Ба маблағи 4,1 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд

( 0 Овоз )

Дар нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 4,1 миллиард сомонӣ расид ва афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 110,8 фоиз баробар гардид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 3 млрд 53 млн. сомонӣ ва чорводорӣ 1 млрд 59 млн. сомониро ташкил намуда, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба 113,3 фоиз ва 104,1 фоиз таъмин гардид.

Саҳми соҳаи растанипарварӣ дар маҷмўи умумии маҳсулоти кишоварзӣ 74,2 фоиз ва соҳаи чорводорӣ 25,8 фоизро ташкил дод.

Мутобиқи нақшаи ҷобаҷогузории кишти зироатҳо то ин давра дар майдони 270,4 ҳазор гектар заминҳо кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст.

Дар вилоят дар майдони 125,2 ҳазор гектар ғалладонагиҳо (бе ҷуворимаккаи дон) аз он ҷумла дар майдони 9251 гектар кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ, дар майдони 14954 гектар кишти картошка (1018 гектар зиёд), сабзавот дар майдони 15512 гектар (1007 гектар зиёд) ва дар майдони 44193 гектар (1240 га зиёд) пахта кишт карда шуд.

Дар вилоят дар ин давра дар майдони 14819 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки он 100,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли ғаллагиҳо 258,1 ҳазор тонна (14,8 ҳазор тонна зиёд), сабзавот 309,2 ҳазор тонна (8,4 ҳазор тонна зиёд), картошка 278,0 ҳазор тонна (17,3 ҳазор тонна зиёд), мевагиҳо 96,4 ҳазор тонна (62,6 ҳазор тонна зиёд), гўшт 26,8 ҳазор тонна (1,6 ҳазор тонна зиёд), шир 175,3 ҳазор тонна (4,3 ҳазор тонна зиёд), тухм 99,7 млн. дона (ё 1,4 млн. дона зиёд) ва асал 1120,4 тонна ё худ 19,2 тонна зиёд истеҳсол гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО ЁВАРИ ДЕҲҚОН Ба маблағи 4,1 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд