Кишоварзон дар 5981 гектар кишти такрорӣ гузарониданд

( 0 Овоз )

Дар заминҳои ҳосилаш ғундошташудаи хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд кишти такрорӣ оғоз шуда истодааст.

Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ то ба санаи 1 июли соли 2016 дар майдони 5981,7 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Аз  ҷумла дар 1341,4 гектар ғалладона ва лўбиёгиҳо (бе ҷуворимакка), аз онҳо шолӣ  151,1 гектар, дигар зироати ғалладонагиҳо  1190,3 гектар, ҷуворимакка барои дон  65,2 гектар, зироатҳои техникӣ  103,0 гектар, дигар зироатҳои техникӣ  103,0 гектар, картошка  15,3 гектар, сабзавот  538,9 гектар, полезиҳои озуқаворӣ  175,3 гектар ва зироати хўроки чорво  3742,6 гектар мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО ЁВАРИ ДЕҲҚОН Кишоварзон дар 5981 гектар кишти такрорӣ гузарониданд