Хабарҳо
Бозии миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Динамо" бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид - 21.04.2018 12:34
Дар Самарқанд ҳайати намояндагони вилояти Суғдро гарму самимӣ истиқбол намуданд - 21.04.2018 08:06
Ятимон дар нимароҳ намемонанд - 21.04.2018 08:00
Идомаи боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят - 20.04.2018 14:10
Аз 20 то 22 апрел Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад - 20.04.2018 11:19
Рӯзи ягонаи ахбор: «Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа» - 20.04.2018 09:18
Баргузории даври вилоятии Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ - 20.04.2018 09:16
Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 20.04.2018 09:14
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии “Пунук” ва “Меҳробод” дар ноҳияи Ашт - 20.04.2018 09:12
Истаравшан. Дар шаш корхонаи хурди истеҳсолии навтаъсис наздик 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд - 19.04.2018 14:07

«Садриддин Айнӣ - мутафаккир, маорифпарвар ва олими барҷаста» - баргузории конференсияи илмӣ дар ДДҲБСТ

( 0 Овоз )

Бахшида ба 140 - солагии  поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони «Садриддин Айнӣ - мутафаккир, маорифпарвар ва олими барҷаста» бо иштироки васеи олимону донишҷӯён баргузор гардид.

Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия Нуъмонҷон Ғаффоров оғоз бахшида, иброз дошт, ки сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Айнӣ чун асосгузори адабиёти реалистии тоҷик шинохта шудааст. Ҳамзамон зикр намуд, ки гуманизми Айнӣ – гуманизми фаъол, мубориз, ҳаётҷўёна ва инқилобӣ буда, ӯ ба ҳимояти башарият ва мудофиаи мардуми ранҷбар аз зулму истисмор далерона мубориза бурд ва бо асарҳои бадеӣ, таърихӣ ва публитсистии худ роҳи наҷот ва озодии онҳоро нишон дод.

Тибқи барнома мудири кафедраи забони тоҷикӣ Аслам Каримов дар мавзӯи «Партаве дар ҷаҳони маърифат», профессор Туғрал Шокиров таҳти унвони «Асилвожаҳои тоҷикӣ дар «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ» ва сармуаллими кафедраи забони тоҷикӣ Абдухолиқ Мирниёзов бобати шарҳи мусбати замон дар «Ҷаллодони Бухоро» маърӯза намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Садриддин Айнӣ - мутафаккир, маорифпарвар ва олими барҷаста» - баргузории конференсияи илмӣ дар ДДҲБСТ