Мусоҳибаи Атахон Сайфуллоев бо Раиси вилоят

( 0 Овоз )
Мусоҳибаи Атахон Сайфуллоев бо Раиси вилоят

Шукронаи истиқлолият ва фазои осоиштае, ки дорем, ҳар гӯшаи ин сарзамини аҷдодӣ рӯ ба ободӣ дорад. Роҳҳо синаи кӯҳсорро шикофта, қалбҳоро ба ҳам наздик мекунанд. Ҳар сари қадам нишон аз пешрафту бунёдкорист ва онҳоро метавон аз чеҳраи ҳар як сокини мамлакат бармало мушоҳида кард.

Маҳз бо шарофати ҳамин фазои ояндасоз зиндагӣ аз дурдасттарин деҳа то маркази Суғди бостон - шаҳри Хуҷанд низ рӯ ба рушд дорад. Суҳбати Атахон Сайфуллоев, доктори илмҳои филология, бо Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз ҳамин боб таҳия шудааст, ки пешниҳод мегардад.

- Муҳтарам Раис, мехостам сухан аз боби пешрафтҳо оғоз шавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ин раванд ҷараён дорад ва мардуми вилоят ба оянда хеле хушбин аст. Ба андешаи Шумо, муҳимтарин дастовардҳо аз куҷо маншаъ мегиранд?

- Муҳимтарин масъалаҳои ҳалталаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии мамлакат дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ инъикос меёбанд, ки ҳаллу фасли онҳо сатҳи ҳаёти моддию маънавии мардумро баланд мебардоранд ва мамлакатро ба пояҳои нави тараққиёт мерасонанд. Дар вилояти Суғд ба ҳаллу фасли ин масъалаҳо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ин аст ки дар чанд соли охир, аз ҷумла, соҳаи саноати вилоят ба таври назаррас тараққӣ кард. Агар соли 2013 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 2,9 миллиард сомониро ташкил дода бошад, дар ибтидои соли 2014 ба нақша гирифта будем, ки то охири соли 2016 ҳаҷми ин навъи маҳсулотро 2 маротиба зиёд намуда, ба 6 миллиард сомонӣ мерасонем. Тибқи маълумоти ҷамъбастии нимсолаи якуми соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 2,1 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 451,9 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Ҷои қайд аст, ки дар соли 2014 ба истифода додани 155 корхонаи нав дар назар дошта шуда буд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми соли гузашта 164 корхонаи нави хурду бузург бо 3172 ҷойи нави кор ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар соли 2015 ба истифода додани 170 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 5,3 ҳазор ҷойи нави кор дар назар дошта шудааст. Ҳоло дар вилоят бунёди як қатор корхонаҳои калон, аз ҷумла сохтмони Корхонаи сементбарории «Ғаюр-Суғдсемент» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 1000 ҷойи кор ва истеҳсоли як миллион тонна семент дар як сол, Комбинати металлургии «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой» дар шаҳри Истиқлол бо иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ бо 1300 ҷойи кор, ҶДММ «Броадтек Тоҷикистон Майнинг инвестмент Лимитед»  дар шаҳри Панҷакент ва ҶДММ «Нуқрафом» дар шаҳри Истиқлол, бомаром идома доранд.
Дар ҳаёти кишоварзӣ низ дигаргуниҳои намоён рух доданд. Дар вилоят ислоҳоти соҳа гузаронида шуд ва ҳадаф аз ислоҳоти кишоварзӣ, ин пеш аз ҳама, соҳиби замин намудани деҳқонон мебошад. Маҳз дар натиҷаи ин ислоҳот беш аз 50 ҳазор хоҷагии оилавию инфиродӣ таъсис шуд ва метавон гуфт, ки замин соҳиби ҳақиқии худро пайдо намуд. Имрӯзҳо кишоварзон бо дили гарм ба меҳнат машғуланд ва яке аз самараҳои асосии ислоҳоти кишоварзӣ ин коҳишёбии теъдоди муҳоҷирон дар минтақа мебошад. 
Соли 2014 дар вилояти Суғд «Соли роҳҳои обод» эълон гардида буд. Тамоми сокинон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навсозии роҳҳои маҳаллӣ саҳми назаррас гузоштанд. Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки то ба имрӯз дар вилоят беш аз 2000 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва навсозӣ шудааст.

- Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат номида, аҳамияти онро дар худогоҳӣ, хештаншиносӣ, инкишофи тафаккури таърихӣ ва ифтихори миллии тоҷикон борҳо таъкид кардаанд. Дар ин ҷода чӣ корҳое ба сомон расид ва боз кадом нақшаҳое дар назаранд?

- Дар ҳаёти илмию адабӣ ва фарҳангӣ низ дастовардҳои назаррас мавҷуданд.  Бо мусоидати Ҳукумати кишвар ҳайати махсуси вилоятӣ ба шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карда, аз оромгоҳи шоири классики тоҷик Камоли Хуҷандӣ хок овард. Ба ин муносибат боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ аз нав сохта шуда, ба истироҳатгоҳи ҳақиқӣ мубаддал гардид. Кӯшкҳо қомат афрохтанд. Хонаю ҳавлии рамзии Камоли Хуҷандӣ сохта шуданд ва маркази илмии камолшиносӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Раёсати суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят «Девон»-и комили Камоли Хуҷандиро ба нашр расонд, ки ин воқеаи муҳими адабӣ ва илмӣ ба шумор меравад. Маҷмааи Қалъаи Хуҷанд низ обод гардид. Дар маркази боғи фарҳанг ва истироҳати Хуҷанд пайкараи барқади Камоли Хуҷандӣ гузошта шуд, ки амали ҳайкалтарошони маҳаллист.
Ҳоло омодагӣ ба таҷлили ҷашни 150-солагии шоири машҳури ғазалсаро Туғрали Аҳрорӣ бомуваффақият давом дорад. Девони ӯ ба нашр ҳозир мешавад. Ҳамчунин, нашри осори шоири маорифпарвар ва башардӯст Тошхоҷаи Асирӣ самараи хуб хоҳад дод.

- Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки соҳаи адабиёт ва фарҳанг низ дар вилоят рушд намояд.
Ба андешаи Шумо боз чӣ тадбирҳое бояд ҷуст, ки боиси равнақу ривоҷи минбаъдаи адабиёт ва фарҳанг шуда тавонанд?

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои фаъолияти самараноки аҳли илму адаб шароити мусоид фароҳам оварад. 
Мо ҳаракат мекунем, ки барои беҳтар шудани шароити зиндагӣ ва муҳити эҷодии нависандагон, қитъаҳои замин ҷудо кунем, чунон ки ин корро нисбат ба рӯзноманигорон кардем. Нависандагон ҳар сол бо роҳхати вилоят дар осоишгоҳи «Баҳористон» истироҳат ва эҷод мекунанд. Минбаъд ҳам ин таҷриба идома хоҳад ёфт. Ба ҳар адиб ҳар моҳ аз нигоҳи моддӣ кумак мекунем. Ба мақсади равнақу ривоҷи адабиёт ва ҳунар, мустаҳкам кардани робитаи нависандагон бо хонандаҳо, тарғиби беҳтарин асарҳо дар байни мардум соли 2016-ро Соли адабиёт ва санъат дар вилоят метавон эълон кард. Аз ҳама муҳим, ба нашри беҳтарин асарҳо кумаки моддӣ расонида метавонем, ки ин анъанаи давлатист. Дар ҳамин андешаам, ки оянда ҳаққи қалами муаллифро беҳтару хубтар таъмин бикунем.

- Хеле бамаврид ёдовар шудед, ки ҳаққи қалами аҳли эҷодро ба танзим даровардан лозим аст. Мутаассифона, баъзе нашриётҳои давлатӣ дидаю дониста ҳаққи қалам намедиҳанд. Дар бораи нашриётҳои вилоятӣ бошад, ҳоҷати гап нест, зеро дар аксари онҳо ҳаққи қалам дар нули зоғ аст...

- Алббата, дар тамоми мамлакатҳои мутамаддини ҷаҳон ба муаллифи ҳар як асари адабиёт, илм ва санъат ҳаққи қалам медиҳанд. Тоҷикистон дар ин ҷода истисно нест. Дар дасти мо китоби «Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф» (Душанбе, «Адиб», 2011) ҳаст. Албатта, дар роҳи баррасӣ ва ба амал татбиқ кардани қарорҳои мазкур, қабл аз ҳама ба ин ҳуҷҷатҳо такя мекунем ва кӯшиш менамоем, ки ҳуқуқи муаллиф поймол нашавад. Ба фикрам ду роҳи ҳалли ин масъала мавҷуд аст. Аввал аз ҳама ба сметаи ҳарсолаи харҷҳои давлатӣ ворид намудани маблағи муайян ва тасдиқ кунонидани он, сониян, барои нашри китоб ва андозаи ҳаққи муаллиф тақсим намудани ҳамон маблағ. Маблағро бевосита ба суратҳисоби нашриёт гузаронидан беҳтар аст, то ки роҳбари он битавонад бо муаллиф дар асоси асари ба нашр пешниҳодшудаи ӯ шартнома бандад. Дар ин маврид нашриёт метавонад 40 фоизи ҳаққи муаллифро пеш аз нашри асар, 60 фоизи боқимондаашро пас аз интишори он пардохт намояд. Инро ҳам бояд таъкид кард, ки китоби нашршударо (камаш 1000 нусха) нашриёт ба мағозаи китобфурӯшӣ месупорад ва маблағи он ба хазинаи давлат ворид мешавад. Дар маркази вилоят як мағозаи махсуси китобфурӯшӣ барои асарҳои бадеӣ, илмӣ ва тарҷумавӣ таъсис кардан зарур аст.

- Драматургия ва театр ҳамчун муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти маънавии халқи тоҷик низ самараи муколамаи фарҳангҳо ба шумор меоянд. Дар театрҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар Театри мазҳакаи мусиқии вилояти Суғд ба номи Камоли Хуҷандӣ низ, асосан намоишномаҳои тарҷумавӣ ва гоҳ-гоҳ асарҳои драматургҳои тоҷик ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Дар байни онҳо баъзе бозёфтҳои хуб мавҷуд бошанд ҳам, асосан сатҳи бадеии намоишномаҳо, сатҳи ҳунарии онҳо чандон баланд нестанд…

- Бале, ман ҳам дар ин хусус бисёр фикр мекунам. Мефаҳмам, ки драматургия яке аз мушкилтарин жанрҳои санъат аст. Лекин бузургон фармудаанд:
Мард бояд, ки ҳаросон нашавад,
Мушкиле нест, ки осон нашавад.

Ҳеҷ кас аз модар шоир, носир ё драматург таваллуд намешавад. Агар кас пайваста заҳмат накашад, истеъдоди фитрӣ нобуд мешавад. Ба фикри ман муҳимтарин шартҳои комёбии эҷодӣ ҳастии истеъдод, дониши фаровон, ҷаҳонбинии равшан ва албатта меҳнати пайваста мебошад. Драматург ҳар қадар соҳибистеъдод ва асари ӯ ҳамон андоза хуб бошад ҳам, бидуни ҳамкорӣ бо театр муваффақият ба даст оварда наметавонад. Дар ин ҷода хизмати коргардон ва актёрҳо бузург аст. Театр хонаи дуюми драматург бояд бошад. Драматург ва коргардонро лозим меояд, ки дӯстона, бародарвор ҳамкорӣ кунанд. Дар ин ҷода ташаббуси театр аҳамияти калон дорад. Хуб мешуд, ки роҳбарияти театр барои дарёфти драматурги хуб бо аҳли адаб суҳбату машваратҳо гузаронад. Муҳимтар аз ин драматургро бо муомилаи сард нагурезонад ва асари ӯро хуш қабул кунад.
Инкишофи санъати театрӣ кори як-ду нафар нест. Дар ин ҷода ба ҷуз ҳамкории драматург ва коргардон аз фикру андешаи нависандагон, шоирон, донишмандон ва тамоми ҳайати эҷодии театр бархӯрдор будан лозим аст.

-  Адабиёт, илм, санъат ва дигар соҳаҳои ҳаёти маънавӣ ба шарофати меросбарии наслҳо ва сафи суханварони соҳибтаҷрибаро бой кардани адибони ҷавон инкишоф меёбанд. Аз назари Шумо вазъи кору эҷоди адибон ва мунаққидони ҷавон дар вилоят чӣ гуна аст?

- Ҷои асосии таълиму тарбияи ҷавонони эҷодкори вилояти Суғд донишгоҳҳо ва редаксияҳои рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион ба шумор меравад. Шоирон ва насрнависони ҷавон баъд аз хатми мактаби таҳсилоти умумӣ сабақҳои илмӣ ва эҷодиро аз устодони донишгоҳ ва адибони соҳибтаҷрибае, ки дар дигар ташкилотҳои эҷодӣ хизмат менамоянд, мегиранд. Раёсати суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,  Кумитаи вилоятии ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Fафуров, идораи маҷаллаҳои адабии «Паёми Суғд» ва «Шарқнома»  макони таълиму тарбияи ҷавонони эҷодкор маҳсуб меёбад. Адибони русзабон дар атрофи редаксияи рӯзномаи «Согдийская правда» ва Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил ҷамъ омадаанд. Адабиётшиносон ва мунаққидони ҷавон бо роҳи таҳсил дар аспирантураи назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ё дар ҷараёни кор бо усули унвонҷӯӣ ва таълифу нашри мақолаю рисолаҳои илмӣ ташаккул меёбанд ва ба дараҷаҳои илмӣ соҳиб мешаванд.
Агар донишу истеъдод бошад ва адиби ҷавон омӯзаду меҳнат кунад, ниҳоли эҷодиёти ӯ зуд самар медиҳад. 
Ман мехостам, ки ҷавонон бо аввалин дастовардҳои худ саргарм нашаванд. Лозим меояд, ки онҳо бештар омӯзанд, маҳорат ва донишу таҷрибаи худро такмил диҳанд, пеш раванд. Умедвор ҳастам, ки ҷавонони эҷодкори мо худ ба рушду камол мерасанд ва адабиёту фарҳанги тоҷикро ба сатҳи боз ҳам баландтар мерасонанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин ҷода ҷавонони соҳибистеъдодро доимо ҳимоят ва дастгирӣ хоҳад кард. 
-Ташаккур.

Бознашр аз www.jumhuriyat.tj

ШУМО ДАР: АСОСӢ