Муҳоҷирати дохилӣ: Аз Айнӣ ба Зафаробод омаданд

( 0 Овоз )
Муҳоҷирати дохилӣ: Аз Айнӣ ба Зафаробод омаданд

Бо мақсади иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №530 аз 1 октябри соли 2009 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012» санаҳои 16 - 20 июн намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ноҳияи Айнӣ сафари корӣ анҷом доданд.

Зимни сафари корӣ мулоқотҳо бо муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ дар деҳаҳои Сангистон, Зосун, Путхин, Чоре ва Пои Мазори ҷамоати деҳоти Айнӣ, дар деҳаҳои Зеробод, Дар-Дар, Хайробод ва Новдонаки ҷамоати деҳоти Дар-Дар, дар деҳаҳои Канте, Пинён ва Пасруди ҷамоати деҳоти Фондарё ва дар деҳаи Фатмеви ҷамоати деҳоти Рарз гузаронида шуда, ба онҳо шартҳои муҳоҷират, ӯҳдадорӣ ва имтиёзҳое, ки ба онҳо дода мешавад, ба пуррагӣ фаҳмонида шуд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ санаҳои 22-23 июн 7 оилаи муҳоҷирони экологӣ ва 35 оилаҳои муҳоҷирони дохилӣ аз ноҳияи Айнӣ ба ноҳияи Зафаробод сафарбар гардидаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: АСОСӢ