Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Озмуни вилоятии «Ҳикояи беҳтарин» бахшида ба 25-солагии Истиқлолият

( 4 Овоз )
Озмуни вилоятии «Ҳикояи беҳтарин» бахшида ба 25-солагии Истиқлолият

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди адабиёти муосири тоҷик барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар ҷодаи наср озмуни вилоятии «Ҳикояи беҳтарин»-ро эълон мекунад.

Ҳаҷми ҳикояҳо бояд то 8 саҳифаи компутерӣ бо ҳуруфи 14 (дар як саҳифа 28-30 сатр) бошад ва дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ва  маҷаллаи «Паёми Суғд» интишор карда мешавад.

Дар озмун қаламкашони ҷавон (то 30-сола) ширкат варзида, барои онҳо дар интихоби мавзӯъ озодии комил дода мешавад, то дар мавзӯъҳои барояшон мақбул ҳикоя эҷод ва пешниҳод намоянд.

Озмун аз моҳи сентябри соли 2015 оғоз ёфта, моҳи августи соли 2016 дар арафаи ҷашни Истиқлолият ҷамъбаст карда хоҳад шуд.

Барои ғолибони озмуни «Ҳикояи беҳтарин» чунин мукофотҳо пешбинӣ шудааст:

Барои ҷои аввал 2 000 (ду ҳазор) сомонӣ

Барои ҷои дуюм 1 500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ

Барои ҷои сеюм 1000  (як ҳазор) сомонӣ

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО Эълонҳо Озмуни вилоятии «Ҳикояи беҳтарин» бахшида ба 25-солагии Истиқлолият