Панҷакент. Авҷи корҳои созандагӣ дар иншооти ҷашнӣ

( 0 Овоз )

Баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллат 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат ҷараён доранд. Бино ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар миқёси шаҳр сохтмону азнавсозии беш аз 461 биною иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Айни ҳол то санаи якуми декабри соли равон 144 иншоот, аз ҷумла қасри фарҳанг, меҳмонхона, бинои иловагии беморхонаи марказӣ ва таваллудхонаи шаҳрӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, гулгаштҳо, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар зебогиву ободонии шаҳр саҳми соҳибкорони маҳаллӣ низ зиёд аст. Бо ҷалби соҳибкори маҳаллӣ Р.Расулов сохтмони хонаи истиқоматии шашошёна дар кӯчаи Сиёвуш аз ҷониби ҶДММ “Широз” сохтмони корхонаи хурди маҳсулоти ширӣ дар мавзеи “Қавола” сохта, ба истифода додани корхонаи мурғпарварӣ барои 8 500 сар мурғ аз ҷониби соҳибкор И.Абулҳаннонов ва дар деҳаи Баракат бунёд гаштани коргоҳҳои дӯзандагӣ, бандубасти меваи хушк ва ҳавзи моҳипарварӣ самараи даврони Истиқлолият мебошанд.

Давоми ду соли охир дар ҳудуди шаҳри Панҷакент беш аз 200 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуданд. Зимни сафари хизматӣ ба ин шаҳр аён гардид, ки корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти он босуръат ҷараён доранд. Бино ба иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан Э.Тӯхтаев дар ҷамоат беш аз дувоздаҳ иншооти гуногуни хизматрасонии маишӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар дигар иншоот корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён дорад. Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммад Суюшов дар деҳаи Шӯрча ва соҳибкори дигар Меликов дар деҳаи Обшорон коргоҳи коркарди қуму шағал, коргоҳи дӯзандагӣ, сартарошхона дар деҳаи Кабудсанг, кофтани чоҳҳои амудӣ, марказҳои хизматрасонӣ дар деҳаҳои Хамиртеппа, Суфиён ва сохтмони чаҳор синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 – уми деҳаи Зебон аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкори дигар Бобоҷон Бадалов дар деҳаи Шӯрча хонаи саломатӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар деҳаи Наврӯзтеппа бошад, сокинони деҳа се синфхонаи иловагиро барои таълиму тарбияи насли наврас ба истифода додаанд.

Инчунин, бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии ҷамоат кофтани чоҳҳои амудӣ барои обёрӣ намудани заминҳои ташналаб ва бо оби ошомиданӣ таъмин кардани худи сокинони деҳаҳои Хамиртеппа, Шӯрча, Сӯфиён ва Кабудсанг ба роҳ монда шуда беш аз 5 чоҳи амудӣ кофта шудааст, - илова намуд Э.Тӯхтаев.

Тибқи иттилои раиси Ҷамоти деҳоти Сӯҷина Шаҳло Абдураҳмонова давоми соли равон 6 иншоот сохта, мавриди истифода қарор дода шуда, дар боқимонда иншооти ҷашнӣ корҳо хуб ҷараён доранд.

Аз ҷумла бо кӯшишу ғайрати ҳамаҷонибаи соҳибкор Б.Шамсиев дар деҳаи Сӯҷина Маркази хизматрасонӣ бо фарогири 5 ҷойи нави корӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба гуфти номбурда аз ҷониби соҳибкор Самарҷон Эшов сохтмони маркази хизматрасонӣ иборат аз ду ошёна, чойхона ва тарабхона, аз ҷониби Каромат Турсунова сехи дӯзандагию атласбофӣ сохта шуда истодааст. Дар ҳудуди ҷамоат бунёди 10 маркази савдо ва хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда, то ҳол 3 тои он ба пуррагӣ мавриди истифода қарор гирифт. Роҳи байни деҳаҳо шағалпӯш гардида, дар деҳаи Қумсой бо ташаббуси мардуми ба сафари Ҳаҷ номнавис гардида 5 километр роҳ мумфарш ва як сартарошхонаи замонавӣ барои сокинон дари худро боз намудааст. Ҳамчунин, сохтмони як қатор иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ва хизматрасонии маишӣ ба нақша гирифта шуда, он марҳала ба марҳала сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, - илова намуд Ш. Абдураҳмонова.

- Сокинони меҳнатқари- ни шаҳри Панҷакент дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500 - солагии Саразми бостонӣ сармашқи кори худ қарор дода, бо рӯҳияи баланд баҳри саҳм гузоштан дар пешрафти кишвари азиз талош доранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”
Хуҷанд - Панҷакент – Хуҷанд

ШУМО ДАР: АСОСӢ