Дар се моҳи соли равон ба маблағи 403,5 млн. сомонӣ маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ истеҳсол шуд

( 0 Овоз )

Давоми семоҳаи аввали соли 2017 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 403,5 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 105,7 фоиз баробар мебошад.

Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 10940 тонна гӯшт, 64787 тонна шир, 36,2 млн. дона тухм, 17,5 тонна моҳӣ, 212,7 тонна пашм ва 217,8 тонна сабзавот истеҳсол гардида, нисбати семоҳаи аввали соли гузашта афзоиши ҳамаи номгӯи маҳсулот таъмин карда шуд.

Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод намудани маслиҳатҳои муфиду маълумотҳои соҳавӣ аз ҳисоби роҳбарону мутахассисони сохторҳои марбута намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шаҳру ноҳияҳо вобаста ва сафарбар карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО ЁВАРИ ДЕҲҚОН Дар се моҳи соли равон ба маблағи 403,5 млн. сомонӣ маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ истеҳсол шуд