Хабарҳо
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29
Ифтитоҳи бинои озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва қаҳвахонаи "Шоҳона" дар Хуҷанд - 20.03.2019 21:23
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Гулистон - 20.03.2019 21:15
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак - 20.03.2019 18:03
Оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» - 20.03.2019 13:30
Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз ёфт - 20.03.2019 13:51
Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак - 20.03.2019 13:48
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак - 20.03.2019 13:45

Соли равон дар Исфара 100 гектар боғи нав бунёд мешавад

( 0 Овоз )

Соли равон дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара дар 100 гектар боғи нав бунёд ва дар масоҳати 200 гектар боғҳом куҳнаю бесамар аз нав барқарор карда мешаванд. Дар ин бора зимни ҷаласаи машваратии назди раиси шаҳр иттилоъ дода шуд.

Бино ба иттилои Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдори Исфара раиси шаҳр дар раванди ҷаласаи машваратӣ аз ҷараёни корҳои саҳроӣ, омодасозии заминҳо барои кишти баҳорӣ ва рафти мавсими ниҳолшинонӣ изҳори нигаронӣ карда, масъулинро барои чораҷӯӣ ва дар муҳлати камтарин ба анҷом расонидани яхобмонӣ ва шӯршӯии заминҳо, муташаккилонаю босамар гузаронидани мавсими ниҳолшинонӣ ва киштукори баҳорӣ, омодасозии шабакаҳои обрасонӣ, тоза намудани каналу ҷӯйборҳо, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии чорвордорӣ ва таъмини рушди соҳаи паррандапарварӣ вазифадор намуд.

Дар рафти ҷаласаи машваратии назди раиси шаҳр ҳамчунон дигар масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Соли равон дар Исфара 100 гектар боғи нав бунёд мешавад