Падидаҳои номатлуб – хатари ҷомеа

( 1 Овоз )

Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки бо истифода аз Ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гўянд!..

Эмомалӣ РАҲМОН

Имрўз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи рўзи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Аз ин лиҳоз, имрўз тадбирҳои муҳими ҳамаи давлатҳо барои мубориза бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пешгирии густариши фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ равона гардидаанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба масъалаи мазкур таваҷҷўҳ намуда, таъкид карданд, ки барои аз байн бурдани ин хатари умумӣ кишварҳои олам алайҳи он бояд дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ муборизаи беамон баранд:

«Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кўшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад».

Бояд таъкид намуд, ки Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти роҳабарии хеш таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи ташвишовари ҷомеа ҷалб намуда, аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ батакрор таъкид мекарданд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин ишораи Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба он равона шуда буд, ки зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм дар аксар мавридҳо таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат гирифта, барои бадном кардани дини мубини Ислом сабаб мегардад. Ҳол он ки Исломи пок ҳеҷ иртиботе бо ин тундгароӣ надошта, ин падидаи нанговар ба хотири бадном кардани дини муқаддас аз тарафи душманон роҳандозӣ мешавад. Дар натиҷа, ба таъбири Сарвари давлатамон, «аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».

Дар робита ба ин таъкидҳои Пешвои миллат имрўз ҳар кадоми моро зарур аст, ки ба масъалаи мавриди назар муносибати ҷиддӣ зоҳир намоем ва аз пайвастани ҷавонони ноогоҳ ва дигар қишрҳои гумроҳи ҷомеа ба ин гурўҳҳо ҷилавгирӣ намоем.

Агар бодиққат таваҷҷўҳ намоем, дармеёбем, мақсадҳое, ки дар назди пайравони созмонҳои террористӣ қарор доранд, раванди табиӣ ва қонунии рушди ҷомеаи  башариро беэътибор ҳисобида, ба даст-овардҳои инсонӣ бо дидаи инкор ва ихтилоф менигаранд, пайравони ин гурўҳҳо барои расидан ба мақсади нопоки худ ба ҳеҷ гуна қонуният ва инсонгароӣ таваҷҷўҳ намекунанд.

Ба ибораи дигар, тафаккур, андеша, рафтору кирдор ва ҷаҳонбинии тундгароён тамоми дастовардҳои инсониятро дар замони муосир инкор намуда, таассуроти дар заминаи андешаҳои бофтаву сохта ва бардурўғ падидовардаи хешро ҳамчун ҳақиқати маҳз пешниҳод менамоянд. Аз ҷумла, бозгашт барои аз сар гирифтани суннатҳои ибтидоии дини Ислом, хати бутлон кашидан ба арзишҳои пешқадаму башардўстонаи таҳаммулгароӣ, сабру шикебоӣ, офарандагию ободкорӣ, идеяи бебунёд ва бемаънии бунёди давлати ягонаи хилофат, бо баҳонаи ҷиҳод ва дар заминаи тафаккури маҳдуд рехтани хуни инсон ва мисолҳои ин натиҷаи дар вуҷуди чунин гурўҳҳо мавқеъ гирифтани эҳсоси яктарафа ва нодуруст баҳо додан ба равандҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳол он ки инсониятро ба баду нек ҷудо карда, байни онҳо низои диниву мазҳабӣ ангехтан, душман ва гумроҳ ҳисобидани онҳое, ки пайрави ин ҳаракатҳо нестанд, рехтани хуни бегуноҳи инсон дар рўи замин, кўшишҳои бо номи Ислом амалӣ намудани идеяҳои пур аз ҷаҳолату торикӣ ва ғафлатзо, ки ҷавҳари мафкураи ҳизбу созмонҳои бунёдгаро ва иртиҷоиро ташкил медиҳанд, аз дидгоҳи ҳеҷ як аз дину мазҳаби олам пазируфта ва писандида намебошад. Аз ин рў, барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки хеш ин созмонҳо амалҳои террористиро василаи расидан ба ҳадаф интихоб намуда, барои гумроҳ намудани мардуми ҷомеа, бахусус ҷавонон талошҳои бесамар анҷом медиҳанд. Бинобар ин, дар ҷомеае, ки арзишҳои Ислом нодуруст маънидод карда мешавад ва ё дониш ва ҷаҳонбинии динӣ ва дунявии афроди ҷомеа дар сатҳи паст қарор дорад, таассуботи динӣ рушд карда, боиси нооромии ҷомеа мегардад. Чунин таассуб дар вуҷуди ҷавонони гумроҳ мавқеъ гирифта, нафрати онҳоро нисбат ба инсоният бармеангезад, ҳатто ба дараҷае мерасад, ки арзишҳои ҳаётро барои онҳо бемаънӣ гардонида, онҳоро ба шахси маргталабе, ки қодир аст, дар як лаҳза худро қурбон кунад, мубаддал месозад. Чунин тарзи таассуб дар ҷомеае, ки ҷаҳонбинӣ,  дастовардҳои илмӣ ва дигар арзишҳои дунявӣ маҳдуд гардида, баръакс муҳити равонии маҳдуд ва эҳсосоти динӣ боло мегиранд, зуҳур мекунад. Бинобар ин ҳам дар ҷомеа мавҷудияти афкори солиму озод ва созанда, инчунин рушди илму маърифат ва саводнокии мардум шарти асосии аз миён бурдани таассуботи динӣ мебошад.

Дар ин росто, вусъат бахшидани мубориза ва роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботии идеологӣ барои фош намудани ҳадафҳои фоҷиабори гурўҳҳои тундрав яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо мебошад.

Воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ки миллатро ба ҳоли парешонию давлатро дар садади нобудӣ қарор дод, натиҷаи чунин ноогоҳию ҷаҳолат, зиёдаравӣ ва фирефтаи бархе аз гурўҳҳои фурсатталаб гардидани мардум буд. Хушбахтона, ҷаҳду талош ва тадбирҳои оқилонаи фарзанди фарзонаи миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаро аз вартаи ҳалокатбор берун кашида, ҳақиқати гурўҳҳои тундравро дар назари мардум рўнамо намуд.

Воқеаҳои нангине, ки дар ибтидои моҳи сентябр дар кишвар вобаста ба ташкили сўиқасд ва табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ сурат гирифта, боиси ташвиши  ҳамватанон гардиданд, бори дигар исбот намуданд, ки бадхоҳони миллат ҳанўз ҳам кўшиш доранд, ки бо дасти гумоштагони  зархарид ва бо таҳмил намудани низоми барои мардуми мо бегона вазъиятро ноором созанд. Вале иродати мардуми тоҷик пеши роҳи ниятҳои нопок ва хоинонаи онро гирифт, нагузошт, ки бадхоҳон оромию осудагӣ ва зиндагии рў ба нишоти мардумро бори дигар халалдор созанд. Зеро халқи тоҷик пас аз имтиҳонҳои сангину озмоишгари таърих ҳамакнун ба қадри тинҷию оромӣ мерасад ва барои дифоъ аз даст-овардҳо ва неъмате, ки истиқлолияти кишвар бо сарварии Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо додааст, талоши бештар менамояд.

Дар замони имрўза падидаи номатлуби терроризм ва зуҳуроти дигари ба он алоқаманд дар шаклу намудҳои мухталиф зуҳур мекунад: ба вуҷуд овардани инфиҷор (таркиш)-ҳо дар ҷойҳои сераҳолӣ, дохили автобусҳо, фурудгоҳу мағозаҳо, тавассути таркиш хароб кардани биноҳои аҳамияти муҳимдошта, гаравгон гирифтани одамон, бо роҳи зўрӣ дар одамон ба вуҷуд овардани тарсу ваҳм ба хотири дар шуури онҳо ҷой додани нобоварӣ нисбати ҳаёти ояндаи дурахшон, бо роҳи сўиқасд ҷисман нобуд кардани шахсиятҳо ва ғайра. Муноқишаҳое, ки дар кишварҳои Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳо ба амал меоянд, нишон медиҳанд, ки имрўз терроризм ва экстремизм ба хатарҳои дараҷаи аввали ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Бинобар ин ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ тамоми намудҳои ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намуда, борҳо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ кишварҳои оламро аз хатари ин падидаи ба ташвишоварандаи ҷомеа огоҳ намуда, бо Исломи пок иртибот надоштани онро ошкоро баён намудааст. Бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлатамон соли 2015 дар шаҳри Душанбе доир гардидани конференсияи бонуфузи байналмилалии «Ислом - зидди экстремизм ва терроризми динӣ», ки бо ширкати беш аз 30 кишвари дунё баргузор гардид, баёнгари он аст, ки Тоҷикистон дар заминаи мубориза бар зидди ифротгароии динӣ бетараф набуда, яке аз ташаббускорони ба роҳ мондани ҳамкориҳои қавӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад.

Дар конфронси мазкур фаъолияти яке аз гурўҳҳои тундрав, ки худро бо номи «Давлати исломӣ» муаррифӣ карда, дар сатҳи ҷаҳон ба иҷрои амалҳои ғайриинсонӣ ва ғайриисломӣ машғул аст, аз тарафи иштироккунандагон мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Иштироккунандагони конфронс, ки аз донишмандони забардасти исломшинос ва уламои бузург иборат буданд, гурўҳҳои ба ном “Давлати исломӣ”-ро ҳамчун гурўҳҳои ифротгарои динӣ, террористӣ, ғайриисломӣ, бадномкунандагон ва мухолифони дини мубини Ислом маҳкум намуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гурўҳҳои ифротии мазкур ҳеҷ гуна истиқлолият ва мустақилияти давлатҳоро эътироф намекунанд, балки мехоҳанд, давлатҳоро дар таркиби «хилофат»-и хаёлии худ бубинанд. Барои онҳо низомҳои демократии давлатдорӣ арзиш надоранд ва мехоҳанд, низомҳои кўҳнашуда ва кайҳо фаногаштаи асримиёнагиро аз нав эҳё кунанд, гуногунандешӣ ва плюрализмро чашми дидан надоранд.

Ба андешаи бархе аз олимон, яке аз сабабҳои густариши ҳизбу ҳаракатҳои тундрав падидаҳои тозаи тамаддуни ҷаҳонӣ - равандҳои ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ва рушди технологияи иттилоотӣ маҳсуб меёбад. Зеро ин раванд имкон медиҳад, ки фаъолияти созмонҳои ифротгаро хусусияти фарогир пайдо намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш ба ин масъала ишора карда гуфта буданд: "Таҳдидҳое, ба монанди терроризм, экстремизм ва сепаратизм, ки қаблан ҳам вуҷуд доштанд, дар замони мо хусусияти глобалӣ касб намудааст". Ба андешаи мо, ин гуфтаҳо маънои онро доранд, ки созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ имрўз мекўшанд, ки дастовардҳои навтарини технологияи иттилоотиро ба манфиати ғаразноки худ, хоса барои ба худ кашидани афкори ҷомеа, бахусус ҷавонон истифода намоянд. Онҳо аз шабакаи ҷаҳонии иттилоотии Интернет, воситаҳои телекоммуникатсионӣ, телевизион ва рўзномаву маҷаллаҳо ҳамчун аслиҳаи асосии таблиғотӣ истифода бурда, мехоҳанд, ҷомеа ва, бахусус, ҷавононро гумроҳ созанд. Бинобар ин, дар замони мо, ки муборизаҳои иттилоотӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат дар шароити муосир маҳсуб меёбад.

Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар суханрониҳои хеш борҳо таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки дар мубориза бо терроризм ва экстремизм соҳиби мавқеи устувор буда, дар ин замина бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории густурда дорад. Дар кишвари мо бо иқдоми шоистаи Сарвари давлат имрўз барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини баробарҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Маҳз, дар даврони Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари соҳиби дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ гардидан ба комёбиҳои бузурги маънавӣ ва фарҳангӣ низ ноил гардид: сатҳи худшиносии мардум боло рафт, ваҳдат, таҳаммулпазирӣ, табодули фарҳангу ақидаҳо, андешаи созандагӣ ҷузъи таркибии андешаи миллӣ қарор гирифт. Мардуми кишвари озоду ободи мо имрўз аз он ифтихор доранд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳиби давлати миллӣ ва рамзҳои давлатӣ гардиданд. Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад…». Аз ин рў, давру замон дар назди мо-аҳли зиё, олимон ва соҳибватанон вазифаҳои бузургеро гузоштааст: бояд ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар, ки имсол 25-солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил хоҳем кард, доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон барем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорем.

Т.С.Султонзода,
мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: АСОСӢ