Шукри Ваҳдат ва даврони пурсаодат

( 0 Овоз )

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки шоистаи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дўстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ шинохта мешавад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Таманно: Роҳи сафед

Солҳо инҷониб бо иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо шароити будубош ва ҷараёни ҳаёти ҷавонмардони вилояти Суғд, ки дар қисмҳои низомии минтақаҳои ҷануби кишвар хизмати Модар – Ватанро сарбаландона адо мекунанд, барои волидон аёдат ба роҳ монда мешавад.

Ман ҳам орзу доштам, фарзандам Абдумавлони Ғафурзодро, ки дар даъвати тирамоҳии соли 2016 ихтиёран аз аввалинҳо шуда, ба хизмати Модар–Ватан рафт ва беш аз шаш моҳ аст, ки дар қисми низомии 051062-и Гвардияи миллӣ дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт қарзи муқаддаси хешро дар назди Ватан адо менамояд, аёдат кунам. Бо ҳамин ният оғози соли равон ба унвони Раиси вилоят мактуб навиштам ва бо инояти он кас ба гурўҳи волидони сарбозон шомил гардидам.

Санаҳои 13-17-уми апрели соли равон наздик сад нафар волидони сарбозон ҳамроҳи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, комиссариати ҳарбии вилоят, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, санъаткорон ва намояндагони васоити ахбори омма ба чор минтақаи кишвар - ВМКБ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи Марказ ва шаҳри Душанбе рафта, бо шароити истироҳату фароғат ва хизмати фарзандонамон дар қисмҳои ҳарбӣ шинос гардидем.

Субҳи 13-уми апрел волидони сарбозони фиристодаи шаҳру навоҳӣ ба хидмат ба Комиссариати ҳарбии вилоят омаданд. Дар саҳни ин мақомот маросими ботантанаи гусел барпо гардид.

Дар оғоз Назарзода Назар Бадал - Комиссари ҳарбии вилоят, полковник ҳамаро хайрамақдам гуфта, афзуд, ки фаъолияти қисмҳои низомӣ, шароити хизмати аскарону афсарон ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои хизмати ҷавонон дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити мусоиди ҷавобгў ба талаботи имрўза муҳайё гардидааст. Хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардӣ буда, он ифодагари далериву шуҷоатмандии ҳар як шаҳрванди бо нангу номус мебошад. Бовар дорам, ки худ шоҳиди ин гуфтаҳо гашта, андешаҳои хешро баъди бозгашт ба дигар волидон баён менамоед, то ки барои ба хизмати аскарӣ рафтани фарзандонашон монеъ нагарданд.

Сипас, Темур Тўйчизода-сармутахассиси шўъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят, Музаффар Бобоҷонов-раиси волидони сарбозони вилоят ва Анора Раҳматова-сокини шаҳри Хуҷанд, ки ду фарзандаш дар хизмати модар - Ватан аст, аз номи волидайни сарбозон сухан намуданд. Онҳо аз ҷумла, зикр доштанд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрўз дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ ҳукмфармо буда, дар тамоми соҳаҳо пешравиҳо ба чашм мерасанд, бахусус, дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ шароити мусоид барои хизмати сарбозон фароҳам оварда шудааст. Чанд сол инҷониб бо иқдоми Раиси вилоят аёдати сарбозон аз ҷониби волидонашон ба роҳ монда шуда, онҳо шахсан аз вазъи хизмати фарзандон дар қисмҳои ҳарбӣ шинос мегарданд. Барои ин иқдоми нек, ки аз ҷониби волидон хуш пазируфта мешавад, ба Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҳамсафарон роҳи сафед хостанд.

Баъд зери садои суруду таронаҳои санъаткорони вилоят ва оркестри гарнизони Суғд волидони сарбозон ва наваскарони даъватшуда хурсандӣ намуда, бо дуои пирон ба роҳ баромаданд.

Бояд гуфт, ки волидони сарбозон ба чор гўрўҳ тақсим шуда, ба минтақаҳои барояшон зарурӣ раҳ пеш гирифтанд.

Нақлиёти мо бо 14 нафар волидон ҷониби ноҳияи Ғарм раҳсипор гардид. Намояндаи комиссари ҳарбии вилоят, полковник Фарҳодҷон Толибов ба мо роҳбалад шуд. Ба ҳайат волидон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Спитамен, Ашт, инчунин, санъаткорон - Шарифмуҳаммад Ниёзов, Муҳиддин Азимов ва Сафаралӣ Акбаров шомил буданд. Қарибиҳои нисфирўзӣ аз нақби Шаҳристон гузашта, ба маркази ноҳияи Айнӣ расидем. Моро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва комиссариати ҳарбии ноҳия пешвоз гирифта, дар ошхонаи «Насими Варз» хўроки нисфирўзӣ ташкил намуданд. Дар ин ҷо низ ҳангоми тановули таоми нисфирўзӣ санъаткорони вилоят суруду таронаҳо хонда, табъи волидонро болида гардониданд.

Сипас, тавассути шоҳроҳи Айнӣ - Душанбе роҳро идома бахшидем. Манзараҳои табиати нотакрори кишвар дар ин баҳори нозанин аҷаб дилрабо буд. Табъи мо, волидон ҳам, аз дидани манзараҳои аҷоиб ва ҳамзамон, аз суруд ва ҳазлу мутоибаҳои шўху намакини Шарифмуҳаммад Ниёзов - ҳофизи мумтоз, фарзанди Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, шодравон Боймуҳаммад Ниёзов бештар болида гардид ва хастагиро дар роҳҳои пурпечутоби ағбаҳо эҳсос накардем. Бояд гуфт, ки мо - аъзои гурўҳ, дар ин сафар бори аввал ба ҳам рў ба рў шудем, лекин то марказ расидан гўиё чун хешу табор ва дўстони дерин, бо ҳам ҳазлу шўхиҳо мекардем. Андешаи ҳама бо табъи хушу рўҳи болида ба қисмҳои ҳарбӣ, ба дидори фарзандон расидан буд.

Бегоҳӣ ба пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе расидем. Моро дар меҳмонхонаи «Фарҳанг» ҷо карданд, то ки шаб он ҷо истироҳат намуда, пагоҳ бо нерўи тоза ба роҳ бароем. Баъди тановули хўрок ҳама шомгоҳ ба сайри шаҳр баромадем. Дар ҳақиқат, пойтахти кишвар хеле зебову обод гаштааст. Биноҳои баландошёнаи таъйиноти маъмурию истиқоматӣ, иҷтимоӣ ва марказҳои савдо, дўкону мағозаҳои хуштарҳу замонавӣ аз чароғакҳои ранга, гулгашту хиёбонҳо аз гулу лолаҳои хушранг оро ёфтаанд, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Инчунин, рафтуои бомароми автобусҳои хубтаҷҳизу нав дар роҳҳои шаҳр ва сайри оммавии мардум дар кўчаву хиёбонҳо ин ҳама аз фазои ором, сулҳу субот ва ваҳдати комил дар кишвар дарак медод.

Лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш

14-уми апрел субҳона карда, ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтем. Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва комиссариати ҳарбӣ, ки роҳбарони гурўҳанд, аз масъулини Вазорат барои аёдати волидон дар қисмҳои низомӣ иҷозатнома гирифтанд. Сипас, гурўҳҳо бо нақлиёти вобастагардида ба сўи минтақаҳои муқарраршуда роҳ пеш гирифтанд. Гурўҳи мо ба самти ноҳияи Рашт равон шуд. Ронанда Муҳиддинҷон Охунов - ҷавони хеле бомаданияту хушмуомила бо нақлиёти мусофиркаши «Спринтер»-аш аз шаҳри Душанбе то ноҳияи Рашт (Ғарм) наз-дик 200 км роҳро бе ягон душвориву осеб тай намуда, моро ба қисми ҳарбӣ расонд. То ноҳияи Ғарм ра-сидан аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Файзобод, Роғун, Нуробод, Комсомолобод, Дарбанд гузашта, аз манзараҳои табиӣ, ободиву созандагӣ, роҳҳои обод дар маҳаллу деҳаҳо ва обу ҳавои тозаи ин минтақаҳои кишвар таассуроти зиёде пайдо намудем. Аз тамошои кўҳҳои сарбафалаккашидаи барфпўш, шилдирроси оби дарёчаҳои кўҳӣ, талу теппаҳои сарсабз, гули дарахтони себу ноки сап-сафед, ки боғбонҳо барои эмин мондани онҳо аз офату касалиҳо дору пошидаанд, ба ваҷд омадем. Дар заминҳои ҳамвор, деҳқонон машғули кишти картошка ва дигар зироат буданд. Маркази ноҳияи Рашт ҳам хеле ободу зебо буд. Биноҳои баландошёнаи хуштарҳу замонавии маъмурию истиқоматӣ, Донишкадаи омўзгорӣ, коллеҷи тиббӣ, бозор, боғи фарҳангу фароғат, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва шиору овезаҳои қади роҳҳо бо расму гуфтаҳои Пешвои миллат, даъват ба ободиву созандагӣ, дўст доштани Ватан, расидан ба қадри сулҳу Ваҳдат, давлату замини биҳиштосо ва сайругашти оммавии сокинони ноҳияҳои кўҳистон диққати моро ҷалб намуд.

Ниҳоят аз маркази ноҳия каме гузашта, ба қисми ҳарбии 02011 «Д»-и Қўшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон расидем. Дар даромадгоҳи қисм ду-се сарбозон дар навбатдорӣ меистоданд. Моро командири қисми низомии мазкур, полковник Нуриддин Маҳмадшоев ва муовини ў оид ба корҳои сиёсиву таълимӣ, полковник Мухбир Зарифов истиқбол намуданд. Баъди ворид шудан ба қисми низомӣ дидем, ки ҳама ҷо тозаву дилкаш, қисме аз сарбозон дар утоқҳои таълиму тарбия машғули омўзишу қисми дигаре дар майдони машқ гашти низомиро меомўхтанд. Умуман, ҳаёти сарбозон ва будубоши онҳо моро хотирҷамъу рўҳбаланд кард.

Сипас, командири қисм фармон дод, ки сарбозону афсарон ҳама дар майдон ҷамъ шаванд. Ҳамаи волидон интизор буданд, тезтар фарзандони худро бинанду чун паҳлавонҳои майдон ба оғўш гиранд. Командири қисм ба сарбозон иҷозат дод, ки волидонашонро омада бинанд. Дар ин лаҳзаи ҳаяҷонбахшу фаромўшнопазир эҳсос мегардид, ки чӣ тавр волидон ба сўи фарзандашон ва аз пеш сарбозон ба сўи падар ё модар мешитофтанд. Дигар сарбозону афсарон қарсақ зада, хушҳолӣ менамуданд. Ниҳоят модарону падарон фарзанди сарбози худро ба оғўш гирифта, аз шодиву фараҳ ашк дар чашмонашон ҷорӣ мешуд.

Ман ва Зўҳро Мирзоева, модари сарбози дигар, ки фарзандонамон дар қисми низомии Гвардияи миллӣ хизмат мекарданд, интизорӣ мекашидем, ки кай лаҳзаи дидори мо ҳам бо онҳо фаро мерасад.

Роҳбари гурўҳамон, полковник Фарҳодҷон Толибов бо командири қисми низомии Гвардияи миллӣ дар тамос шуд. Тавре аён гашт, қисми ҳарбие, ки фарзандони мо хизмат доштанд, аз ҷои истамон 25-30 км дуртар воқеъ будааст.

- Агар розӣ бошед, онҳоро ин ҷо меоранд, шаб ҳамроҳ мемонед, пагоҳ чорабинӣ ва дастархони идона бо оши палав ташкил мешавад, санъаткорони вилоят барномаи консертӣ намоиш медиҳанд. Якҷо бо фарзандон иштирок мекунед.

Мо аз роҳбарамон хоҳиш намудем, ки ба қисми ҳарбии фарзандамон рафта, аз шароити будубош ва рафти хизмати онҳо бохабар шавем. Фарҳодҷон Толибов хоҳиши моро маъқул донист. Ба шаҳраки Навобод, ба командири қисми низомии 051062-и Гвардияи миллӣ бори дигар занг зад. Баъд гуфт, ки ним соат пас омада, шумоёнро назди фарзандонатон мебаранд. Фақат хоҳиш ҳамин, ки пагоҳ омада, ҳамроҳи онҳо ба чорабинии мо иштирок мекунед.

Хушҳолии фарзандон

Интизории Зўҳро Мирзоева бо духтарчаи даҳсолааш, аз ноҳияи Зафаробод, ки писари яккаву ягонааш Элёр Абдуқаюмов як сол инҷониб дар қисми низомии 051062-и Гвардияи миллӣ хизмат дорад, ҳадду канор надошт. Гўиё интизории ин ним соат барояш соатҳои зиёд бошад. Дар ду-се дақиқа наздам бо чашмони гирён омада, бародар, ин қадар онҳо дер карданд, барои чӣ наомада истодаанд, аз командир хоҳиш кунед, бори дигар занг зананд, мегуфт. Модарро тасалло медодаму худ низ интизорӣ мекашидам, ки тезтар ман ҳам фарзандам Абдумавлонро бубинам. Чунки дигар волидон ҳамроҳи фарзандонашон сўҳбату хушҳолӣ мекарданд. Мо ба онҳо нигариста, ҳис мекардем, ки дилу чашмонамон ба дарвозаи қисми низомӣ аст.

Гулчеҳра Салимова - сокини шаҳри Хуҷанд, соҳиби 3 фарзанд буда, алҳол ду писараш дар хизмати Ватананд. Вақте ўро писараш Шоҳнур оғўш карда гирифт, ў ҳам механдиду ҳам мегирист, зеро писари дигараш Шоҳрух нав ба аскарӣ даъват шудаасту дар қисми низомии шаҳри Ваҳдат мебошад. Шоҳнур бошад, 6 моҳ инҷониб дар хизмат аст. Модар бо чашмони пуроб, вале хандон мегуфт: илоҳо Шоҳрухро ҳам бинам, ки хотирам ҷамъ шавад. Гулчеҳра писари хурдиаш Шерзоди 10-соларо бо худ гирифта буд, вай ҳам акаашро сахт оғўш карда, кай ба хона меравед? Акаҷон, шуморо ёд кардем, хизмататон кай тамом мешавад? - мегуфт. Гулчеҳра аз ин суханони фарзандаш ба ҳаяҷон омада, гоҳ мегиристу гоҳ табассум мекард.

Лекин Нортоҷӣ Темирова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки фарзанди калониашро худаш ба комиссариати ҳарбии ноҳия нависонда, ба сафҳои артиш гусел кардааст, бо табъи болидаву чеҳраи хандон ба писараш мегуфт: писарам, хеле калону бардам шудаӣ, ҷои хизмат ва ҳам командиронат инсонҳои хуб будаанд. Хотирам аз ту ҷамъ аст, нағз хизмат карда, ба дигарон намуна ва бо сари баланд сиҳату саломат ба хона баргард.

Сипас, командири қисм моро бо шароити будубош ва хизмати фарзандонамон ошно кард. Мо хонаи хоби аскарон, утоқҳои таълимӣ, ошхона ва ғайраро дидем. Дар ҳақиқат, ҳама шароит барои ҳаёту машқ ва истироҳати сарбозон мувофиқ ба талаботи артиш буд. Хонаҳои хоб, истироҳату таълим телевизор, инчунин, маркази мусиқӣ дошт, ки сарбозон дар вақтҳои холӣ онҳоро истифода мебаранд. Ошхона ва асбобҳои рўзгор тозаву ботартиб буданд, ошпазҳои бомаҳорат хўрок ва дар сехи нонпазӣ худи сарбозон нон мепухтанд. Командир гуфт, ки ҳар рўз онҳо се маҳал бо хўроку нони гарм таъминанд.

Волидон баъди дидани ин манзараҳо бовар намуданд, дар қисмҳои низомӣ шароит беҳтар гардида, барои хизмати сарбозон душворие нест.

Баъди шиносоӣ дар истироҳатгоҳи сарбозон сўҳбати волидон бо фарзандон давом кард. Шарифмуҳаммад Ниёзов рубоби тоҷикии худсохтро ба даст гирифта, ба сурудхонӣ даромад. Ҳама бо табъи чоқ мерақсиданд. Нигоҳи ман ва модаре, ки нигарони фарзанд буд, аз тарафи дарвоза канда намешуд. Лаҳзае пас сарбозе, ки назди дарвоза навбатдорӣ мекард, садо дод: аз қисми низомии 051062-и Гвардияи миллӣ афсарон, командири рота, капитан Салоҳиддин Сиҷоиддинов ва муовини ў, капитан Сўҳроб Шоев барои бурдани волидон омадаанд. Командири қисм онҳоро даъват кард. Мо наздашон рафта, баъди салому алейк аз аҳволи фарзандамон пурсон шудем. Онҳо ҷавонони хубанд, шумо падару модар, асло хавотир нашавед, ҳозир меравем, худатон мебинед.

 Роҳбари гурўҳамон бори дигар ба командирон таъкид кард, ки пагоҳ ҳатман бо фарзандонашон инҷо оред, то якҷоя чорабиниро гузаронем. «Муаммо нест»- гуфтанд. Ману Зўҳро Мирзоева ҳамроҳи командирон бо мошин сўи шаҳраки Навобод рафтем. То қисми ҳарбӣ чанд км роҳ аст?- пурсидем. Гуфтанд, ки 30 км, баъди ним соат мерасем. Ҳангоми сўҳбат бо афсарон пай бурдем, ки онҳо инсонҳои меҳрубону бомаърифатанд. Моро дилпур мекарданд, ки аз фарзандамон асло хавотир нашавем. Онҳо сиҳату саломат ва бардаму боқувват хизматро сарбаландона идома медиҳанд. Шаҳраке аз дур дар мавзеи зебоманзар, байни кўҳҳо намоён гашт. Командир гуфт, ки ана ҳамон мавзеи дилнишин шаҳраки Навобод аст. Ҳақиқатан ҳам, манзара ва табиати зебо, дар кўҳ барф, домани теппаҳоро сабзаву себарга пўшидаанд ва маоси бузу гўсфандон ба гўш мерасид.

Хуллас, аз нақлҳои командирон дар бораи ин шаҳраки кўҳистон каме тасаввурот пайдо намуда, ба қисми низомии 051062-и Гвардияи миллӣ расидем. Қисми низомӣ дар дохили шаҳрак ҷойгир буда, гирду атрофаш манзараи зебову дилкаш дошт. Атрофи шаҳракро кўҳҳо иҳота кардаанд, сокинонаш ба деҳқониву чорводорӣ машғул буда, одамдўсту меҳмоннавоз будаанд. Командир гуфт, ки ана ҳамин кўҳи баландро дидед, дар қафояш ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ воқеъ аст.

Суханҳои гуворои писар

Дар назди даромадгоҳи қисми низомӣ моро муовини командири қисм оид ба корҳои сиёсиву тарбиявӣ, подполковник Баҳодур Маҳмадализода истиқбол намуд. Ў гуфт, ки командири қисм бо коре ба шаҳри Душанбе рафтаанд… Мо вориди қисми низомӣ гаштем. Масоҳати қисм наонқадар калон, хеле зебову обод буд. Биноҳои хуштарҳ, майдони машқ бо овезаву шиор ва расму суханони Пешвои миллат пеши назар ҷилва доштанд. Гаштугузори афсарону сарбозон бо либосҳои базебу шинам. Диққати моро ба худ кашид. Баҳодур Маҳмадализода моро ба утоқи дидорбинии волидайн даъват кард. Утоқи мазкур хеле тозаву дилкаш, бо мизу курсӣ ва роҳаткурсӣ муҷаҳҳаз буд. «Марҳамат, ба ҳузур нишаста, дам гиред, аз роҳи дур омадед. Ин шаб меҳмони мо мешавед»- хушгўӣ кард Баҳодур Мамадализода. Сипас, ба навбатдори қисм фармон дод, ки чун анъанаи тоҷикон барои меҳмонон дастархон ороста, чойю нон ва хўрок оранд. Мо аз командир хоҳиш кардем, ки тезтар фарзандамонро оранд. Ҳамин лаҳза, аз дари утоқ писарам Абдумавлон ва Элёр, фарзанди Зўҳро Мирзоева «Ассалому алейкум» гуфта, даромаданд. Мо дер ҳамдигарро оғўш карда, аҳвол пурсидем. Гўё чандин сол надида бошем. Писарам андак, қадаш ҳам дароз шудааст. Командираш хандида гуфт, ки падар ва модари азиз, писаратонро дидед, акнун хотиратон ҷамъ шуд? Дар шаш моҳ ва яксолагӣ онҳо ҳамин хел бардаму қадашон дароз шуд, баъди итмоми хизмат шумо бинед, қариб намешиносед… Ин ҷо тамоми шароити мусоид барои будубоши сарбозону афсарон омода аст. Онҳо ба ҷуз дидори волидон аз чизе танқисӣ надоранд. Қисми мо Гвардияи миллӣ буда, бевосита зери назорати Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо мо низ ба Ватан, Давлат ва Пешвои миллат бояд содиқона хизмат намоем, - иброз намуд муовини командири қисм Баҳодур Маҳмадализода.

Аз чеҳраи фарзандонамон маълум буд, ки онҳо аз хизмат дар ин қисми низомӣ хурсанданд. Боварии модари Элёр намеомад, ки фарзандашро чунин хушҳолу бардам мебинад. Ашки шодӣ аз чашмонаш мешорид. Командири рота, капитан Салоҳиддин Сиҷоиддинов ба ў рў оварда гуфт: “Писаратон 6 моҳ ошпаз буд, дидем, ки андак фарбеҳ шуд, аз он ҷо гирифтем. Дар ҳақиқат, қади Элёр баланду тануманд шудааст. Хоҳарчаи хурдиаш, ки ҳамроҳи модар ба дидорбинӣ омада буд, акояшро сахт оғўш карда, ҳатто ҷунбидан намемонд. Ин лаҳзаи ҳаяҷонбахш буд.

Писарам Абдумавлон гуфт, падарҷон ҳар боре занг мезадед, ба шумоён мегуфтам, ки аз ман хавотир нашавед, ҷой ва шароити хизмат нағз. Акнун худатон омада, боварӣ ҳосил кардед, ки ин ҷо бароям мактаби бузурги мардонагиву шуҷоат ва ватандўстӣ аст.

Вақте дар мактаб таҳсил менамудам, дар бораи хизмати ҳарбӣ ақидаам дигар буд. Ҳама ба гапҳои кўчагӣ бовар карда, ба армия нарав, онҷо шароити хурду хўрок хуб нест, туро азоб медиҳанд, мезананд ва ғайра… мегуфтанд. Лекин ин ҷо омада дидам, ки он гапҳо бардурўғу асосе надоранд. Шароити будубош аз ин беҳтар намешавад. Сарулибосам нағз, хўрок, ҷои хоб, дамгирӣ ва машқу тамрин хеле хуб аст. Дўстони хеле зиёд пайдо намудам. Ҳама аҳлона бо табъи болида хизматро давом дода истодаем. Вақтҳои холӣ ба бозии футболу волейбол, тамошои телевизор, кино ва хондани китобу рўзнома машғул мешавем. Муносибати сарбозону афсарон низ хуб аст. Ман фахр мекунам, имрўз қарзи муқаддаси хешро дар назди Модар – Ватан сарбаландона иҷро намуда истодаам. Мехоҳам, ки дигар ҳамсолонам ҳам ба гапҳои иғвогаронаи кўчагӣ бовар накарда, ба ҳар даъвати Ватан лаббай гўянд. Зеро ўҳдадории ҳарбӣ - ин ўҳдадориест, ки ба дўши ҳар шаҳрванди кишвар вогузор мешавад, он танҳо хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад, - ба сухан афзуд писари сарбозам Абдумавлон. Боварам намеомад, ки фарзандам чунин суханонро дилпурона гуфта истодааст. Ў такрор ба такрор, аз сидқи дил ҳарф мезад.

Муовини командири қисми ҳарбӣ Б.Маҳмадализода гуфт, ки биёед, акнун ҳаёту шароити будубоши сарбозонро бинед. Мо аввал ошхонаи сарбозону афсарони қисмро дидем. Он тозаву озода буд, ошпазҳо хўроки шомгоҳиро омода менамуданд. Ҳамон бегоҳ мувофиқи нақшаи тартибдода шўрбо мепухтанд. Даруни дег маҳсулоти лозима, ба монанди гўшт, картошкаю сабзӣ ва дигар сабзавот мавҷуд буд. Вақте вориди утоқи дигар шудем, ба машомамон бўи нони гарм расид. Дидем, ки сарбозон нон мепухтанд. Командир гуфт, ки ин ҷо сехи нонпазӣ аст, ҳар рўз худи сарбозон ба ҳадди расам нони гарм омода мекунанд. Дар ҳақиқат, нони аз орди навъи олию якум пухташуда хеле болаззат буд. Сипас, хонаи хобро аз назар гузаронидем, он ҳам тозаву озода, батартиб, қолинҳои зебо фарш карда шудаанд, ки сарбозон ҳангоми ворид шудан мўзаҳояшонро кашида медаромаданд. Инчунин, дар хонаи хоб таҷҳизоти техникии назоратӣ буд, телевизор барномаҳои шабакаи Тоҷикистонро интишор дошт. Сачоқу ҷойпўшҳо ҳама оҳарӣ буданд. Роҳбалад гуфт, ки шаб ду нафар афсар ҳамроҳи сарбозон ин ҷо хоб мекунанд. Навбатдори қисм доимо тариқи камераҳо назорат мебарад.

Ҳоло аз ҷониби сарбозон ба мо ягон шикоят нашудааст.

Инчунин, мо хонаҳои хоби афсарон, хонишу истироҳат, анбор, толори машқу тамрин, ҳаммом ва гирду атрофи қисми низомиро дида ба хулосае омадем, ки ин ҷо тамоми шароит барои хизмати сарбозон муҳайёст. Ҳангоми шиносоӣ бо чанде аз сарбозон аз минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, Нурулло Юсуфов - аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Нодир Абдукаримов - аз шаҳри Хуҷанд, Муҳаммадҷон Нурмуҳаммадов - аз шаҳри Қўрғонтеппа ва дигарон оид ба шароит ва зисташон пурсон шудем, ҳама қаноатмандии хешро аз хизмат дар ин қисми низомӣ баён доштанд.

Сипас, хўроки шомгоҳиро ҳамроҳи сарбозон тановул кардем, ки дар ҳақиқат бо нони пухтаи сарбозон болаззат буд. Сарбозон гуфтанд, нону хўрок ба ҳадди расам аст. Се маҳал хўроки гарми болаззат бо чою шакар ва равғани маска ҳар пагоҳ муҳайёст. Ҳар ҳафта ошпазҳои моҳир оши палав мепазанд. Умуман, дар бораи хўрок ва сарулибос шикояте надорем.

Баъди хўроки шомгоҳӣ аз командир хоҳиш намудам, ду нафар ҳамхизмати фарзандамро ҳамроҳи мо монанд. Зеро падару модари онҳо ҳам аз ман хоҳиш намуда буданд, ки аз аҳволи онҳо пурсон шуда, савғотиеро диҳам. Ба навбатдор супориш дод, онҳоро ҳам оварданд. Ҳарду аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буданд. Яке ҳамсинфи фарзандам Акбархўҷа Маллаев, дигаре дўсти ҳамхизматиаш Амирҷон Алиҷонзода. Онҳо ҳам аз омадани ман шод гаштанд.

Баъд бо командири рота, капитан С.Сиҷоидинов ҳамроҳи фарзандон то дер сўҳбат намудем, боз дар бобати шароит ва фаъолияти хизмати онҳо дар ин қисми низомӣ. Ў гуфт, ҳама бо якдигар муносибати хуб дошта, хизмат намуда истодаанд. Мо аз мардуми вилояти Суғд миннатдорем. Зеро онҳо мардуми бофарҳанг, хушодобу меҳнатианд. Асло хавотир нашавед, алҳол онҳо дар ҳифзу ҳимояи давлатанд. Рўзе барояшон шаш соат дарси таълиму тарбия, дарси мардонагӣ, шуҷоатмандӣ, хештаншиносиву меҳанпарастӣ, одобу ахлоқ, эҳтироми волидон ва дарси ҳаётро меомўзем. Онҳо бояд, пеш аз ҳама, ба қадри Ватан, давлат, сулҳу оромӣ ва волидонашон бирасанд. Ҳамзамон, оянда баҳри пешрафти кишвар ва зиндагии шоиста ҳиссаи хешро гузоранд. Имрўз фарзанди Шумо фарзанди моанд, мехоҳам онҳоро баъди адои хизмат бо сари баланд, сиҳату саломат ва бо дили пур ба шумоёни азиз баргардонем. Мо аз шунидани ин суханони командир хеле шод гашта, ба ў ва дигар афсарони қисм арзи сипос намудем. Сипас, ў бароямон утоқи махсусро муҳайё кард, ки то саҳар ҳамроҳи фарзандамон бошем.

Шабро ҳамроҳи фарзандонамон рўз намудем. Писарам бо ҳамхизматҳояш ба хона, хешу табор ва ёру дўстонашон занг зада, аҳволпурсӣ кард, аз саломатӣ ва хизматашон нақлҳои аҷоиб намуданд.

Фараҳмандии аскарбачаҳо

Субҳи 15-уми апрел - рўзи шанбе, наздикиҳои соати 6 аз хоб бедор шудам, ки онҳо дар хобанд. Бедор карда, пурсидам, магар саҳарии барвақт хеста, ба машқҳои варзишӣ машғул намешавед? Онҳо гуфтанд, ки командир имрўз моро озод кардаанд. Сипас, берун баромада, дидам, ки сарбозону афсарон ба варзиши бадан машғул буданд, дигарон дар навбатдориву посбонӣ меистоданд.

Командири рота омада, ҳолпурсӣ намуд. Чӣ хел хобидед? Албатта, бо мо субҳона мекунед, баъд ба он қисми ҳарбӣ меравем. Ба навбатдор ишора кард, то ба волидону сарбозон дар утоқи дидорбинӣ дастархон ороянд.

Ҳамроҳи фарзандон наҳорӣ намудему озими дигар қисми низомӣ шудем. Дар машқгоҳи қисм афсарону сарбозон машқи давоми ҳафта азхуднамудаашонро ба роҳбарият намоиш медоданд. Баъди як соат муовини командири қисм, подполковник Баҳодур Маҳмадализода омада гуфт: “Омода шавед, меравем, моро интизоранд”. Аз командир хоҳиш кардам, ки ду нафари дигареро, ки аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буданд, ҳамроҳ барем, то онҳо ҳам бо ҳамхизматон хурсандӣ намоянд. Командир иҷозат дод, онҳо низ ҳамроҳи мо ба қисми низомии 02011 «д» омаданд. Ин ҷо аллакай чорабинӣ оғоз гардида, ҳофизони вилоят сурудҳои шўх мехонданд, аксари сарбозону волидон рақс мекарданд. Мо ҳам ба онҳо ҳамроҳ шуда, то нисфирўзӣ як ҷо бо фарзандамон хурсандӣ намудем. Дар ин қисм писарам Абдумавлон дўстони дигарашро пайдо кард, ки ба хизмат ҳамроҳ омада буданд. Аз дидани онҳо хеле хурсанд гардид. Дар ҷамъбасти чорабинӣ командири қисми мазкур сухан намуда, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ин иқдоми нек арзи сипос кард ва афзуд, ки ин аёдату чорабиниҳо табъи сарбозону афсарони моро шоду рўҳбаланд намуданд.

Ҳамзамон, волидони сарбозони вилоятро бовар кунонид, ки асло аз хизмати фарзандонашон хавотир нашаванд, шароитро бо чашмони худ диданд, ҳоҷат ба баён нест.

Дар ҷамъомад волидон - Нортоҷӣ Темирова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Гулчеҳра Салимова аз шаҳри Хуҷанд, Ҷамила Ғаффорова ва Маъруфҷон Абдураззоқов аз ноҳияи Спитамен низ сухан карда, миннатдории хешро, пеш аз ҳама, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд, ки дар саросари кишвар сулҳу оромиро таъмин намудаанд. Дар қисмҳои низомӣ, ки имрўз дидем, барои хизмати фарзандон тамоми шароити зарурӣ муҳайё аст, инчунин, ба командирони қисм, ки бо фарзандонамон муносибати хуб доранд ва ба истиқболи гарму меҳмоннавозиашон нисбати мо – волидон миннатдорӣ баён карданд.

Сипас, ҳамроҳи сарбозон ба ошхона даъват карданд, то ки якҷоя хўроки нисфирўзӣ тановул кунем. Он рўз аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастархони идона ва оши палав омода шуда буд. Мо, волидон ҳамроҳи фарзандон ва сарбозону афсарони қисм оши палавро бо иштиҳо тановул кардем.

Баъди хўроки нисфирўзӣ боз бо фарзандон сўҳбату хурсандӣ намудем. Сипас, роҳбари гурўҳ, подполковник Фарҳодҷон Толибов арза дошт: акнун бояд бо сарбозон хайрухуш намуда, ба роҳ бароем. Зеро дар роҳ боз қисми дигареро, дар шаҳри Ваҳдат ки фарзанди дуюми Гулчеҳра Салимова хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меорад, аёдат кунем. Волидон ҳама аз нав фарзандонро ба оғўш гирифта, хайрухуш намуданд, баъзе модаронро боз ашк дар чашмонашон ҳалқа мезад. Фурсати дур шудани волидон аз фарзандон фаро расид. Гўё ҳис кардем, ки он ду рўзе, ки ҳамроҳи писарамон будем, як ё ду соат буду халос, ҳама гуфтанд, аллакай меравем-мӣ? Вақти хайрухуш писарам Абдумавлон ва ҳамхизматонаш бори дигар гуфтанд, ки асло хавотир нашавем. “ҳамааш нағз, пас аз 1,5 сол сиҳату саломат бо сари баланд ба хонаамон меравем. Ба ҳама, аввало ба модарам, додарону хоҳарам, хешу табор, ёру дўстон ва аҳли маҳаллаву ҳамсояҳо саломи маро расонед”.

Сипас, ҳангоми хайрухуш Баҳодур Маҳмадализода, муовини командири қисми низомии Гвардияи миллӣ низ ба мо – волидон барои аёдат изҳори сипос намуда, афзуд, ки имрўз ҷои ташвиш нест, фарзандатон дар ҷои хубу шароити нағз хизмат дорад. Ба дигар волидон ҳам фаҳмонед, асло хавотир нашаванду барои хизмати онҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ монеъгӣ накунанд.

Баъди хайрухуш бо фарзандон роҳ ба самти пойтахти мамлакат гирифтем.

Манзараҳои дилангез

Ҳангоми бозгашт боз чашм аз табиату манзараҳои зебои кўҳистони дурдаст намекандам. Шукр мекардам, ки ин ҳама бо шарофати хизмати фарзандам Абдумавлон муяссарам гашт, ки дар ин макони зебоманзар қарзи муқаддаси худро дар назди Ватан адо намуда истодааст. Боз як чиз диққати ҳамаи моро ба худ кашид, ки дар ҳақиқат, ҳангоми гузаштан аз назди дарёи Сурхобу Хингоб ба самти шаҳри Роғун техникаву мошинҳои зиёди пуриқтидор сангу сангмайда ва регу дигар лавозимоти сохтмонро мекашонданд. Дилпур гаштем: он рўз дур нест, мо соҳиби Нерўгоҳи бузурги аср «Роғун» мегардему бо ҳамин истиқлолияти энергетикӣ дар мамлакат пурра таъмин мегардад.

Бегоҳӣ ҳангоми бозгашт ба пойтахт, дар шаҳри Ваҳдат фарзанди дуюми наваскари Гулчеҳра Салимова - Шоҳрухро, ки онҷо ба хизмат оғоз кардааст, аёдат намудем. Дар ин қисм низ аз вилояти Суғд бисёр ҷавонон адои хизмат мекарданд. Қисми низомӣ дар қади шоҳроҳи Ваҳдат-Душанбе ҷойгир буда, он ҳам шароити хуб дошт. Якчанд сарбоз ва худи Шоҳрух аз шароити хизмат изҳори ризоият карданд.

Баъди дидорбинии сарбозон шомгоҳ ба шаҳри Душанбе расидем. Ҳамон шаб дар меҳмонхонаи «Вахш» ҷой гирифтем. Баъди хўроки шом боз шаҳрро тамошо кардем. Субҳ роҳбари гурўҳ гуфт, ки рўзона боғу хиёбонҳои пойтахт ва дигар мавзеъҳои ободи шаҳри Душанберо тамошо карда, баъд ба роҳ мебароем. Мо, ҳама аз иқдоми роҳбари гурўҳ хурсанд гардида, баъди наҳорӣ шаҳрро давр зада, барои хотира расм гирифтем. Хуллас, ҳангоми сафар аз тамошои манзара ва табиати нотакрори кишвар, алалхусус, пойтахти мамлакатамон - шаҳри Душанбе, ки хеле зебо, назаррабову дилкаш шудааст, таассуроти бисёр бардоштем.

Дар рафти сафар худ равшан эҳсос кардам, ки волидайни аскарбачаҳо аз дидорбинии фарзандонашон басо болидахотир гардиданд. Ман ҳамчун як қаламкаш, алалхусус, ба модарони хуштолеъ Гулчеҳра Салимова, Матлубахон Умматова, Шарофат Мирзоҷонова, Анора Раҳматова ҳама аз шаҳри Хуҷанд ҳастанду ҳоло ду фарзандашон ва дигар модарони соҳиби яккаписаре, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ҷавонмардӣ қарзи муқаддасро сарбаландона адо намуда истодаанд, аҳсант гуфтаму барояшон умри босаодат таманно намудам.

Дар бозгашт ҳама волидон, пеш аз ҳама, дар ҳаққи Пешвои муаззами кишварамон, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаву созандагиашон кишварамон имрўз тинҷу ором буда, тараққиёту пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳо дида мешавад ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дасти дуо бардоштанд, ки чунин иқдоми некро анъана карданд. Мо – волидон бо дастгирии Раиси вилоят бевосита ба қисмҳои низомӣ рафта, макон ва хизмати фарзандонамонро бо чашмони худ дида, бо хотири ҷамъу табъи болида, бе ягон душворӣ ба ҳавлӣ баргаштем. Дар ҷавоби ин ғамхориҳо мекўшем, ки дар маҳаллаҳо, деҳа, ҷамоату шаҳрак ва шаҳрҳо ба мардум он чиро, ки бо чашми худ дар қисмҳои ҳарбӣ дидем, ба онҳо мерасонем. Ва ҷавонон бо дилпурӣ ва хотири ҷамъ ўҳдадории ҳарбиро, ки барои ҳар шаҳрванди банангу номуси Ватан қарз аст, сарбаландона иҷро кунанд.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»
 Хуҷанд – Душанбе – Рашт– Хуҷанд

ШУМО ДАР: АСОСӢ