Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 209 млн. сомонӣ зиёд шуд

( 0 Овоз )

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ ба 1 миллиарду 256 млн. сомонӣ баробар шуд.

Аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 209 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ зиёд истеҳсол шудааст. Дар ин давра дар вилоят 80 ҳазор тонна ғаллагиҳо, 12846 тонна картошка, 53876 тонна сабзавот, 37229 тонна меваҷот истеҳсол карда шудааст.

Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳо 1269,8 гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО ЁВАРИ ДЕҲҚОН Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 209 млн. сомонӣ зиёд шуд