Хабарҳо
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарони шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12
«Национальный Альянс» так называемой Таджикской оппозиции создан для войны. так считает политолог, доктор философских наук Рустам Хайдаров - 21.09.2018 22:18
Машқҳои муштараки ҳарбии зиддитеррористӣ ҷамъбаст гардид - 21.09.2018 15:43
Вокуниш ба суханронии Нуриддин Ризоӣ дар нишасти САҲА - 21.09.2018 11:19
Занталоқи Кабирӣ ва паёмадҳои он ба мардуми Аврупо ва Осиё (Видео) - 21.09.2018 11:17
АСОСИ БАҚО ВА МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ - 21.09.2018 10:06
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов ба вилояти Суғд ташриф овард - 21.09.2018 09:10
85-умин мавсими ҳунарнамоии театр бо пешниҳоди намоишномаи «Исёни арӯсон» оғоз ёфт - 20.09.2018 15:35
Оғози бунёди нуҳ корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе - 20.09.2018 14:35
Дар Мастчоҳ даври ноҳиявии Фестивал - озмуни вилоятии “Атласу адраси Суғд - 2018” доир шуд - 20.09.2018 11:49

Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон

( 0 Овоз )

7 март дар қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид. Нахуст иштирокдорони чорабинӣ аз растаи ҳунарҳои миллӣ ва маҳсули дастранҷи занону модарон ва аҳли ҳунари шаҳр, ки ба намоиш гузошта шуда буд, боздид намуданд.

Сипас, аз ҷониби мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода номаи табрикии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода занону бонувони шаҳрро ба ифтихори Рӯзи Модар таҳният гуфта, аз дастгирии давлатии занону бонувон ёдовар шуд. Қайд гардид, ки қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Стратегия ва Барномаҳои миллӣ дар самти тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон, баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа намунаи равшани дастгириҳои занону бонувон маҳсуб меёбад.

Дар фазои тантанавӣ, ба як қатор бонувону занони барӯманд, кормандони соҳаҳои мухталиф Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

Дар охир барномаи рангини ҳунарӣ бо иштироки сарояндагони маъруфи вилоят ва шаҳр манзури иштирокдорон гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон