Хабарҳо
Дар Хуҷанд доир ба ҳамкории муассисаҳои таълимӣ конфронси байналмилалӣ доир гардид - 22.06.2018 08:32
Ҳамдардии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вафоти академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми таърих Раҳим Масов - 21.06.2018 20:24
Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ оғоз ёфт - 21.06.2018 14:40
Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Гулистон - 21.06.2018 11:47
Озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» гузаронида мешавад - 21.06.2018 08:53
Ғолибияти хонандагони вилояти Суғд дар озмуни «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» - 21.06.2018 08:41
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 20.06.2018 16:48
Дар Истаравшан корхонаи коркарди шир ба истифода дода шуд - 20.06.2018 16:45
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” - 20.06.2018 13:16
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - 20.06.2018 13:13

Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Хуҷанд

( 1 Овоз )

Имрӯз дар театри мазҳака-мусиқии Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.

Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Хуршед Сатторзода номаи шодбошии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояи Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи бонувон расонид, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Дар ҳақиқат, Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастист. Зан – модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрист. Маҳз Модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву некӯкориро мекорад, то насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад».

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни ироаи табрикоти хеш таъкид дошт, ки «Иди Модарон баробари оғози эҳёи табиат - фасли баҳор фаро мерасад, ки мардумро ба ибтидои пешомадҳои нав, нақшаву тадбирҳои тоза ва дар маҷмӯъ ба ободониву созандагӣ ҳидоят менамояд. Ҳамасола 8-уми март дар саросари кишвари ҳамеша-баҳори мо ҳамчун Рӯзи модар васеъ ва бошукӯҳи хос, ба хотири арҷгузорӣ ба бузургии Зан-Модар таҷлил мегардад. Ин иқдом, яъне ҷашни Рӯзи Модар аз хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ ва қадршиносии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин олиҳаи зиндагӣ мебошад.

Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин гуфт, ки мулоқоти дирӯзаи иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо бонувону занони фаъол шаҳодати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷгузорӣ ба фаъолияти пурсамари модарону хоҳарони мо дар арсаи меҳнат мебошад.

Сипас ба ғолибони озмуни “Суруди алла” - намояндагони маҳаллаи “Масҷиди савр” (ҷойи аввал), маҳаллаи “Раззоқ” ҷойи дуюм ва маҳаллаи “Чорчароғ” (ҷойи сеюм) сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Барномаи фарҳангӣ-адабии пурмуҳтаво табъи ҳозиринро болида намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Хуҷанд