Хабарҳо
Боз як дуруғи наҳзатиҳои ифротӣ вобаста ба сохтмони НОБ-и Роғун - 19.11.2018 20:09
Офтобро бо доман пӯшида намешавад (Ҷавоб ба мақолаи «Воқеият ва худнамоӣ») - 19.11.2018 20:07
С.Никонов: ТЭО ПИВ и философия разрушения - 19.11.2018 20:04
Террорист он и в Африке террорист - 19.11.2018 20:00
Что хочет найти Комитет ООН? - 19.11.2018 19:54
Офтобро бо доман пӯшида намешавад (Ҷавоб ба мақолаи «Воқеият ва худнамоӣ») - 19.11.2018 17:35
Что хочет найти Комитет ООН? - 19.11.2018 10:01
Дар ноҳияи Ашт 10 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 19.11.2018 09:14
Дар ноҳияи Ашт 10 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 19.11.2018 09:13
Эҳсон Ёқубов, намоде аз қаҳрамонӣ - 18.11.2018 21:29

13 ва 14 апрели соли 2018 Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ баргузор мешавад

( 1 Овоз )

Рӯзҳои 13 ва 14 апрели соли 2018 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва содироткунандагони ватанӣ бо доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони давлатҳои хориҷи дуру наздик Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ баргузор мешавад. Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва содироткунанда, дастгирии рушди савдои берунӣ ва тақвият бахшидан ба равобити хориҷӣ гузаронида мешавад.

Дар ин бора қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд аз 9 марти соли 2018, №78 ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур Кумитаи тадорукот оид ба ташкил ва баргузор намудани анҷумани мазкур таъсис ва вазифадор карда шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабинии мазкур тадбирҳо андешад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО Эълонҳо 13 ва 14 апрели соли 2018 Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ баргузор мешавад