Хабарҳо
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Суғд - 20.08.2018 16:58
Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди Қурбон - 20.08.2018 09:41
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Самарқанд - 20.08.2018 09:38
Зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов - 20.08.2018 09:36
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон - 20.08.2018 09:21
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов - 18.08.2018 17:05
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов - 18.08.2018 16:59
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат - 18.08.2018 07:14
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» - 18.08.2018 07:13
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 18.08.2018 07:08

Дастаи вилояти Суғд дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи аввал гардид

( 0 Овоз )

Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони синфҳои 5-8, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, 58 нафар хонандагони мактабҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Тавре аз Раёсати маорифи вилоят иттилоъ доданд, хонандагони мактабҳои вилоят дар олимпиада маҳорати баланд нишон дода, 39 нафари онҳо соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гардиданд ва ҳамин тариқ дастаи вилояти Суғд соҳиби ҷойи аввал гардид.

Дирӯз ғолибони Олимпиада аз шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд баргаштанд. Ғолибонро дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода, муҳассилини макотиби миёна, омӯзгорон ва волидайн самимона пешвоз гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дастаи вилояти Суғд дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи аввал гардид