Хабарҳо
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Суғд - 20.08.2018 16:58
Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди Қурбон - 20.08.2018 09:41
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Самарқанд - 20.08.2018 09:38
Зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов - 20.08.2018 09:36
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон - 20.08.2018 09:21
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов - 18.08.2018 17:05
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов - 18.08.2018 16:59
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат - 18.08.2018 07:14
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» - 18.08.2018 07:13
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 18.08.2018 07:08

Ҷадвали имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тасдиқ гардид

( 1 Овоз )

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даврҳои асосӣ ва иловагӣ) – қисмҳои А (имтиҳони умумӣ), Б (имтиҳони ихтисос), В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2018 тасдиқ намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд гардидааст. Инчунин маълумоти мазкур барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродияш дастрас аст. Раванди фиристодани даъватномаҳо ба довталабон тибқи макони нишондодаашон дар вақти бақайдгирӣ ва ҷойгир кардани нусхаи электронии онҳо дар кабинетҳои инфиродии довталабон аллакай оғоз гардид.

Довталаб бояд даъватномаашро аз ҷойе, ки онро дар вақти бақайдгирӣ нишон додааст, дастрас кунад. Дар ҳолати дастрас нагардидани даъватнома ва ё гум шудани он довталаб нусхаи электронии даъватномаашро аз кабинети инфиродиаш сабт ва чоп карда метавонад.

Гуфта мешавад, ки ҷадвалҳои баргузории имтиҳонҳо (даврҳои асосӣ ва иловагӣ) – қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) бо назардошти ворид гардидани кори хаттӣ (эссе) ба низоми ИМД муқаррар гардидаанд.

Бояд гуфт, ки имсол довталабоне, ки гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм (филология, педагогика ва санъат)‑ро интихоб кардаанд, дар баробари қисмҳои А ва Б бояд кори хаттӣ (эссе) нависанд, ки барои он як рӯзи алоҳида (4 июл) ҷудо гардидааст.

Вобаста ба ин, довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юмро интихобкарда 3 июл қисми А-ро супорида, рӯзи 4 июл кори хаттӣ (эссе) менависанд. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ)-ро интихобкарда қисми А-ро 5 июл месупоранд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷадвали имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тасдиқ гардид