Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар маркази шаҳри Хуҷанд намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда мешавад.

Шанбеи гузашта низ намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид ва дар он кишоварзону деҳқонон ва зироаткорони ноҳияҳои кишоварзии вилоят маҳсулоти худро аз қабили картошкаю сабзӣ, пиёзу шалғам, биринҷу равғанро пешкаши харидорон намуданд.

Сокинони маркази вилоят ва харидорон аз маҳсулоти босифату тару тозаи деҳқонон харидорӣ намуда, аз нархҳои нисбатан арзон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар ин рӯз харидорон имкон доштанд маҳсулоти гуногунро бо нархҳои то 25 фоиз арзон нисбат ба нархҳои муқаррарии бозору марказҳои савдо харидорӣ намуда, барои рӯзгори худ ва истифодаи рӯзгор захира намоянд.

Дар намоиш – фурӯш нархи як килограм гӯшт то 26-27 сомонӣ, равған 10 сом. 20 дирам, сабзӣ 80-90 дирам, пиёз 1 сом. - 1сом. 50 дирам, картошка 1 сом. 20 дирам 1 сом. 90 дирам, биринҷ 6 -6 сом. 50 дирам арзиш дошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО ЁВАРИ ДЕҲҚОН Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хуҷанд