Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Конибодом

( 1 Овоз )

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2017 маҷлиси фаъолон баргузор гардид.

Дар маҷлиси фаъолон, ки бо иштироки сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳаким Ҳакимзода доир шуд, Илҳом Ҳомидӣ, муовини раиси шаҳр доир ба бурду бохти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр давоми соли сипаригашта гузориш дод. Бино ба иттилои Илҳом Ҳомидӣ  соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 95,9 фоиз, андози иҷтимоӣ 93,3 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,6 фоиз таъмин гардид. Аз 12 намуди сарчашмаи андозҳо (бо андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) иҷроиши 9 намуди андозҳо таъмин карда шуд. Аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи 3 намуди андоз ба буҷет 4 млн. 837 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Соли 2017 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 193 млн. 849 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш 150,3 фоиз ва нисбати уҳдадории қабулшуда 3 млн. 849 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзон ба маблағи 331 миллиону 369 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Соли гузашта ҳамзамон аз ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ сохтмони 21 адад иншооти таъиноташон гуногун ба маблағи 7 миллиону 314 ҳазор сомонӣ ва таъмири 10 адад бино ва иншооти маданию фарҳангӣ ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуд.

Сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳаким Ҳакимзода зимни суҳбат бо фаъолони шаҳр доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят иттилоъ дод. Мавсуф аз фаъолони шаҳр даъват ба амал овард, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои алоҳидаи шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиёти мардум саъю кӯшиш намоянд.

Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ дар фароварди маҷлиси фаъолон таваҷҷуҳи ҳозиринро баҳри иҷрои нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷалб намуда, ба масъулин дастур дод, ки барои соҳиб шудан ба нишондиҳандаҳои назаррас дар соли ҷорӣ аз тамоми имконот ва сарчашмаҳо истифода намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Конибодом