Конибодом. Кишоварзони хоҷагии деҳқонии ба номи Д. Исоев дурнамои истеҳсоли пахтаро 101 фоиз иҷро карданд

( 0 Овоз )

Аҳли меҳнатии хоҷагии деҳқонии Д. Исоев аз ҷамоати деҳоти Патари  шаҳри Конибодом таҳти роҳбарии сарвари чашмикордон Тӯлқунбой Деҳқонов санаи 5 октябри соли ҷорӣ дурнамои истеҳсоли пахтаро ба яке аз аввалинҳо шуда иҷро намуданд.

Деҳқонони хоҷагӣ имсол дар майдони 73 гектар пунбадона кишт намуда, ба нақша гирифта буданд, ки 171 тонна пахта истеҳсол намоянд. Санаи 5 октябр  аҳли хоҷагӣ нақшаро 101% иҷро намуданд.

Меҳнаткашони хоҷагӣ ҳосили мавҷуда ва имкониятҳоро ба ҳисоб гирифта, азм карданд, ки илова ба нақша боз 70 тонна пахта чида, дар оростани хирмани хоҷагӣ ва шаҳр саҳми арзанда гузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО ЁВАРИ ДЕҲҚОН Конибодом. Кишоварзони хоҷагии деҳқонии ба номи Д. Исоев дурнамои истеҳсоли пахтаро 101 фоиз иҷро карданд