Хабарҳо
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарони шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12
«Национальный Альянс» так называемой Таджикской оппозиции создан для войны. так считает политолог, доктор философских наук Рустам Хайдаров - 21.09.2018 22:18
Машқҳои муштараки ҳарбии зиддитеррористӣ ҷамъбаст гардид - 21.09.2018 15:43
Вокуниш ба суханронии Нуриддин Ризоӣ дар нишасти САҲА - 21.09.2018 11:19
Занталоқи Кабирӣ ва паёмадҳои он ба мардуми Аврупо ва Осиё (Видео) - 21.09.2018 11:17
АСОСИ БАҚО ВА МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ - 21.09.2018 10:06
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов ба вилояти Суғд ташриф овард - 21.09.2018 09:10
85-умин мавсими ҳунарнамоии театр бо пешниҳоди намоишномаи «Исёни арӯсон» оғоз ёфт - 20.09.2018 15:35
Оғози бунёди нуҳ корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе - 20.09.2018 14:35
Дар Мастчоҳ даври ноҳиявии Фестивал - озмуни вилоятии “Атласу адраси Суғд - 2018” доир шуд - 20.09.2018 11:49

Гузаргоҳии сарҳадии “Равот” низ расман кушода шуд

( 0 Овоз )

Видео :Гузаргоҳии сарҳадии “Равот” низ расман кушода шуд Нимаи дуюми рӯзи 1 март дар вазъияти тантанавӣ гузаргоҳии сарҳадии “Равот” низ расман кушода шуд.

Дар маросими кушодашавии гузаргоҳ раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ ва Раиси вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев, инчунин теъдоди зиёди сокинони ҳар ду тараф иштирок намуданд.

Раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев зимни суханронии худ изҳор дошт, ки бо боз шудани гузаргоҳи сарҳадӣ робитаҳои тарафайн густариш ёфта, халқҳои тоҷику ӯзбек дар анъанаи деринаи ҳамсоядориро идома медиҳанд.

Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ бозшавии гузаргоҳро воқеаи таърихӣ унвон карда, таъкид намуд, ки муносибатҳои ду кишвари дӯст боз ҳам қавитар хоҳад шуд.

Хотирнишон бояд кард, ки нимаи аввали рӯзи 1 март бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва намояндагони вилоятҳои ҳаммарзи Ӯзбекистон гузаргоҳҳои сарҳадии “Саразм-Ҷартепа”, ”Уротеппа-Кушкент”, “Зафаробод-Хавостобод”, “Хавотоғ-Учтурғон”, “Ҳаштияк - Бекобод” ва “Навбунёд-Поп” расман боз гардид буд. Ҳамин тариқ рӯзи 1 марти соли равон 7 гузаргоҳи сарҳадии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон боз гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Гузаргоҳии сарҳадии “Равот” низ расман кушода шуд