Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.09.2018 15:56
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2018 15:59
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03

Гузаргоҳи сарҳадии “Уротеппа - Кушкент” расман ба фаъолият оғоз намуд

( 2 Овоз )

Имрӯз бо иштироки намояндагони Мақомотҳои иҷроияи ҳокимяти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарияти шаҳри Истаравшану ноҳияи Янгиобод ва сокинони касбу кори гуногун гузаргоҳи сарҳадии “Уротеппа - Кушкент” расман ба фаъолият оғоз намуд.

Бояд қайд намуд, ки бо сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дубора гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Зимни суханронии хеш намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фирдавс Шарифзода иброз дошт, ки Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳои байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар оянда ба сатҳу сифати нав расондани ин равобит, ки дар маркази таваҷҷуҳи Сарони ду давлати дӯсту бародар қарор доранд, талош ба харҷ хоҳад дод.

Сипас муовини раиси вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эштемир Исматов дар назди ҳозирин ба сухан баромада, изҳои умед намуд, ки дар оянда низ ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ  густариш ёфта, дӯстиву муттаҳидии миллати тоҷику ӯзбек боз ҳам қавитар мегардад. Дар охири чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудани санъаткорони ҳарду кишвари дӯсту ҳамсоя пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Гузаргоҳи сарҳадии “Уротеппа - Кушкент” расман ба фаъолият оғоз намуд