мусоидат намуд. Дар маҷмӯъ қонун дар тафаккури мардум фарҳанги маъракаороӣ, тарзи солими рӯзғордорӣ,ободии оила ва ҳаёти осоиштаро ташаккул дода, пеши роҳи худнамоишию зиёдаравӣ ва исрофкориро гирифт. Натиҷаҳои ба даст омада ва бурду бохти амали қонун дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолони ҷумҳурӣ ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ гардид ва зарурияти таъғироту иловаҳо ба он тавсия шуд ва имрӯз мо қонунро ба мундариҷаи нав мебинем: таъғироту иловаҳо қабул  шуданд ва тавассути  қувваи азими идеологӣ шарҳу тавсир ёфта ба таваҷҷӯҳи мардум расонида шуданд.

Бо вуҷуди ин вазъият тақозо менамояд,  ки ҷиҳати ба мафкураи мардум ҷойгир намудани ғояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо минбаъд низ корҳои зиёдро анҷом диҳем.

Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  ба хотири татбиқи самараноки қонунгузорӣ худро сарпарасти амалигардонии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилоят эълон менамояд. Шӯро бо боварии том ба хиради азалии мардумамон, ба нерӯи тавоноӣ Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикстон, ки садҳо ҳазор сокинони вилоятро дар сафи худ чун аъзои  коллективона  муттаҳид намудааст ба ин иқдом даст зада истодааст. Зеро аксарияти Шумо ба ҳайси аъзои комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ин кори хайр ширкат доред.

Шӯро ба Шумо мардуми сарбаланду саодатманди вилоят муроҷиат менамояд, ки дар раванди татбиқи қонун бо ҳушёриву ватанхоҳӣ, дарки масъулият барои оила ва давлат дар таъмини волоияти қонун фаъол бошед. Худ намунаи ибрат гардида, маблағҳои бо меҳнати ҳалол ёфтаи хешро ба ҷои ба маъракаҳои нодаркору серхароҷот барбод додан, баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва таълиму тарбияи фарзандон, корҳои созандагиву ободонӣ, амалҳои хайру савоб сарф намоед! Зеро, бузургон фармудаанд:

Ба харҷу дахли худ, ҳар дам назар кун!

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун!

Боварӣ дорем, ки ҳар яки Шумо бо  намунаи  шахсӣ  ибрати дигарон гардида, корҳои ташвиқотию тарғиботиро бо усули “Хона ба хона”дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, бори дигар ба мардум ҳадаф ва моҳияти қонунро фаҳмонед.

Агар бини, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.

Ҳамватанони азиз!

Пешгирии исрофгарию исрофкорон, зиёдаравию намоишкорӣ, решакан намудани худнамоишдиҳӣ ва тақлид қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бо нангу ор аст. Нисбати қонуншиканӣ мавқеи оштинопазирро ишғол намуда, ба онҳое ки қонунро саҳл мепиндоранд, мубориза бурда, баҳри пешгирии қонунвайронкунӣ чораҳои иловагиро амалӣ намоед!

Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии
Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

ШУМО ДАР: АСОСӢ