Хабарҳо
Вусъати бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Панҷакент - 12.12.2018 10:39
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба 50 донишҷӯ кӯмакҳои молиявӣ тақдим кард - 12.12.2018 10:37
Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китоби «Мулистони Ҳикмат»-ро дастраси хонандагон намуд - 12.12.2018 10:35
Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологиии шаҳри Хуҷанд соҳиби 4 таҷҳизоти муҳими озмоишӣ шуд - 12.12.2018 10:34
Мулоқоти масъулини Раёсати Хадамоти муҳоҷират бо сокинони шаҳри Гулистон - 12.12.2018 10:32
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42

Суғд: Ба ғолибони озмунии вилоятии “Маҳаллаи беҳтарин” 90 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад

( 0 Овоз )

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои вилоят, ободонӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг, таъриху тамаддуни тоҷикон ва ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят озмуни вилоятии “Маҳаллаи беҳтарин” гузаронида мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 1 августи соли 2018, №319 ба тасвиб расидааст.

Дар рафти мусобиқа нишондиҳандаҳои зерин ба ҳисоб гирифта мешавад:

-корҳои сохтмонӣ;

-мақсаднок истифодабарии қитъаҳои замини ёрирасони ҳудуди маҳалла;

-корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ;

-ҳолати муҳити зист;

-ҳолати боғҳои истироҳатию фароғатӣ;

-вазъи гулзор ва кабудизоркунии пешорӯи ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва марказҳои савдо;

-гулзор намудани пешайвонҳои хонаҳои баландошёна;

-ободонии роҳу кӯчаҳо;

-таъминот бо оби нӯшокӣ.

Натиҷаи мусобиқа то 1 сентябри соли 2018 ҷамъбаст гардида, ба барандагони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ, 30 000 сомонӣ ва 10 000 сомонӣ тақдим карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Ба ғолибони озмунии вилоятии “Маҳаллаи беҳтарин” 90 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад