Хабарҳо
«Эх, загулял, загулял, загулялпарень молодой…» - 20.11.2018 20:45
Аҳамияти милливу минтақавии «Роғун - 20.11.2018 20:40
Лоиҳаи Консепсияи хурофотпарастӣ ва вопасгароии ТТЭ ҲНИ-2018 - 20.11.2018 20:26
РӮЗИ ТАВАЛЛУДИ НУР - 20.11.2018 20:12
Рогунскую ГЭС не дали строить исламисты - 20.11.2018 19:52
Кабирӣ ба Роғун танҳо душманӣ мекард - 20.11.2018 20:05
БА БАДАХШОН ОМАДӢ, ХУШ ОМАДӢ - 20.11.2018 19:59
Боздиди Раиси вилоят аз гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии “Мадина” дар ноҳияи Мастчоҳ - 20.11.2018 16:20
Маркази саломатии деҳоти Зарафшони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ба истифода дода шуд - 20.11.2018 16:19
Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 20.11.2018 16:18

Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Панҷакент соҳиби хонаҳои нав шуданд

( 1 Овоз )

Санаи 20-уми августи соли равон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба водии Зарафшон сафари корӣ анҷом дод. Дар доираи ин сафар роҳбари вилоят ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Панҷакент калид ва ҳуҷҷати хонаҳои навро супорид.

Бояд гуфт, ки дар моҳи майи соли равон ба асари боришоти зиёд дар  шаҳри Панҷакент сел омад ва ба бархе аз минтақаҳо хисороти ҷиддӣ ворид намуд. Бино ба иттилои ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар натиҷаи ин офати табиӣ дар водии Зарафшон, аз ҷумла  шаҳри Панҷакент хисороти моддиву иқтисодӣ ба қайд гирифта шуд.

Дар асоси дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии  вилояти Суғд барои зарардидагони офати табиӣ дар мавзеи Дашти қозии ҷамоати деҳоти Ёрӣ ва деҳаи Шӯрчаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент сохтмони 15 манзили истиқоматӣ оғоз гардида буд, ки ин биноҳо дар мӯҳлати кӯтоҳ бунёд шуданд.

Дар ин рӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ шодишарики сокинони аз офат зарардида шуд ва калиди хонаҳои навро ба соҳибонашон тақдим кард.

Раиси вилоят сараввал ба мавзеи Дашти қозии ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ташриф овард. Дар ин мавзеъ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои 7 оила, ки хонаҳояшон пурра нобуд гардида буд, манзилҳои истиқоматии нав бунёд карда шудааст. Раиси вилоят  зимни боздид аз хонаҳои нави сокинони мавзеи Дашти қозӣ аз корҳои сохтмончиён, ки дар як муддати кутоҳ манзилҳои истиқоматиро бо сифати баланд бунёд намуданд, изҳори қаноатмандӣ кард. Раиси вилоят зимни сӯҳбат бо сокинон таъкид намуд, ки дар рузҳои нахустини ба вуқӯъ пайвастани офати табиӣ, дар асоси дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони зарардида ба ғамхорӣ фаро гирифта шуда, ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд ва инак дар як муддати кӯтоҳ хонаҳои нав бунёд карда шуд.

Сипас аз ҷониби Раиси вилоят дар фазои тантанавӣ ба соҳибони хонаҳо калид ва ҳуҷҷатҳои манзили навашон супорида шуд. Дар баробари соҳиби хонаи нав гардидан оилаҳои аз офати табиӣ зарардида бо тамоми лавозимоти рӯзгор таъмин карда шуданд. Аз ҷумла, сокинон дорои яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, телевизор ва ҷиҳози гуногун гардиданд. Дар навбати худ сокинон аз чунин таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумат изҳори хушҳолӣ намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят изҳори миннатдорӣ намуданд.

Пасон Раиси вилоят аз мавзеи Дашти қозии шаҳри Панҷакент ба деҳаи Шурчаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан омад. Дар ин ҷамоат Раиси вилоятро  мардум бо самимияти афзун истиқбол гирифтанд. Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар деҳаи Шурчаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент барои 8 оилае, ки бар асари офати табиӣ хонаҳояшон пурра хароб гардида буд, дар муҳлати кӯтоҳ манзилҳои нави истиқоматӣ бунёд карда шуд.

Абдураҳмон Қодирӣ дар ин ҷамоат низ бо сокинон сӯҳбати гарму самимӣ орост. Зимни сӯҳбат таъкид карда шуд, ки дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеъи Дашти қозӣ ва ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, дар маҷмӯъ 15 оилаи зарардида соҳиби хонаҳои нав гардиданд, ки ин хонаҳо бо ҷиҳози рӯзгор пурра таъмин буда, барои зиндагӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Раиси вилоят аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар муҳлати муайяншуда хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон сохта шуда, бо обу барқ таъмин карда шудааст. Роҳбари вилоят ба мардум мужда расонд, ки минбаъд кӯчаи марказии маҳалла асфалтпӯш карда мешавад. Ба таъкиди Раиси вилоят шаҳри Панҷакент рӯз ба рӯз ободу зебо гардида истодааст, ки ин ҳама бунёдкориҳо натиҷаи заҳматҳои  Асогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Абдураҳмон Қодирӣ ҷамъомадагон ва дар маҷмӯъ кулли сокинони шаҳри бостонии Панҷакентро бо 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, дар фазои тантанавӣ ба 8 нафар калид ва ҳуҷҷатҳои манзилашонро супорид.

Баъдан чанде аз сокинон баромад намуда, барои ғамхориҳои пайваста ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят изҳори сипос намуданд. Оилаҳое, ки соҳиби хонаҳои нав гардиданд, манзилҳои худро ҳамчун туҳфаи арзандаи Президенти кишвар дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Раиси вилоят аз хонаҳои навсохташудаи сокинони аз офати табиӣ зарадида боздид намуд. Тавре, ки иттилоъ дода шуд, хонаҳои истиқоматӣ аз як қабат ва се ҳуҷра иборат буда, фармоишгари он Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчӣ яке аз ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ мебошад. Барои дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо аз 20 то 50 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб шудаанд.

Дар ин руз хурсандии мардум, бахусус сокинони зарардидаро ҳадду канор набуд. Оилаи Фарҳод Норматов аз ҷумлаи чунин оилаҳост, ки соҳиби хонаи нав гардид. Аҳли ин оила сари дастурхон ҷамъ омада, нахуст барои пояндагии сулҳу субот ва шукуфоии Ватани азиз-Тоҷикистон дасти дуо бардоштанд.

Дар маҷмӯъ барои зисту зиндагии сокинони зарадида тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Дар ин маҳал се сол қабл як бино барои мактаб бунёд гардида буд. Акнун фарзандони оилаҳое, ки соҳиби хонаи нав гардиданд, ба ин боргоҳи маърифат фаро гирифта мешаванд. Масъулин изҳор доштанд, ки барои кӯдакони оилаҳои аз офати табиӣ зарардида кӯмаки худро мерасонанд, то дар соли хониши нав ба дарс оянд.

Ҳамин тавр аъзои 15 оилае, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ дар натиҷаи боришот ва омадани сел аз хонаву дар ва дигар ашёи рузгори хеш маҳрум монда буданд, дубора соҳиби манзилҳои истиқоматии дорои шароити зарурӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Боздидҳо Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Панҷакент соҳиби хонаҳои нав шуданд