Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли 2018 - 17.10.2018 16:27
Дирӯз дар маҷлиси фаъолони ВМКБ фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъминоти амният натиҷагирӣ карда шуд - 17.10.2018 09:33
Дар ноҳияи Ашт беш аз 35 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир карда шуд - 17.10.2018 09:20
Спитамен. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт - 17.10.2018 09:02
Конибодом. Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109 фоиз таъмин шуд - 17.10.2018 08:51
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 16.10.2018 22:33
Ифтитоҳи бинои таълимӣ дар қисми низомии 02267-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.10.2018 16:07
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хуҷанд ба 844,1 млн. сомонӣ баробар шуд - 16.10.2018 14:58
Боздиди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” - 16.10.2018 08:41
Яксўябинӣ дар таҳқиқи Бардия Раҳмонӣ - 16.10.2018 06:04

Олими тоҷик соҳиби медали тиллои Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж «LIVRE PARIS-2018» гардид

( 4 Овоз )

Китоби «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо» («Юридические термины и их лингвистические особенности») -и доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия,  асосгузори   юрислингвистикаи тоҷик Туғрал Шокиров бо назардошти муҳимият ва аҳамияти илмию педагогӣ дар Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии  Париж «LIVRE PARIS-2018» соҳиби медали тилло гардид.

Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии  Париж ҳамасола доир гардида,  Туғрал Шокиров аввалин олимест, ки бо чунин ҷоиза сарфароз мегардад.

Тавре академик Туғрал Шокиров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, дар асари мазкур хусусиятҳои истилоҳоти ҳуқуқ аз лиҳози луғавию  маъноӣ ва сохторию мантиқӣ аз замонҳои қадим то имрӯз таҳқиқ шуда, он метавонад ба густариши асосҳои методологии истилоҳшиносии тоҷик мусоидат кунад.

Ба гуфтаи Туғрал Шокиров, асари илмии «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо» аввал дар намоишгоҳи китобҳо, ки сентябри соли 2017 дар Москва ва октябри соли 2017 дар Франкфурти лаби Майн доир шуда буданд, соҳиби ҷоиза гардида, сипас ба Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии  Париж роҳ ёфт.

«Маросими ҷоизасупорӣ 15 марти соли равон баргузор гардид, мутаассифона, ман дар он иштирок надоштам. Рӯзҳои наздик ният дорам, ки барои гирифтани медали тилло ва диплом ба шаҳри Париж сафар намоям. «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо» китоби 24-уми ман буда, бо забони русӣ таълиф гардидааст. Ният дорам, ки онро то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  ба забони тоҷикӣ баргардон кунам»,-гуфт академик.

Мавриди зикр аст, ки дар давраи  соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби олимони соҳаи забоншиносӣ таҳияи луғатҳои истилоҳотӣ ва соҳавии гуногунҳаҷм, асарҳои илмию тадқиқотӣ, китобҳои дарсӣ бо сабки нав бар пояи дастовардҳои навини  илмӣ  ба рушди илми забоншиносии тоҷик замина гузоштанд.

Академик Туғрал Шокиров аз зумраи олимонест, ки асарҳояш асосан ба масъалаҳои забон, адабиёт, таърих, сиёсатшиносӣ, маданиятшиносӣ, услубшиносӣ, истилоҳоту луғатшиносӣ, аломатҳои китобати забони тоҷикӣ бахшида шуда, соҳиби чандин ҷоизаву дипломҳо гардидааст. Ҳамзамон мавсуф асосгузори   юрислингвистикаи тоҷик буда, роҷеъ ба юрислингвистика ва лингвоюристика тадқиқоти арзишманд анҷом додааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Олими тоҷик соҳиби медали тиллои Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж «LIVRE PARIS-2018» гардид