Шукӯҳи хоса ва мӯҳтавои тоза

( 1 Овоз )

Ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ ва рушди босуботи иқтисоди миллӣ сол ба сол шумораи аҳолӣ афзоиш ёфта, дар ин замина шаҳраку марказҳои нави аҳолинишин бунёд гардида истодаанд. Дастур дода мешавад, ки шаҳракҳо мутобиқи тамоми қоидаҳои шаҳрсозӣ босифат бунёд гарданд ва  онҳо бояд садсолаҳо ба мардум хизмат расонанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Қувваи дастҷамъию созандагӣ

Ташаббус ва иқдом калимаҳоеанд, ки аз ҷиҳати моҳият бе ҳеҷ ваҷҳ тавъаманд. Имрўз дар ин макони бунёдкорӣ ва ободонӣ – ба васфи банноёни шаҳраки Сайҳун сухан гуфтан барои ҳар кас гуворост ва ба мо, журналистон ифтихор ва пайкори касбӣ ҳам ҳаст, зеро он ҳама амалҳои неку обод-гарӣ моро аз мавҷи худ, аз насими ҷонбахши худ бебаҳра намегузорад. Аслан, нишонаҳои онро дар дигар гўшаҳои вилоят низ мушоҳида кардан мумкин аст: дар шаҳракҳои нав бунёдшавандаи Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ, Моҳпарии шаҳри Исфара, Баҳористони шаҳри Истаравшан, Саразми шаҳри Панҷакент. Аммо шиддати пешрафти корҳо, ҷараёни амалисозии нақшаҳои кулли сохтмонҳо ва чунонки гўянд, нақшаҳои дақиқи бунёди шаҳракҳо дар ҳама ҷо як хел нест ва як хел шуда ҳам наметавонад.

Ҳар як кор асоси худро дорад. Агар ташбеҳ дода гўем, ташаббус ва иқдом ҳам марказ ва асоси худро доранд. Ва аз ин асоси воқеӣ мавҷҳои он ба сар то сари вилоят паҳн мешаваду шуда истодааст. Қонунӣ ва ҳаққонист, ки шиддати корҳои созандагӣ - мавҷҳои тафаккури тоза чӣ қадар дур равад, аз чӣ қадар марҳалаҳо гузарад, нишонаҳои дар маркази ташаббусҳо пайдо шудаи онҳо бо он мемонанд.

Метавонем, муқоиса кунем, ки таъсири иқдомот ва ташаббусҳо имрўз дар куҷо фузунтар ҳис карда мешавад. Масалан, дар шаҳракҳо ва ё сохтмонҳои алоҳида? Албатта, дар шаҳракҳо, ки онҳо ҳамчун фарзандон ё худ меваҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони озоду ободи имрўз дониста мешаванд. Лекин дар ин раванди сохтмонҳои азим истеъдоди фавқулоддаи муҳандисон, меъморон, лоиҳакашон, сохтмончиён ва кормандони ёрирасон, таҷрибаҳои беназири онҳо, табиати зебоиофарии онҳо асос гузоштаанду оянда низ мегузоранд. Онҳо бинокори асосии объектҳои замонавианд!

Ин муқаддима ба он хотир зикр карда шуд, ки сўҳбате дар таърихи 5-уми апрели соли 2016 бо меъмор Солиҷон Муҳаммадов дар ҳуҷраи кориаш – Институти илмӣ-техникӣ ва ҷустуҷўии вилояти Суғд (дар шакли кўтоҳкардашудаи русӣ «Суғд-ИНТИЗ») доштем, таконе ба иншои мақолаи навбатӣ бошад.

* * *

Сардори шўъбаи меъмории Институти илмӣ-техникӣ ва ҷустуҷўии вилояти Суғд, меъмори пуртаҷрибаи соҳибмаълумот Солиҷон Муҳаммадов гуфт: - Аз Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба муассисаи мо супориш шуд, ки дар масоҳати ҳазор гектар аз дашти Сомғори ноҳияи Бобоҷон Fафуров нақшаи дақиқи шаҳраки Сайҳунро лоиҳакашӣ намоем. Вақте мо, лоиҳакашон, дар сўҳбати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ будем, аниқ ҳис намудем, ки дар наздамон чӣ гуна вазифаи пурмасъулияте истодааст. Барои таҳияи нақшаи кулл якуним моҳ вақт сарф шуд. Аз ҳамон замон инҷониб, бовар кунед, қариб ҳаф-тае ду маротиба ба ҷои воқеа-бунёдгарии шаҳ-раки Сайҳун меравам, он ҷо дар сари кор дар амалишавии лоиҳа иштирок мекунам. Ҷараёни сохтмон дар асоси нақшаи кулл муназзам аст, мардумон меҳнат мекунанд - ҳама бо як дилу ҷон ҳамин ободкорӣ ва созандагиро ба ҳамон ташаббусу иқдомот нисбат медиҳанд, ба дастгириҳои Раиси вилоят қоиланд ва муҳаббату эътиқод доранд. Ин муҳаббат ва ин эътиқод дар навбати худ исботи он аст, ки шаҳраки Сайҳун бунёд мегардад. Ҳамин муҳаббату эътиқод дар ҳавои ҳамаи майдончаҳои сохтмонӣ дар парвоз аст.

Дар Сайҳун корҳо бисёранд ва аз ин ҳам зиёд хоҳад шуд. Ҳақ ба ҷониби Ҳаким Фирдавсии Тўсист, ки хеле хуб гуфтааст:

Ҳар он кас, ки дорад равонаш хирад,

Бо чашми хирад корҳо бингарад.

Солиҷон Муҳаммадов яке аз он мутахассисону меъморони нексиришт мебошад, ки ба ҳар як кори худ бо чашми хирад менигарад. Аз ин ҷост, ки ҳар як иқдомаш бобарор буда, дорои натиҷаи дилхоҳ аст. Кордониву таҷрибааш ўро дар байни кулли меъморону муҳандисони сохтмончӣ соҳибэҳтирому бообрў гардонидааст. Натиҷаи ҳамин буд, ки ў барои комёбиҳо дар Намоиш-озмунҳои байналхалқӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷоизаи Иттифоқи меъморони Тоҷикистон «Беҳтарин меъмори соли 2009» сазовор гардид.

- Меъмор тарҳи шаҳрро меофарад, яъне рўи коғаз сабт менамояд, -гуфт ҳамон рўз дар рафти сўҳбат Солиҷон Муҳаммадов. –Дигар паҳлўҳои кор, чунонки мегўянд, ҷузъиёти амалҳо дар асоси нақшаи кулл ва нақшаи дақиқи шаҳраки Сайҳун аз муҳандисон, устоҳо ва масъулони объект корбарии устокоронаву фаҳмиши амиқро талаб менамояд. Бо вуҷуди ин ба рафти корҳои сохтмон иштироки муназзами меъмор хеле муҳим мебошад. Биноан гуфтаанд, ки меъморӣ санъатест бо нозукадоӣ.

Корҳои сохтмон ҷозибае доранд, ки аз ташвишҳояш насими гуворову рўҳбахш баробари қад афрохтани иморат мевазад. Чаро ки дар дили бинокорон ва ҳамаи онҳое, ки мутасаддии сохтмони шаҳраки Сайҳун ҳастанд, ташвиши ҳақиқию ҷиддӣ меҷўшад ва ҳамаро дар фазои хуши зиндагӣ нигоҳ медорад. Дар ҳар куҷои вилояти Суғд, ки сохтмони муосир ба нақша гирифта мешавад, ин ташвиши гуворо, рўҳбахш ва идомадеҳи ҳаёти пурсафо пайдо мегардад. Сохтмони ҷараёнгирифтаи шаҳраки Сайҳун ҳам аз ҳамин иқдоми навоваронаву ташвишҳои ҳақиқӣ, мақсаднок ва самаровар сар шудааст. Ҳар як сохтмон бо ҳаҷми худ, аҳамияти худ, таъсири худ овоза дорад. - Овозаи ҳар як сохтмон мувофиқи хурдӣ ё бузургии он, раванди соддагӣ ё мураккабии он аст, - риштаи суханро ба маҷрои касбӣ кашида гуфт Солиҷон Муҳаммадов.

Шаҳраки Сайҳун барои мардумони вилоят, он нафароне, ки аз дашти Сомғор қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифтаанд, сохтмонест ҳам беандоза бузург, ҳам мураккаб, ҳам нав.

Имрўз мардуми тоҷик, алалхусус, ҷавонмардони замон бинокорони хеле хушзеҳну донандаи касби созандагӣ гардидаанд. Биноҳои баландошёна, хуштарҳу замонавиро, ки хоси маҳал мебошанд, ҳамин кадрҳои маҳаллӣ, бинокорони худӣ-устоҳо, муҳандисон, меъморони тоҷик сохтаанд, месозанд ва сохта истодаанд. Дар фосилаи беш аз панҷоҳсолаи рўзноманигориамон борҳо бо одамони касбу кори мухталиф сўҳбат карда, худро дар ҷойи онҳо эҳсос намудаем.

Ҳоло сўҳбати мо бо меъмор маҷрои нав мегирад.

- Вақти таҳсил дар мактаби олии касбӣ ҳамаи адабиётҳо ва рафти тадрис бо забони русӣ буд, ҳоло ҳам мо он ибораҳои хоси сохтмонро бо тарзи русиашон ифода менамоему корбарӣ, - баъди андак ба хаёл рафтан гуфт Солиҷон Муҳаммадов. –Тамоми масолеҳи техникӣ, номи мошинҳо ва қисмҳои онҳо, номи соҳа ва касбу ихтисосҳо бо русӣ маънидод карда мешуданд. Калимаҳои соф хоси техникӣ ва бинокорӣ ба забони коргарони тоҷикзабон дохил мегардиданд, бисёри онҳоро чӣ тавре ки ҳастанд, ҳамон тавр қабул кардан лозим меомад. Гирем, калимаи «сварка»-ро дар ҳеҷ як сохтмони қаламрави кишвар ҳеҷ кас тарҷума карда, «пайвандкунӣ» ё худ «гарм карда пайвандкунӣ» намегўяду нагуфтааст. Ва ҳақ дорад, ки нагўяд. Барои он ки онҳо, яъне калимаҳои тарҷумашуда, аз як тараф, маънои соф «сварка»-ро надоранд, аз дигар тараф, онро кафшер гўянд. Бо шарофати мавқеъ пайдо кардани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ҳоло дар соҳаи сохтмону бинокорӣ, лоиҳакашиву тартиб додани нақшаи кулл, нақшаи дақиқи шаҳраку шаҳрсозӣ баъзе адабиётҳо, дастурамалҳо, китобчаҳои соҳавӣ навишта шуда истодаанд. Онҳоро аз маркази кишварамон дастрас намуда, ба кор бурда истодаем.

- Аз ҳама муҳимаш, шуури миллӣ, тафаккури миллӣ, адабиёти соҳавии миллӣ, сохтмони миллӣ ва бунёдгарони миллӣ ба майдони ҳаёти муосири миллии тоҷикон ворид шудаанд, ки боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, - ба таври алоҳида, мушаххас таъкид намуд мусоҳиби мо. –Гуфтан даркор аст, ки ҳеҷ як одами оқил тарафдори омехта кардани забони миллати худ нест. Лекин забонро на танҳо баъзе калимаҳои бегона, балки аксар калимасозиҳои нофаҳмову муғлақ ифлос мекунад.

Бояд ки забони зинда, ҳаракати ба ҳаёт сахт пайвастани онро ҳама ба назар бигиранд!

Аз сўҳбат бо Солиҷон Муҳаммадов хеле таассурот бардоштем. Ў дар ҳақиқат мутахассис-меъмори солор ва нерўманди соҳа будааст. Меъмор-сохтмончӣ баробари донандаи асрори касби худ будан, инчунин зеҳни тозаи забондонӣ доштааст: бо забони русӣ аъло сухан мегўяд, бо забони модариаш-тоҷикӣ гуфтори соф адабӣ дорад. Ў гуфт: - Дар фанни философия дараҷаи мутобиқати шакл ва мазмун ҳаст. Ман лоиҳаи шаҳраки Сайҳунро тавре тартиб додам, ки ҳамин раванд, яъне баҳам омадани шакл бо мазмун бозгўй бошад. Шаҳраки Сайҳун дар нақшаи кулл хеле хубу ҷаззоб қолабрезӣ шудааст ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ бо мазмуни мукаммал, ҷавобгўй ба талабот ва қоидаҳои муосири шаҳрсозӣ ҷило мегирад.

Муҳити сохтмони Сайҳун муҳити сарбаландист, муҳити хушбахтист. Дар ин муҳити сохтмони миллӣ бинокорони маҳаллӣ камол меёбанд. Дар ин ҷо таъсири мусбати муҳити коргарии сохтмон ба вуҷуд омадааст.

Дарахти дўстӣ биншон…

Аз рўзҳои аввали тараддудҳои бунёднамоии шаҳраки Сайҳун дар ин ҷо ниҳоли дўстӣ шинонида шудаву сабз гардидааст. Яъне, ки шаҳракро дастони ҷамъ месозанд, мардумон дўстона созандагӣ доранд ва ниҳоят оянда дар ин маъво хурдсолону бузургсолон аз манотиқи гуногуни вилояти Суғд дўстона, аҳлона ва сарбаландона сокин мешаванд.

Дар саргаҳи замини қисмати шимолии Сайҳун бо зани заҳматкаш, сокини шаҳраки Чоруқдаррон Эркиной Қобилова сўҳбат кардем. Ў гуфт, ки дар оилааш даҳ нафар аъзо буда, дар шароити ноҳинҷор зиндагӣ дорад. Писараш ба Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон барои соҳиб шудан ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ ариза додааст ва, хушбахтона, ҳам ба муродаш расидааст. Ин зани рўзгордида бо ҳисси миннатдорӣ изҳор намуд, ки пойдевори шаҳраки сохташавандаро Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд ва бо ташаббус ва иқдомҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дашти Сомғор дигаргун шуда истодааст, мардумони эҳтиёҷманд соҳиби манзилҳои худ мегарданд. Ҳақиқати ҳаётро худи одамон, ки соҳиби сертификати қитъаи замини наздиҳавлигӣ шудаанд, бо чашми сар мебинанд.

Дар ин ҷо оянда зиндагӣ гул мекунад. Ҷавонон бахту саодат, маъниву моҳияти ҳаёти шаҳрвандӣ, заминаи нашъунамои шахсияти худро дар ҳамин макон пайдо менамоянд. Ба навиштаи шоир истинод оварда, таъкид намудан айни муддаост: «Рав ба ин пайроҳа, дилро ошиқи эъҷоз кун».

Дар яке аз баромадҳои навбатии худ ҳангоми тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба мардумони ниёзманд Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳор доштанд, ки хушбахтона, бо ҷонибдорӣ ва сиёсати оқилонаю мардумпарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло аз мавзеи дашти Сомғор-яъне шаҳраки бунёдшавандаи Сайҳун 3,5 ҳазор оила ё худ 4,7, наздик 5 ҳазор аҳолӣ соҳиби қитъаҳои наздиҳавлигӣ шуданд. Мардуми шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бўстон, ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров ва қисман Айнӣ акнун метавонанд, шароити манзилии хешро беҳтару хубтар намоянд. Ин раванд имконият фароҳам меоварад, ки проблемаи дар ин хусус ҷойдошта оҳиста-оҳиста ҳалли муваффақонаи худро пайдо намояд.

Ҳамин суханҳоро, ки худ шоҳид будем, мешунидему хушнудии зани деҳотӣ – Тўтинисо Рустамова  -сокини Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Fафуровро,ки шукронаи замон ва ҳидоятҳои Сарвари давлат менамуд, эҳсос мекардем. Ў ба мо гуфт, ки шароити оилавиаш вазнин, духтараш бо фарзандонаш ба хонаи ў аз даргоҳи шавҳараш баргашта омадааст. Ҳанўз понздаҳ сол пеш барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба ҷамоати деҳот ариза дода будааст ва имрўз, хушбахтона, бо дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба муроди худу аҳли оилааш расидааст. Ин зани меҳнатӣ ҳамон рўз хеле хурсанд буд, шодӣ мекард, дидем, ки аз чашмонаш ашки шодӣ мерехт. «Шукр, ба ҳамааш шукр», -мегуфт ў.

Сайҳун шаҳраки замонавӣ мешавад, маъвои дўстӣ мешавад. Мо инро ба ҷону дил бовар мекунем! Биноан, дар рафти корҳои созандагӣ дар Сайҳун муҳобот ва муболиға барои воситаҳои тасвир бегонаанд. Фақат ҳамин, ки бино ба гуфтаи як рафиқи ҳамкасбамон, барои пухта расидани ҳиссиёти рафоқат, ёрӣ, эътиқод ва муҳаббат вақт лозим аст.

- Таҷриба ва мушоҳидаҳо ҳаминро таъкид мекунанд ва таҳлил ҳам ҳаминро тасдиқ менамояд, - мегўяд бо имони комил ҳамсафарамон, бинокори собиқадор Каримҷон Латифов, ки бештари умри худро ба корҳои сохтмонии шаҳри Хуҷанд бахшидааст. – Дар шаҳраки Сайҳун биноҳои боҳашамат, иншоотҳои инфрасохторӣ, мактабу нуқтаҳои табобатӣ, савдо ва ғайра, ки хоси шаҳранд, сохта мешаванд. Инҳоро гуфтану шунидан ва раво-раво дидан ба чи хурдсолу чи бузургсол умед мебахшад.

Сўҳбати мо дар мавзеи Сайҳун на танҳо як гуфтугўи сарироҳӣ буд, балки хеле муфид ва айни муддао баромад. Дар ин ҷо ҳаёти нав, дигаргунсозии манзараи даштрўя маҷрои тоза гирифтааст, ба ин мавзеъ бисёр касон даробаро мекунанд, ки шиносоӣ бо онҳо ва касбу корашон баъзе ҳалқаҳои занҷири тасаввури моро ба якдигар пайванд кард. Дар он ҷо аз гап гап баромаду якчанд дақиқа бо сарагрономи боғи интенсивии шафати Сайҳун, мутахассиси соҳа Абдуҳамид Ҳошимов сўҳбат кардем. Якчанд дақиқаи дигар бо худи меъмор Солиҷон Муҳаммадов саволу ҷавоб намудем, ки хеле фоиданок буд. Як вақт буд, ки коргари Сайҳун Улуғбек Мамадов пайдо шуд. Сонӣ боз коргари дигари ҳамин шаҳрак Элбес Эгамбердиев бо пои худаш расида омад. Дар байни ин вохўриҳо, вақте ки дар саргаҳи замини боғи интенсивӣ дар хусуси қатраҳои ҷонбахши оби полезӣ гуфтугўй доштем, сухан аз вазифа ва масъулияти иҷрокунандагӣ ҷараён гирифт. – Аз ин ҷо ба назди ҳавзи бузурги об меравем,- гуфт Солиҷон Муҳаммадов ва дасташро боло бардошта, ба тарафи шимолии Сайҳун ишора кард. – Онро ҳавзи захираи об гўянд: дарозии он 100 метр, бараш 60 метр ва чуқуриаш 3 метр мебошаду бештар аз 20 ҳазор мукааб-метр ғунҷоиши обро дорад. Ҳавзи захираи об ва обтақсимкунанда аст, худатон мебинеду хулоса мебароред.

Ба ин ҳавз оби Сирдарё софу мубарро омадааст. Сохтмончиён барои бунёди ҳавзи пуриқтидор хеле заҳмат кашидаанд, ки онро худ дидаву хуб эҳсос намудем. Ҳавзро кофта, таги онро, атрофи чуқуриашро то девораш бо плёнкаи махсуси полиэтилении сиёҳранг қобилияти муҳофизатӣ бахшида, болояшро бо ғафсии муайян бетонфарш кардаанд. Агар бо сабабҳои объективӣ аз пойгоҳҳои обкашии «Сумчак-1», «Сумчак-2» ва «Сайҳун-2» бо лўлаҳои обрасонӣ оби полезӣ наояд, ҳамин ҳавз тамоми Сайҳунро бо об таъмин менамояд. Ба назар гирифтани ин амалро худи ҳаёт, таҷрибаи бинокорӣ ва мантиқи бинокорӣ талқин намудааст. Дигар ҷузъиёташро мо ба воситаи пурсупос ва гуфтугузор, дар натиҷаи маънидоди гаштаву баргаштаи Солиҷон Муҳаммадов дар сари ҳамин ҳавзи азим аниқ кардем.

Гуфтем, дар миёни дашти беканор чанд муддат пештар касе гумон надошт ва ба хотир оварда наметавонист, ки ҳамин қадар ҳавзи пуроб пайдо мешавад.

- Ҳавзро бо маънои дигараш талоб ва ё обгир гўянд,-изҳор намуд як ҳамкасби солорамон ва шарҳ дод: -Моҳияти ҳавз афзун аст, онро ба як ҳавзи афсонавӣ дар биҳишт шабоҳат додаанд. Агар гўем, ҳеҷ муболиға намешавад, ҳамин ҳавз дар даштрўя худ Ҳавзи Кавсар бошад. Махфии ширинбаён гуфта:

Баҳри оби зиндагонӣ кай равам дунболи Хизр,

Баски истисно бар оби Ҳавзи Кавсар мезанам?

Дар атрофи ҳавзи пуроб қадамзанон мо, гўем, экскурсияи техникии худро давом медиҳем.

- Акнун масъала меистад, ки ҳамин ҳавзро эҳтиёт бояд кард, фаҳмонидан зарур аст, ки ҳар каси бо Сайҳун алоқаманд эҳтиётро фаромўш насозад. Иншооти азимро бунёд сохтан кори осон набошад,- фикри худро тақвият дод Солиҷон Муҳаммадов. -Эҳтиёт ҳеҷ вақт ба ҳеҷ кас зиён нарасонидааст.

Махсусан, дар дашт ҳар қатра обро қадру қиматаш баланд аст. Ба Сайҳун оби нўшокӣ аз ду манбаъ оварда шудааст – бо масофаи бисту панҷ километр аз мавзеи пештара Ўткансой-ҳоло Ҳазорчашма об овардаанд. Ҳамчунин, бино ба таҳлилҳои мутахассисон аз мавзеи Қароҷингил оби чашмасору чоҳҳои амудӣ, оби ширини нўшокӣ меояд, барилова мувофиқи бардошти шароити молиявӣ боз чандин чоҳи артезианӣ сохтан мумкин мешавад. Аниқтараш, шунида будем, ки ҳатто ҳафтоду панҷ чоҳи амудӣ кофтану сохтан мумкин будааст. Нақша, азму субот, ки ҳаст, ҳамин худаш бисёр чизҳоро мефаҳмонад.

- Ана акнун роҳамонро давом диҳем ҳам мешавад, - гуфт Солиҷон Муҳаммадов.

- Ба поёнтар меравем, пойгоҳи обкашии «Сайҳун-2»-ро бинем, - илова намудем мо. – Аз он ҷо хубтар диққат кунем, манзараи Сайҳунро амиқтар эҳсос менамоем.

Пойгоҳи обрасонии «Сайҳун-2» азим аст, пуриқтидор аст, онро набзи шаҳраки ҳоло сохташаванда ва боғи интенсивӣ, ки нашъунамо дорад, метавон гуфт. Дар ин ҷо одамони хушкору накўном кор мекунанд. Воқеан, аҳамият медиҳем, ки дар иншооти ҳаётафзо дар ҳақиқат мутахассисон ҳалол хизмат карда истодаанд.

Сайҳун бунёд мешавад, шаҳрак симои зебое мегирад. Бинокорон, боғпарварон ва худи соҳибони қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ қарзи оддитарини хешро дар раванди ҳаёти имрўза ба ҷо меоваранд. Онҳо ба зеботарин ному унвон лоиқанд. Ҳамин зебоӣ, ин шоистагиро мо дар симои бунёдкунандагони шаҳрак, ки ҳама рафоқати самимӣ ва дўстона доранд, мебинем.

Чӣ хуш фармудааст Ҳофизи бузургвор:

Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад!

Муқим АБДУРАҲМОНОВ,
Файзулло АТОХОҶАЕВ.
Хуҷанд-Сайҳун-Хуҷанд.
Суратгир Инъомҷон Рабиев

ШУМО ДАР: АСОСӢ