Сохтмончиён 25-солагии Истиқлолиятро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд

( 0 Овоз )

Боиси хушнудиву сарфарозист, ки ҳар сол якшанбеи ҳафтаи дуюми моҳи август дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хотири қадршиносӣ аз меҳнати созандаи сохтмончиён Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон таҷлил мешавад. Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон барои мо рӯҳияи тоза эҳдо намуда, барои ободу зебо гардонидани гӯшаҳои кишвари азизамон неруи дучанд мебахшад.

Сохтмоничиёни вилояти Суғд дар соли таърихии 25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооти гуногуни ба хоҷагии халқ заруриро бунёд намуданд. Чуноне Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таъкид намудаанд:  Бинокорони сарбаланди вилоят дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати вусъати корҳои созандагиву ободонӣ сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри иҷрои рисолати пуршараф – ободониву бунёдкорӣ кӯшишу ғайрати зиёд менамоянд.

Тавре хонандаи гиромӣ огоҳ аст, зимни сафари кории худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар моҳи марти соли 2016 иншооти гуногунро мавриди истифода қарор доданд. Сохтмончиён дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар оғози сол бинои мактаби замонавиро дар деҳаи Хиштхонаи ноҳияи Ашт бунёд намуданд. Мактаби наву замонавӣ аз 3 ошёна, 18 синфхона, се ҳуҷраи корӣ, толори варзишӣ бо 220 ҷои нишаст ва китобхона иборат буда, барои таҳсили 540 хонанда шароити арзанда фароҳам оварда шуд.

Чунин як бинои нави таълимӣ дар деҳаи Андарвашти ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба истифода дода шуд. Мактаби мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Бино дорои 15 синфхона, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ бо тахтаи электронӣ ва синфхонаи физикаю биология бо навтарин аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Иншооти дигаре, ки аз ҷониби сохтмончиён бо риояи талаботи муосиру миллӣ бунёд карда шуд, ин Кохи фарҳанги ноҳияи Ашт мебошад. Ин муассисаи фарҳангӣ аз 2 - ошёна буда, дорои 800 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои хурди машқӣ, толори маҷлис ва таҳхона мебошад. Бино бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ороиш дода шуда, ба кори сохтмончиён Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд доданд. Бо мақсади вусъати ободониву бунёдкорӣ ва бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмончиёни вилоят дар маркази шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ хиёбони марказӣ ва боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳракро навсозӣ намуданд, ки дар натиҷа маркази шаҳрак ба як мавзеи дилфиреб ва маҳалли сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфт.

Дар чанд соли ахир дар вилояти Суғд дар фазои орому осудаи кишвар сохтмони шаҳракҳои наву замонавӣ вусъати тоза пайдо намуд. Дар  солҳои пешин Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди шаҳракҳои замонавии Сайҳун ва Баҳористон санги асос гузошта буданд ва имрӯзҳо сокинон дар ин шаҳракҳо ба сохтмони манзилҳои истиқоматиашон машғул ҳастанд. Бояд таъкид намуд, ки оғоз бахшидан ба сохтмони шаҳракҳои нав дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон бори нахуст сурат гирифт ва дар амалисозии ҳадафҳои роҳбарияти вилоят сохтмончиён саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Барои бундёи манзил ва дигар инфрасохтори зарурӣ дар ин шаҳракҳо бо дастгирии роҳбарияти вилоят як зумра корҳо ба сомон расонида шуданд ва хатти обу барқ кашида шуд. Айни замон дар шаҳракҳои бунёдшаванда кор бо ҷӯшу хурӯш идома дорад ва сокинон бо шукрона аз соҳибистиқлолии ватан барои худ хонаҳои замонавӣ месозанд.

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2016 дар ноҳияи Мастчоҳ барои бунёди боз як шаҳраки наву замонавӣ - шаҳраки Меҳробод санги асос гузошт, ки шаҳраки нав дар масоҳати 330 гектар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Суғдиён» бунёд меёбад. Тибқи нақшаи генералии шаҳраки «Меҳробод» дар шаҳраки «Меҳробод» 18 километр дуртар аз маркази ноҳияи Мастчоҳ бояд 220 манзили дуқабата ва 2500 манзили зисти якқабата сохта шавад. Бо заҳматҳои сохтмончиён дар шаҳрак аллакай беш аз 1,5 километр роҳ мумфарш гардида, хатҳои интиқоли барқ ва лулаҳои об кашида шудааст. Ҳамин тариқ бо дастгирии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат чун дигар минтақаҳои ватани маҳбубамон дар саросари вилояти Суғд низ корҳои ободкорӣ бомаром идома дорад.

Дар солҳои қаблӣ мавриди истифода қарор гирифтани Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Қасри фарҳанг дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Маҷмааи таърихии “Нақибхон Туғрал”, Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ, азнавбарқароркунии қасрҳои фарҳанг дар ноҳияи Зафаробод, Деваштич ва Спитамен аз корҳои мондагорест, ки сохтмончиёни  вилоят бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ анҷом додаанд. Дар маҷмӯъ, ширкатҳои сохтмонӣ барои бунёди сохтмонҳои гуногун нақши арзанда мегузоранд. Дар ин росто мехоҳам зикр намоям, ки ширкатҳои сохтмонии “Раҳмониён” бо роҳбарии В. Раҳмонов, “Хуҷандсохтмон” бо роҳбарии Б. Бобоев, “Сомониён - 1” бо роҳбарии М. Яҳёев ва дигарҳо хеле фаъол ҳастанд.

Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дошта, бо боварии том изҳор медорам, ки мо сохтмончиёни вилоят иди 25-солагии Истиқлолиятро бо дастовардҳои назаррас таҷлил менамоем.

Тоҳирҷон Қудратов,
Сардори Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд

ШУМО ДАР: АСОСӢ