Хабарҳо
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29

Иштироки Раиси вилоят дар семинари вилоятӣ оид ба масоили кишоварзӣ

( 0 Овоз )

Иштироки Раиси вилоят дар семинарии вилоятӣ оид ба масоили кишоварзӣСанаи 10 сентябр дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вобаста ба баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои наву серҳосил, ҷамъоварии беталафи тиллои сафед ва саривақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ, сарфаи оқилона ва тақсимоти дурусти об, нигаҳдории меваю сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ семинари вилоятӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ширкат варзид.

Нахуст дар бахши амалӣ иштирокдорони семинари мазкур, ки раисони шаҳру навоҳии кишоварзии вилоят, муовинони онҳо, сардорони идораҳои кишоварзии ин минтақаҳоро фарогир буд, аз якчанд заминҳои пахта дидан намуда, бо нашъу намои он бевосита шинос гардиданд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Ҷаббор Расулов» - и ноҳия ба майдони умумии 5 гектар тухмиҳои пахтаи навъҳои серҳосили ояндадори хориҷии дур кишт карда шудааст. Чӣ тавре аён гардид, ҷараёни инкишоф ва ҳосилбандии заминҳои пахта хуб буда, мувофиқи ҳисобу китоби мутахассисон ҳосили интизорӣ аз ҳар гектар на кам аз 35 сентнериро ташкил медиҳад. Ҳар як бехи ниҳоли пахта дорои 35 кӯрак буда, метавон дар чиниши якум ва дуввум 35 - 40 сентнерӣ ҳосил ба даст овард. Роҳбари вилоят  заминҳои пахтаи ин хоҷагиро мавриди назар қарор дода, зикр дошт, ки  тухмиҳои нави хориҷӣ ба иқлими вилоят бисёр мувофиқ буда, онҳо нигоҳубини зиёдатиро талаб намекунад. Таъкид шуд, ки ба он ҳашарот зарар намерасонад ва нарху навояш дар бозори ҷаҳонӣ нисбатан қимматттар мебошад.

- Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оиди истифодаи тухмиҳои серҳосил ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо мо бояд беҳтарин навъи тухмиҳоро ба вилоят ворид сохта, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бамаротиб боло бардорем - таъкид дошт, Раиси вилоят.

Саҳмдорону  деҳқонони ноҳия азм доранд аз ҳар гектар на кам аз 40 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.

Умуман, соли ҷорӣ пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба масоҳати умумии 5056 гектар пунбадона кишт намуда, азм доранд аз ҳар гекатр на кам аз 23 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Имрӯзҳо дар вилоят аллакай чиниши пахта оғоз ёфта, ғунучини тиллои сафед вусъати тоза мегирад. Ин аст, ки дар хоҷагии деҳқонии «Шекровон» Роҳбари вилоят бо як гурӯҳ чинакчиён, ки худ саҳмдорони ҳамин хоҷагӣ мебошанд, мулоқоти гарму самимӣ орост ва ба ҳар яки онҳо тӯҳфаҳои пулии худро тақдим дошт. Таъкид гардид, ки барои ҳар як килограмм пахтаи чидашуда на кам аз 50 дирамӣ маблағ бояд пардохт карда шавад.

Таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ба майдони фаъолият баромадани шумораи зиёди хоҷагиҳои хурди инфиродиву оилавӣ водор месозад, то тақсимоти оқилонаи об ба роҳ монда шавад. Бо ин мақсад дар шаҳру навоҳии вилоят Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ташкил карда шуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмат мерасонад. Вазифаи асосии ин ассотсиатсияҳо тақсимот ва дастрасии саривақтии деҳқонон ба об мебошад. Намунаи фаъолияти Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Чашма - 2014» - и ноҳия пешкаши иштирокдорони семинар гардид. Ин асотсиатсия майдони умумии 1365 гектаррро обёрӣ намуда, бо ин мақсад дар назди замини ҳар як хоҷагии деҳқонӣ дарвоза ва обченкунак насб карда шудааст, ки бо ин васила метавон ҷараёни интиқоли обро назорат намуд ва истифодаи онро ҳисобу китоб кард. Сарвари вилоят  ба хозирин дастур то дар тамоми шахру навоҳии вилоят фаъолияти ассостсиасияхои истифодабарандагои об бо чунин тарз ба роҳ монда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Иштироки Раиси вилоят дар семинарии вилоятӣ оид ба масоили кишоварзӣИштироки Раиси вилоят дар семинарии вилоятӣ оид ба масоили кишоварзӣ



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят Иштироки Раиси вилоят дар семинари вилоятӣ оид ба масоили кишоварзӣ