Чаҳорбоғи Истиқлол

( 1 Овоз )

Ҳанўз ду сол пеш дар остонаи ворид шудани соли 2016 ва оғози соли истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зиёиёни вилоятро ҷамъ намуда гуфтанд, ки мо ният дорем дар қисми болоии роҳе, ки ба биноҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон наздик аст, маҷмаа сохтанӣ ҳастем, ки рамзи 25-солагии Истиқлолият хоҳад буд...

Инак, корҳо оғоз ёфтанд ва сокинони шаҳр рўз ба рўз, моҳ ба моҳ пай бурданд, ки чӣ гуна миёнараҳа, ки нимакўҳи табиӣ буд, дарозо ба нишебӣ паст шуда, ба як ғори азиме бадал меёбад. Fайр аз таҳкурсии асосии маҷмаа, лозим омад аз тарафи ду донишгоҳ гузаргоҳи азими зеризаминӣ сохта шавад, ки тарафи чапу рости он то бинои азими маҷмаа мерасид ва ба тарафи дигари кўча мебаромад.

Болои маҷмаа бо конструксияҳои металлӣ то 55 метр боло шуда, натанҳо тамошогоҳ сохта шуд, балки боз қад кашида, болояшро Тоҷи шоҳона фаро гирифт. Аз тарафи чап ҳам гузаргоҳи зеризаминӣ то маҷмаа расида, қисми дигараш то он сўи роҳи мошингард тўл кашид.

Дохили маҷмаа иборат аз толори намоиш-182,4 метри мураббаъ, кафе-бар-42,1 метри мураббаъ, гўшаи молҳои конселярӣ-20,8 метри мураббаъ, мағозаи атиқа-344 метри мураббаъ, мағозаи китоб-42,1 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки лифти махсус то баландии 50 метр мебардорад. Гузаргоҳе, ки то маҷмаа мебарад ва ба тарафи дигари роҳ мегузаронад, ҷамъулҷамъ 1025 метри мураббаъро ташкил медиҳанд, ки ҳама аз мармаранд.

Мо ҳама шоҳиди он будем, ки соли гузашта Президенти мўҳтарам, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар доштанд ва дар ифтитоҳи маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” дар Хуҷанд ширкат варзиданд. Ҳамчунин, ба шарафи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмааи “Истиқлол” ифтитоҳ ёфт ва ба маҷмаа Пешвои миллат баҳои баланд дода, гуфтанд, ки зебоӣ зебоӣ мепарварад, хуб мешуд, ки гирду атрофи маҷмаа низ ҳусни тоза бигирад.

Бале, бо ҳидояти Президенти кишвар Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ охири соли гузашта зиёиён ва фаъолони шаҳру вилоят ва сохтмончиёнро дар маҷмаа ҷамъ оварда, масъала гузоштанд, ки гирду атрофи маҷмааро ба боғи истироҳатӣ табдил диҳем.

Инак, дуввумин навбати кор шурўъ шуд. Аввал ҳамин чиз ба назари мутасаддиён расид, ки теппаи тарафи чапи маҷмаа нисбат ба тарафи рост хеле баланд аст ва дар сурати бунёди боғ ва баланд шудани дарахтон ин тафовут боз намоёнтар хоҳад шуд. Бинобар ин, дар назди бунёдгарон вазифа гузошта шуд, ки хоку санги тарафи чап ба тарафи рост кашонида шавад, то ба ҳадде ҳарду ҷониб ҳамвор гардад. Ин кор аз моҳи январи соли 2017 оғоз ёфт. Зиёда аз чаҳордаҳ ҳазор мукааб хоку санг аз тарафи баланд ба тарафи паст гузаронида шуд. Қисмати тарафи чап калонтар - 1250 метри мураббаъро ташкил медиҳад, қисмати рост бошад, аз як гектар зиёдтар аст. Вақте расид, ки ду тарафро низ ҳамвор намоянд. Натанҳо сангашро чиданд, балки хоки сиёҳи ҳосилхез кашонданд.

Бояд гуфт, ки як қисми таркибии бунёди чаҳорбоғи “Истиқлол” пиёдароҳҳо мебошанд, ки натанҳо чаҳор тарафро ба ҳам пайвастанд, балки пиёдароҳҳои миёнбур кушода шудаанд, ки як сўро бо дигар сўй мепайванданд ва ҳамин тариқ замини тарафи рост бо замини тарафи чап тасмабандӣ шуд. Ду фаввораи калон, ки дар миёни ду минтақа бунёд шудааст, ҳусни дигари маҷмаа мебошад. Ин пайроҳаҳо, ин ду шаршара низ ҳоло сафолпўшу мармарпўш шудаанд ва ҳусни маҷмааро гулу бутта, кабудизорону ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ таровати зиёде бахшидаанд.

Наврўзи фархундапай омад, сафари Пешвои миллат дар вилояти Суғд сурат гирифт. Бо пою қадами мубораки Президенти мўҳтарам, бо ҳиммати баланди Раиси вилоят, бо ғайрати беҳамтои сохтмончиён дар рўзҳои Наврўзи соли 2017 боз як гўшаи шаҳри азизамон ҳусну ҷилои тоза гирифт ва бори дигар собит шуд, ки агар дар Ватан сулҳу субот, байни халқ ваҳдат, дар дилҳо меҳр ва муҳаббат бошанд, заминро ҳамвор, санглохро гулзору сабзазор кардан, як ҷои нозебро зеб додан чандон кори мушкил набудааст, хусусан, дар мамлакате, ки миллати созандаву ободкорро дорад.

Муҳиддини Хоҷазод,
Нависандаи халқии Тоҷикистон


ШУМО ДАР: АСОСӢ