Хабарҳо
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарони шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12
«Национальный Альянс» так называемой Таджикской оппозиции создан для войны. так считает политолог, доктор философских наук Рустам Хайдаров - 21.09.2018 22:18
Машқҳои муштараки ҳарбии зиддитеррористӣ ҷамъбаст гардид - 21.09.2018 15:43
Вокуниш ба суханронии Нуриддин Ризоӣ дар нишасти САҲА - 21.09.2018 11:19
Занталоқи Кабирӣ ва паёмадҳои он ба мардуми Аврупо ва Осиё (Видео) - 21.09.2018 11:17
АСОСИ БАҚО ВА МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ - 21.09.2018 10:06
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов ба вилояти Суғд ташриф овард - 21.09.2018 09:10
85-умин мавсими ҳунарнамоии театр бо пешниҳоди намоишномаи «Исёни арӯсон» оғоз ёфт - 20.09.2018 15:35
Оғози бунёди нуҳ корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе - 20.09.2018 14:35
Дар Мастчоҳ даври ноҳиявии Фестивал - озмуни вилоятии “Атласу адраси Суғд - 2018” доир шуд - 20.09.2018 11:49

Спитамен. Беш аз 800 хонавода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд

( 0 Овоз )

Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен маросими баимзорасонии меморандуми якдигарфаҳмӣ оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва намояндагии «Котиботи байналхалқии захираҳои об» дар Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаи «Таъминоти деҳот бо оби нӯшокӣ ва санитария, водии Фарғона, Тоҷикистон» баргузор шуд.

Дар ҷамъомад роҳбарияти ноҳия ва роҳбари татбиқи лоиҳа Оливер Норманд, сармуҳандиси татбиқи лоиҳа Друва Мани Паудел, роҳбари миллии лоиҳа Махфират Абдуллоева, ҳамоҳангсози лоиҳа Роҳбар Ҳомидова, муҳандиси лоиҳа Акмал Акбаров ва ассистенти татбиқи лоиҳа Аминҷон Абдуллоев иштирок намуданд.

Аз ҷониби раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим ва роҳбари татбиқи лоиҳа Оливер Норманд меморандуми якдигарфаҳмӣ оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва намояндагии «Котиботи байналхалқии захираҳои об» дар Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаи «Таъминоти деҳот бо оби нӯшокӣ ва санитария, водии Фарғона, Тоҷикистон» ба имзо расид.

Баъдан сармуҳандиси татбиқи лоиҳа Друва Мани Паудел, роҳбари миллии лоиҳа Махфират Абдуллоева ва ҳамоҳангсози лоиҳа Роҳбар Ҳомидова лоиҳаро ба иштирокчиён муаррифӣ намуданд.

Қайд гардид, ки бо маблағузорӣ аз ҷониби намояндагии «Котиботи байналхалқии захираҳои об» дар Тоҷикистон ҳиссагузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва сокинони Ҷамоати деҳоти Куруш зиёда аз 4 ҳазор нафар аҳолӣ ё ин 800 хонавода то охири соли ҷорӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Спитамен. Беш аз 800 хонавода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд