Хабарҳо
Дар шаҳри Панҷакент бо ҷалби фаъолзанон ҷаласаи корӣ доир гардид - 17.08.2018 08:21
Дар деҳаи Навободи шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ бунёд мегардад - 16.08.2018 13:37
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид - 16.08.2018 13:35
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ: 566 шаҳрванд бо кор таъмин шуданд - 16.08.2018 10:00
Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад - 16.08.2018 09:52
Занону духтарон роҳбариро меомӯзанд - 16.08.2018 09:04
АЁМИДДИН САТТОРОВ дар бораи хиёнаткориҳои ҲНИ (Видео) - 15.08.2018 17:35
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб /АКСҲО/ - 15.08.2018 15:18
Раҷаббой Аҳмадзода: То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 260 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд ва навсозӣ карда мешавад - 15.08.2018 13:45
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58

Дар ноҳияи Спитмаен бунёди толору майдончаҳои варзишӣ идома дорад

( 0 Овоз )

Ба муносибати Рӯзи варзишгарон дар даромадгоҳи варзишгоҳи ба номи Рустам Амакиеви ноҳияи Спитамен ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим варзишгаронро ба ин муносибат табрик намуда, қайд кард, ки ҳамасола санаи 10 август дар қаламрави кишвар Рӯзи варзишгарон ботантана таҷлил карда мешавад.

-Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тасвиб расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, соҳаи варзиш таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол руш намуда, варзишгарони кишвар ба комёбиҳои нав ба нав ноил мешаванд. Дар ин замина варзишгарони ноҳияи Спитамен дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, нуфузу эътибори ноҳияро баланд бардошта, дар арсаи ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Чунончӣ варзишгарони ноҳия танҳо соли равон дар мусобиқаҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок намуда, 218 медал, аз ҷумла 58 адад медали тилло, 77 адад медали нуқра ва 83 адад медали биринҷиро ба даст оварданд, ки қиёс бо солҳои пешин зиёдтар аст, - таъкид намуд раиси ноҳия.

Қайд гардид, ки барои боз ҳам оммавӣ гардонидани варзиш мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки якчанд иншоот варзиширо бунёд ва мавриди истифодабарӣ қарор диҳад.

Айни ҳол бунёди толорҳои варзишӣ дар ҷамоатҳои Навкат, Тағояк ва Истиқлол бомаром идома дошта, сохтмони толорҳои замонавии варзишӣ дар дигар ҷамоатҳо низ ба нақша гирифта шудааст, ки он бешубҳа ба беҳтар шудани рушди варзиш дар ноҳия ва тавоноии маънавию ҷисмонӣ аз овони хурдсолӣ барои иҷрои машқҳои гуногуни варзишӣ омода намудани наврасони ҷавонон мусоидат хоҳад намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Спитмаен бунёди толору майдончаҳои варзишӣ идома дорад