Хабарҳо
Имсол як қатор нишстҳои маҳфили “Ганҷи сухан” дар деҳоти вилоят доир мешавад - 17.01.2019 10:34
Қарори Раиси вилояти Суғд Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба маъюбони Артиши Шӯравӣ - 17.01.2019 09:56
Баргузории мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Сарвари давлат дар шаҳри Бӯстон - 17.01.2019 09:35
Иран может повторить судьбу ливийского лидера Каддафи - 16.01.2019 17:19
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41
Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 16.01.2019 14:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао - 15.01.2019 16:26
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 16.01.2019 10:29
Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд - 15.01.2019 16:22
Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан - 15.01.2019 16:24

Дар озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» 3000 хонандагон иштирок намуданд

( 1 Овоз )

Бо мақсади ҷалб намудани ҷавонон ва наврасон ба китобхонӣ, баланд  намудани маҳорат ва малакаи эҷодкорӣ, ғанӣ гардонидани тафаккури онҳо, бахшида ба эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» баргузор шуд.

Ба иттилои Фирдавс Ашӯрматов – директори маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар озмуни мазкур 22 нафар хонандагон- ғолибони даври минтақавии озмун аз 17 шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд. Мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро хонандаи синфи 10, МТМУ 12-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Саиднабиева Мунзифа соҳиб шуд. Зинаҳои баъдиро Давронов Рамшед, хонандаи синфи 11, МТМУ №2-и шаҳри Гулистон ва  Убайдуллоева Сайҳона, хонадаи  синфи 9, Гимназияи №5- и ноҳияи Ашт ишғол намуданд.

Ғолибони озмун бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Қобили таъкид аст, ки дар даври минтақавӣ ва вилоятии озмун наздик 3000 хонандагон фаъолона иштирок намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» 3000 хонандагон иштирок намуданд