Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расониданд - 17.09.2018 09:50

Дар доираи Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд-2018» озмун гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Ба таваҷҷуҳи сокинони вилояти Суғд, бахусус тарроҳону дӯзандагон расонида мешавад, ки бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, инчунин бахшида ба «Соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тибқи қарори Раиси вилоят аз 24-уми августи соли 2018, №368 «Дар бораи баргузории Фестивали вилоятии«Атласу адраси Суғд-2018» озмун гузаронида мешавад.

Озмун аз рӯи 4 бахш сурат мегирад:

- Беҳтарин либоси кӯдакона;

- Беҳтарин либоси расмӣ;

- Беҳтарин либоси идона;

- Беҳтарин либоси миллии арӯсию домодӣ.

Либосҳо бояд танҳо аз матои атлас ва адраси ватанӣ омода шуда, ба либосҳои идона, арӯсиву домодӣ вобаста ба минтақаҳои вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Фестивал дар ду давр баргузор гардида, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм дар маркази вилоят гузаронида мешавад.

Инчунин, ҷавондухтарон ва ҷавонписарон барои иштирок дар Фестивал-озмуни вилоятӣ қабул карда мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти иловагӣ тавассути телефонҳои (8 34 22) 4 65 37 ва (8 34 22) 4 68 50 ба Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят муроҷиат намоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО Эълонҳо Дар доираи Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд-2018» озмун гузаронида мешавад